РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
31 августи соли 2026 дар таърихи дипломатияи Тоҷикистон ва рушди қонунгузории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ як саҳифаи нав кушода шуд. Дар ин рӯз, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он, аз соли 2027 ба баъд, ҳар сол 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.
Ин воқеа на танҳо як дастоварди дигари сиёсати хориҷии кишвар ва идомаи мантиқии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, балки дар сатҳи илмию ҳуқуқӣ ҳодисаест, ки метавонад ҳамчун нуқтаи оғози ташаккули чаҳорчӯбаи нави ҳуқуқии байналмилалӣ дар танзими зеҳни сунъӣ амал намояд.
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби қатънома, интихоби бисёр бомаънии сана — 31 август мебошад. Тибқи маълумоти расмии нашршуда, ин сана тасодуфӣ интихоб нашудааст; он алоқамандии амиқи таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут пешниҳод карда шуд, ки он дар ҷаҳони илм ҳамчун таваллуди расмии зеҳни сунъӣ ҳамчун як самти мустақили илмӣ ва пайдоиши худи истилоҳи "зиҳни сунъӣ" эътироф карда мешавад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, муайян намудани чунин рӯз барои баланд бардоштани мақоми ин масъала дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои идоракунии зеҳни сунъӣ, ки имрӯз яке аз авлавиятҳои стратегии аксари давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад, аҳамияти калон дорад. Эълон гардидани чунин рӯз, тибқи амалияи СММ воситаи муҳими ташаккули афкори умумӣ ва ташвиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Қабули ин қатънома нахустин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ нест. Он идомаи мантиқии сиёсати пайгиронаи кишвар дар самти тарғиби технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Пеш аз ин, 25 июли соли 2025, Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаеро оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда буд. Ин ду қатънома як силсилаи мантиқиро ташкил медиҳанд, ки мавқеи фаъоли Тоҷикистонро ҳамчун як субъекти масъули муносибатҳои байналмилалӣ ва пешвои минтақа дар баррасии масъалаҳои рақамисозӣ ва бехатарии технологӣ тасдиқ менамояд.
Ташаббусҳои мазкур бевосита ба Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 тасдиқ шудааст, пайванд мехӯранд. Ҳадафи ин стратегия саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта мебошад, ки он дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии сулҳ ва рушди устувор, аз қабили Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036), ҳамоҳанг аст.
Аз нигоҳи назарияи ҳуқуқи байналмилалӣ, қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ сарфи назар аз он ки мавзӯи табиати машваратӣ доранд ва санадҳои ҳатмии ҳуқуқӣ нестанд, вале дорои қурби калони сиёсӣ ва ахлоқӣ мебошанд. Онҳо ба ташаккули қонунҳои нарми байналмилалӣ мусоидат менамоянд, ки минбаъд метавонад ба таҳияи конвенсияҳои умумӣ ва санадҳои ҳатмӣ замина гузорад .
Дар ин замина, қатъномаи мазкур якчанд вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад:
1. Эътирофи расмии масъала, яъне он ба ташаккули эътирофи умумиҷаҳонии зарурати рушди зеҳни сунъӣ дар чаҳорчӯбаи бехатарӣ ва эътимод мусоидат мекунад.
2. Фароҳам овардани платформа, яъне эълони Рӯзи байналмилалӣ як платформаи солонаи ҷаҳониро барои мубодилаи таҷриба, ҳамкории байни давлатҳо ва ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор (сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ) фароҳам меорад.
3. Даъват ба амал, яъне қатънома аз институтҳои махсуси СММ (Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, ЮНЕСКО, Бонки технологияҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ғ.) даъват менамояд, ки дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба давлатҳои аъзо кумак расонанд. Ин барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба технологияҳои пешрафта дастрасии маҳдуд доранд, имконияти калон фароҳам меорад.
Санаи 31 август на танҳо як санаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нав дар танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ мебошад. Дар шароите ки аксари давлатҳо барои таҳияи қонунгузории дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ дар ин соҳа кӯшиш менамоянд, мавҷудияти чунин рӯз метавонад ба як муҳарик барои муттаҳидсозии кӯшишҳо ва эҷоди стандартҳои умумӣ табдил шавад.
Ба ибораи дигар, ин ташаббус метавонад ба омили муҳими ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, интиқоли технология ва рушди кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои худи Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Муваффақияти Тоҷикистон дар ин самт аз омилҳои гуногун, аз ҷумла шаффофият, ҳамкории байнисоҳавӣ ва татбиқи самараноки қонунгузории дохилӣ вобаста хоҳад буд.
Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ натиҷаи мақсадноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифодаи дастгирии ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин воқеа аз мавқеи фаъоли кишвар дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ шаҳодат медиҳад.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ эълони ин рӯз қадами муҳим дар самти эҷоди як низоми ҳуқуқӣ ва ахлоқии ягона барои рушди зеҳни сунъӣ ба шумор меравад. Он ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии тамоми инсоният равона шудааст. Ҳоло вазифаи муҳим пеш назари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пешсаф дар ин раванд, истода, ки ин ташаббуси бузургро ба амалҳои воқеӣ ва санадҳои ҳатмии ҳуқуқӣ табдил диҳанд, то ки зеҳни сунъӣ дар хидмати сулҳ, субот ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.
