Skip to main content

ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 6 июл дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави муосир ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои фаъолияти олимону муҳаққиқон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар кори машварат роҳбарият, масъулини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, масъулони воҳидҳои сохторӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори илмӣ, муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки таҳти сиёсати дурбинона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми ватанӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар тадбирҳои муассир амалӣ гардида, барои фаъолияти босамари олимону муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қайд гардид, ки маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти кишвар имкон дод, ки солҳои охир дар назди муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои нави муосир таъсис ёфта, онҳо бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин гарданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, рушди фаъолияти инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши калидӣ дорад.

Дар идомаи машварат масъалаҳои вобаста ба таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмӣ, таҷдиду навсозии озмоишгоҳҳои амалкунанда, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири илмӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки таҷҳизоти мавҷуда, омода намудани мутахассисони соҳавӣ барои кор бо дастгоҳҳои нав, инчунин ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои ватанию хориҷӣ мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ба роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҷиҳати омӯзиши мунтазами талаботи замон, пешниҳоди лоиҳаҳои нав барои таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ва вусъат бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки таҳкими минбаъдаи заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир ва муҳайё намудани шароити арзандаи фаъолияти олимону муҳаққиқон яке аз вазифаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, татбиқи пайгиронаи ин тадбирҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии илми тоҷик, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва саҳмгузории муассисаҳои илмӣ дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст