ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ХИРАДМАНДОН»-И ҲХДТ ДАР АМИТ
Имрӯз, 6 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва ҷамъбаст қарор гирифтанд.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбари сиёсии кишвар дар татбиқи сиёсати созанда, таҳкими давлатдорӣ, рушди илму маориф ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» неруи бузурги илмии мамлакатро муттаҳид намуда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии зертобеъ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баргузор намуда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми назаррас гузошт.
Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 фоиз зиёд гардида, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба зиёда аз 300 нафар кормандону ниёзмандон кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Дар ҳисоботи пешниҳодшуда ҳамчунин ба масъалаи таҳкими сафи ҳизб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки имрӯз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» 510 нафар аъзо дорад, ки аз онҳо 200 нафарро занон ташкил медиҳанд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 90 нафар аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки ин аз болоравии эътимод ба ҳадафҳо ва барномаҳои ҳизб шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва гендерии Пешвои миллат баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷалби онҳо ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда тадбирҳои мунтазамро амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар фарҷоми маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар нимсолаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои иҷрои вазифаҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Ҳамзамон як зумра аз аъзоёни фаъоли ҳизб бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардонида шуданд.