Дар робита ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, ки 31 август бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, тавсияҳои назариявӣ ва амалиро барои сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ пешниҳод менамоем:
I. Тавсияҳои назариявӣ (барои фаҳмиши ҳуқуқӣ)
1. Дар сатҳи ҷаҳонӣ зарурати такмили "Ҳуқуқи нарм" ва гузариш ба стандартҳои ҳатмӣ пеш омадааст. Барои пешрафти самаранок кишварҳо бояд ба самти табдили ин принсипҳо ба санадҳои ҳатмӣ, ба монанди конвенсияҳои байналмилалӣ ҳаракат кунанд. Ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт метавонад ба муттаҳидсозии стандартҳо ва коҳиши парокандагии қонунгузорӣ дар кишварҳои гуногун мусоидат намояд.
2. Дар сатҳи миллӣ эҷоди низоми ҳуқуқӣ дар асоси принсипҳои байналмилалӣ зарур аст. Тоҷикистон бо қабули "Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" ва нақшаи чорабиниҳои он, заминаи муҳими ҳуқуқиро фароҳам овардааст . Ҳоло зарур аст, ки ин стратегия ба сатҳи қонунгузорӣ, аз ҷумла таҳия ва қабули санади махсус "Дар бораи зеҳни сунъӣ" табдил дода шавад. Ин қонун бояд ба принсипҳои асосии байналмилалӣ, аз қабили шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар асноди пешқадами ҷаҳонӣ дарҷ шудааст, асос ёбад.
3. Яке аз нуктаҳои муҳим дар сиёсати зеҳни сунъӣ чаҳорчӯбаи ҳуқуқи инсон мебошад. Конститутисияи Тоҷикистон низ эътироф мекунад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад. Ҳангоми татбиқи зеҳни сунъӣ пешгирӣ аз табъиз, ҳифзи махфияти маълумот ва таъмини имкони назорати инсонӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирад.
II. Тавсияҳои амалӣ (барои таҷлил ва татбиқ)
1. Дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсиси платформаи солона ва барномаҳои тақвияти иқтидор ба мақсад мувофиқ аст. Эълони ин рӯз як платформаи солонаи ҷаҳониро барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ фароҳам меорад. Барои пурра амалӣ шудани он, пешниҳод карда мешавад, ки ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ - конфронсҳо, семинарҳо ва мизи мудаввар бо иштироки ҳуқуқшиносон, муҳандисон, сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардад; ба барномаҳои муштараки тақвияти иқтидор, мисли барномаи муштараки ITU-UNESCO, ки ба баланд бардоштани дониш ва малакаи кормандони давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ равона шудааст, сармоягузорӣ шавад.
2. Дар сатҳи миллӣ қабули Барномаҳои амалӣ барои солҳои 2027-2029 зарур аст. Бо назардошти ин, ки аввалин таҷлили ин рӯз дар соли 2027 баргузор мешавад, бояд нақшаи амал барои се соли аввал таҳия карда шавад:
- таҳия ва ҷорӣ намудани реестри давлатии низомҳои зеҳни сунъӣ. Шаффофият дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахши давлатӣ бояд тавассути эҷоди реестри оммавӣ, ки дар он ном, мақсад ва таъсири ҳар як низоми истифодашаванда сабт мегардад, таъмин карда шавад.
- таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бояд ҳамчун як маркази координатсионӣ барои ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи тадқиқот, табодули таҷриба ва таҳияи барномаҳои таълимӣ ба кор оғоз намояд.
- Ташкили маъракаи "Маърифати рақамӣ барои ҳама". Барои таҷлили самараноки ин рӯз, дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва байни кормандони давлатӣ барномаҳои баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ташкил карда шаванд.
3. Дар Тоҷикистон аллакай "Боғи технологияи иттилотӣ" (IT Park) ҳамчун маркази рушди стартапҳо ва ширкатҳои технологӣ фаъолият мекунад. Ин рӯз метавонад ҳамчун платформае барои ҷоизасупорӣ ба беҳтарин стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки стандартҳои бехатарӣ ва ахлоқро риоя кардаанд, табдил ёбад. Ҳукумат бояд бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ ва дастгирии ҳуқуқӣ, ширкатҳоро ба рушди маҳсулоти хиёнатнопазир ва инклюзивӣ ҳавасманд гардонад.
4. Таҷлили чунин рӯз набояд танҳо ба чорабиниҳои расмӣ маҳдуд гардад. Баргузории музокироти оммавӣ, пурсишҳои афкори умумӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо барои гузаронидани тадқиқот дар бораи таъсири зеҳни сунъӣ ба ҷомеа, метавонад эътимоди мардумро ба ин технология афзоиш диҳад ва дар қонунгузорӣ ба назар гирифтани ниёзҳои воқеии ҷомеаро таъмин намояд.
Хулоса, ташаббуси муваффақи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид метавонад ба нуқтаи оғози ҳаракати нав дар танзими байналмилалӣ ва миллӣ табдил ёбад. Вале ин ташаббус танҳо вақте самараи дилхоҳ хоҳад дод, ки он бо амалҳои мушаххас, қонунгузории мукаммал ва ҳамкории васеи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор татбиқ карда шавад. Тоҷикистон метавонад бо таҷрибаи худ дар таъсиси Маркази минтақавӣ, рушди стратегияҳои миллӣ ва ҳамкории фаъол бо созмонҳои байналмилалӣ, нақши пешбарандаро дар рушди зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод иҷро намояд.
Сангинзода Дониёр — ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Матробиён Матроб - ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Калонзода Фатҳиддин - ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ.