Skip to main content

«ПАЙВАНДИ ТАМАДДУН, ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ОЯНДАИ СОЗАНДА»

(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»)

121Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ ва маънавии рӯзҳои ҷашнии кишвар ба шумор меравад. Аҳаммияти ҳамоиш, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дар робитаи мустақим бо масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир, илму маориф, технология, сулҳу амният ва ояндаи миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар баробари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии даврони соҳибистиқлолӣ ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, таъмини мондагории онҳо ва таҳкими робита бо тоҷикону форсизабонони ҷаҳон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти давлат ва ҷомеа мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, Анҷумани «Пайванд» ҳамчун падидаи даврони соҳибистиқлолӣ ба майдони ҳамоиш ва ҳамкории тоҷикону форсизабонони ҷаҳон табдил ёфтааст.

Моҳияти ин андеша дар шароити имрӯза аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар баробари имкониятҳои васеи ҳамкорӣ рақобати забонҳо, фарҳангҳо, арзишҳо ва ҳувиятҳоро низ шиддат бахшидаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳувияти миллӣ дигар танҳо масъалаи фарҳангӣ нест. Он бо амнияти маънавии ҷомеа, устувории давлатдорӣ ва қобилияти миллат барои нигоҳ доштани ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир алоқаманд мебошад.

Роҳбари давлат маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият таъкид намуданд, ки дар шароити «рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо» иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангии мардумони форсизабон аҳаммияти бузург дорад. Дар ин замина Анҷумани «Пайванд» ҳамчун неруи муттаҳидсози маънавию фарҳангӣ арзёбӣ гардид. Ин нукта рисолати Анҷуманро аз доираи баргузории чорабиниҳои ҷудогона берун бурда, ба он мазмуни стратегӣ мебахшад.

Яке аз меҳварҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тамаддуни ориёӣ ва ҷойгоҳи тоҷикон дар ҳифз ва рушди он мебошад.

Андешаи бисёр муҳимме, ки дар суханронӣ баён гардид, ин аст: «Тамаддун танҳо хотираву ёдгории гузашта нест, балки неруи ҳаракаткунанда ва зиндаест, ки ояндаро месозад». Ин нукта дорои аҳаммияти амиқи илмӣ ва методологӣ мебошад. Агар мероси таърихӣ танҳо ҳамчун маҷмуи ёдгориҳои гузашта қабул гардад, таъсири иҷтимоии он маҳдуд мешавад. Вале агар он ба воситаи тарбия, маориф, илм, фарҳанг ва технология ба ҳаёти ҷомеаи муосир ворид карда шавад, ба омили рушди миллӣ табдил меёбад.

Аз ҳамин ҷост, ки Роҳбари давлат вазифаи ҷомеаро танҳо дар «вориси тамаддун» будан маҳдуд накарда, зарурати ғанӣ гардонидани онро «бо шаклу мазмуни нави мутобиқ ба рӯҳи замони муосир ва бо дастовардҳои нави илмӣ» ба миён гузоштанд.

Дар ин замина бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе аҳаммияти махсус дорад. Конуни тамаддуни ориёӣ бояд на танҳо макони ҳифзи ёдгориҳо, балки маркази зиндаи илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ гардад. Маркази байналмилалии Наврӯз бошад, метавонад Наврӯзро ҳамчун фалсафаи сулҳ, эҳё, созандагӣ ва ҳамзистии инсон бо табиат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Президент мавқеи марказӣ дорад, робитаи истиқлоли давлатӣ бо хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки давлатдорӣ танҳо бо мавҷудияти ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқӣ маҳдуд намегардад. Давлати устувор ба ҷомеае ниёз дорад, ки шаҳрвандони он дорои хотираи муштараки таърихӣ, ҳисси мансубият ба миллат ва масъулият барои ояндаи давлат бошанд.

Дар суханронӣ хеле дақиқ таъкид гардид, ки: «Миллате, ки гузаштаи хешро огоҳона ва ба дурустӣ намешиносад, қадру қимати суботу оромӣ ва амнияти имрӯзи худро низ дарк нахоҳад кард».

Ин андеша махсусан барои тарбияи насли ҷавон аҳаммияти калон дорад. Омӯзиши таърих набояд танҳо ба донистани санаҳо ва воқеаҳо маҳдуд гардад. Таърих бояд воситаи ташаккули тафаккури миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва дарки арзиши истиқлолу давлатдорӣ бошад.

Дар ҳамин замина эҳёи Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, бузургдошти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ, нашри «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва силсилаи «Ахтарони адаб» бояд ҳамчун қисмҳои як сиёсати фарогири ҳувиятсоз арзёбӣ карда шаванд.

Дар суханронии Президент масъалаи забони тоҷикӣ мавқеи махсус дорад. Забон ҳамчун «бунёди ҳастии маънавии миллат», рукни давлатдорӣ, хазинаи тафаккури миллӣ ва воситаи пайванди тоҷикону форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Аммо масъала танҳо ҳифзи забон нест. Пешниҳоди дорои аҳаммияти стратегӣ он аст, ки забони тоҷикӣ бояд ба забони илму фановарӣ, технологияҳои муосир, иқтисод ва дипломатия табдил дода шавад.

Ин масъала имрӯз аҳаммияти фавқулода дорад. Дар замони рақамикунонӣ забоне устувор мемонад, ки на танҳо дар адабиёт ва муоширати рӯзмарра, балки дар илм, технология, барномасозӣ, фазои рақамӣ ва тавлиди дониш истифода мешавад.

Аз ин рӯ, таъкиди Президент, ки ҷавонон бояд бо забони тоҷикӣ «андеша ронанд, таҳлил намоянд, ихтироъ кунанд, барнома нависанд ва дари гуфтугӯро бо ҷаҳон боз кунанд», дар асл барномаи рушди забони миллӣ дар асри рақамӣ мебошад.

Яке аз бахшҳои муҳимтарини суханронӣ ба илму маориф ва иқтидори зеҳнии миллат бахшида шудааст. Дар асри XXI қудрати давлатҳо беш аз пеш аз дониш, технология, навоварӣ ва сармояи инсонӣ вобаста мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, Роҳбари давлат таъкид карданд, ки ҷойгоҳи миллат на танҳо бо захираҳои табиӣ, қудрати ҳарбӣ ё мавқеи ҷуғрофӣ, балки пеш аз ҳама бо иқтидори зеҳнии он муайян мешавад.

Дар ҳамин замина барои Анҷумани «Пайванд» вазифаи нав пешниҳод гардид: муттаҳид намудани иқтидори илмии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон. Ҳамкорӣ бояд аз доираи конфронсу суханрониҳо берун баромада, ба низоми устувори табодули дониш ва таҷриба табдил ёбад. Барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, дарсҳои маҷозӣ, роҳнамоии илмии ҷавонон, лоиҳаҳои озмоишгоҳӣ, тарҷума ва нашри осори илмӣ ва ҳамкорӣ дар технологияҳои рақамӣ, тиб, энергетика ва забоншиносӣ аз ҷумлаи самтҳои мушаххасе мебошанд, ки дар суханронӣ пешниҳод гардиданд.

Ин пешниҳодҳо метавонанд Анҷумани «Пайванд»-ро тадриҷан аз як ниҳоди асосан фарҳангӣ ба шабакаи байналмилалии ҳамкории илмӣ, зеҳнӣ ва инноватсионии тоҷикону форсизабонон табдил диҳанд.

Дар суханронии Президент масъалаи ҷавонон бо масъалаҳои забон, таърих, илм ва худшиносӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Хусусан, ба густариши донишҳои таърихии ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони тоҷикони бурунмарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Насли ҷавон бояд дарк намояд, ки тоҷик будан танҳо мансубияти этникӣ нест, балки мансубият ба тамаддун, мероси бузурги маънавӣ, фарҳанг ва таҷрибаи давлатдорӣ мебошад.

Ин масъала барои тоҷикони бурунмарзӣ аҳаммияти бештар дорад. Муҳити забонӣ ва фарҳангии кишварҳои дигар метавонад бо гузашти наслҳо робитаи онҳоро бо забон ва фарҳанги аҷдодӣ заиф созад. Аз ин рӯ, «Пайванд» метавонад тавассути мактабҳои забонӣ, курсҳои фосилавӣ, барномаҳои фарҳангӣ, нашрияҳои электронӣ ва шабакаҳои илмии ҷавонон робитаи наслҳои навро бо Тоҷикистон тақвият диҳад.

Меҳвари дигари суханронӣ сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад. Ҷаҳони муосир бо низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, радикализм, буҳронҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит Президент таъкид намуданд, ки масъулияти ҳифзи сулҳ танҳо бар дӯши давлатҳо нест, ҷомеа, зиёиён ва созмонҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ низ бояд дар ташаккули фарҳанги сулҳ саҳм гузоранд.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ба ин мавқеъ заминаи махсус мебахшад. Аз ҳамин ҷост, ки дар суханронӣ қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо ташаббуси Тоҷикистон ҳамчун идомаи сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар арзёбӣ гардид.

Дар ин робита ибораи Президент мазмуни хос дорад: «Сулҳ, дар қадами аввал, аз андешаи неку созанда, сабру таҳаммул ва фарҳанги муколама оғоз мешавад». Ин андеша сулҳро аз доираи мафҳуми сирф сиёсӣ берун мебарад. Сулҳи устувор аз фарҳанги инсон, тарбия, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба андешаи дигар ва қобилияти муколама оғоз мегардад.

Яке аз муҳимтарин паёмҳои суханронӣ ба ояндаи худи Анҷумани «Пайванд» дахл дорад. Президент пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Анҷуман аз доираи ҳамоишҳои рамзӣ фаротар рафта, ба «низоми доимии амал, ташаббус ва ҳамоҳангсозӣ» табдил дода шавад.

Дар ин маврид сухан танҳо дар бораи такмили фаъолияти ташкилӣ намеравад. Дар асл, модели нави фаъолияти Анҷуман пешниҳод шудааст: «Пайванд» бояд минбари амал, шабакаи созандаи ҷаҳонӣ ва мактаби ташаккули ғояҳои нави маънавию фарҳангӣ бошад.

Барномаи нави рушди Анҷуман бояд масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангиро дар як низоми ягона муттаҳид намояд.

Бо чунин равиш «Пайванд» метавонад ба фазои воқеии ҳамгироии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёбад, ки дар он мероси таърихӣ бо илм, фарҳанг бо технология ва худшиносии миллӣ бо масъулияти байналмилалӣ пайваст мегарданд.

Аҳаммияти ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»-ро метавон дар чанд самти ба ҳам алоқаманд арзёбӣ намуд.

Якум, он ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро бо масъалаи ҳифзи ҳувият ва тамаддуни миллӣ пайваст намуд.

Дуюм, ҳамоиш барои таҳкими робитаи Тоҷикистон бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон заминаи нави маънавӣ ва ташкилӣ фароҳам овард.

Сеюм, дар он консепсияи муосири муносибат ба мероси таърихӣ пешниҳод гардид: мерос бояд на танҳо ҳифз, балки ба неруи илмӣ, маърифатӣ ва созандаи ҷомеа табдил дода шавад.

Чорум, масъалаи забони тоҷикӣ аз мавқеи ҳифзи мероси забонӣ ба сатҳи рушди забони илм, технология ва фазои рақамӣ бардошта шуд.

Панҷум, илму маориф ва муттаҳидсозии иқтидори зеҳнии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҳамчун яке аз вазифаҳои ояндаи Анҷуман муайян гардид.

Шашум, сулҳ, амният, обу иқлим ва рушди устувор ба рӯзномаи ояндаи «Пайванд» ворид карда шуданд. Бо ин васила рисолати Анҷуман аз доираи масъалаҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ густариш меёбад.

Ҳамин тавр, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» фаротар аз суханронии ҷашнӣ буда, дар худ маҷмуи ғояҳо ва вазифаҳои стратегиро барои марҳалаи нави рушди робитаҳои тоҷикону форсизабонони ҷаҳон фаро мегирад.

Меҳвари асосии ин дидгоҳро истиқлол – ҳувият – забон – таърих – тамаддун – илм – ҷавонон – сулҳ – оянда ташкил медиҳад. Ҳамаи ин унсурҳо дар робитаи мантиқӣ қарор дошта, ба як ҳадафи умумӣ – ташаккули миллати худшинос, донишмеҳвар, созанда ва дорои ҷойгоҳи шоиста дар ҷаҳони муосир равона шудаанд.

Аз ин нуқтаи назар, ҳамоиши «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» метавонад оғози марҳалаи нави фаъолияти Анҷумани «Пайванд» бошад. Марҳалае, ки дар он бузургдошти гузашта бояд бо бунёди оянда, ҳифзи фарҳанг бо рушди технология, арҷгузорӣ ба забон бо тавлиди дониш ва ифтихори миллӣ бо масъулияти байналмилалӣ пайваст гардад.

Паёми меҳварии ҳамоишро метавон чунин ҷамъбаст намуд: тамаддуни бузург танҳо бо ифтихор аз гузашта зинда намемонад, он замоне пойдор мегардад, ки насли имрӯз арзишҳои онро ҳифз намуда, бо дониш, илм, фарҳанг ва созандагии худ ба наслҳои оянда интиқол диҳад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири шуъбаи масоили назариявии

давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст