ҲИФЗИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ: МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛӢ
Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдории миллии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси ниёгон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи мукаммалсозии заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки беш аз 70 фоизи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии кишварро объектҳои бостоншиносӣ ташкил медиҳанд, аммо дар ҷумҳурӣ то ҳол қонуни соҳавӣ дар ин самт вуҷуд надорад. Ин ҳолат зарурати таҳқиқи илмии масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ҳамчун объекти танзими ҳуқуқиро ба миён мегузорад.
Хотираи таърихӣ ҳамчун категорияи илмӣ мафҳуми мураккаб ва бисёрҷанба буда, дар илмҳои гуногун — таърих, фалсафа, сотсиология, равоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ — мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ, хотираи таърихӣ ҳамчун маҷмӯи арзишҳо, донишҳо ва тасаввурот дар бораи гузаштаи халқ ва давлат фарқ мешавад, ки давлат онро ҳамчун объекти муҳими ҳифз эътироф намуда, механизмҳои ҳуқуқии таъмини онро муқаррар мекунад.
Дар илми ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқ ба хотираи таърихӣ ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон эътироф шудааст. Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки «ҳифзи хотира» уҳдадории давлатҳо буда, дар сарчашмаҳои аввалия ва дуюмдараҷаи ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Дар санадҳои байналмилалӣ зарурати нигоҳ доштани хотираи ҷамъиятӣ ва паҳн намудани донишҳо дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ бо мақсади муқовимат ба равишҳои ревизионистӣ ва инкорӣ қайд гардидааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ муқаррар гардидаанд. Моддаи 1-уми Конститутсия муайян мекунад, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ғайриимкон аст. Ҳамзамон, дар моддаи 44-уми Конститутсия ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамчун уҳдадории давлат ва шаҳрвандон муқаррар шудааст.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ аз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст. Санади асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» аз 3 марти соли 2006, №178 мебошад. Ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳифз, истифода, нигоҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз 3 январи соли 2024, №2033 низ яке аз санадҳои калидии меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ба шумор меравад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг танзим менамояд. Дар ин қонун мафҳумҳои асосии «объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «арзишҳои таърихию фарҳангӣ», «мероси таърихию фарҳангӣ» ва дигар категорияҳо муайян гардидаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» аз 16 декабри соли 2022, №320 низ яке аз санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад. Ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҷовидон гардонидани хотираи шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд, танзим мекунад.
Бо вуҷуди мавҷудияти санадҳои зикршуда, қонунгузории амалкунанда дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ як қатор камбудиҳоро дорост. Яке аз мушкилоти асосӣ ин аст, ки дар кишвар то ҳол қонуни махсус дар бораи ҳифзи хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои таърихӣ қабул нашудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи эҳтиром ва хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва Қаҳрамонони миллӣ» ҳанӯз дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Мушкилоти дигари муҳим набудани қонуни соҳавӣ дар бораи бостоншиносӣ мебошад. Ин ҳолат мушкилоти ҷиддиро дар самти танзими ҳуқуқии таҳқиқот ва ҳифзи ёдгориҳои бостоншиносӣ ба вуҷуд меорад.
Яке аз хатарҳои ҷиддии ҳифзи хотираи таърихӣ дар Тоҷикистон паҳншавии «археологияи сиёҳ» — таҳқиқоти ғайриқонунии ёдгориҳои бостонӣ мебошад. Бархӯрди бостоншиносӣ бо ёдгорӣ хусусияти «бебозгашт» дорад; ҳар як ҳафриёт дар моҳияти худ нобудсозии бонизоми қабатҳои фарҳангӣ ба хотири ба даст овардани иттилооти илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳама гуна дахолати ғайриҳирфаӣ ба ёдгориҳои бостонӣ на танҳо хатои методологӣ, балки ҷиноят нисбат ба хотираи таърихии миллат ва гум кардани маълумоти нотакрор барои наслҳои оянда аст.
Бо вуҷуди мавҷудияти қонунгузории умумӣ дар соҳаи ҳифзи мерос, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки соҳаи бостоншиносӣ ба танзими хос ва қатъӣ ниёз дорад. Афзоиши босуръати сохтмонҳои зерсохторӣ, хатари «археологияи сиёҳ» ва муҳимтар аз ҳама, ҷалби нафарони ғайримаслакӣ ба раванди таҳқиқоти саҳроӣ, зарурати таҳияи стандарти ягонаи давлатиро ба миён гузоштааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди шабакаҳои иттилоотӣ хатари таҳрифи таърих ва коҳиш додани аҳамияти мероси таърихию фарҳангӣ афзоиш меёбад. Дар сиёсати хотираи давлатҳои пасошӯравӣ муайян карда шудааст, ки ташаккули давлатҳои нав ҳамеша бо сохтани сиёсати хотира ҳамроҳӣ мешавад, ки вазифаҳои муайянро иҷро мекунад. Дар ин замина, қонунгузории миллӣ бояд механизмҳои самараноки муқовимат ба таҳрифи таърих ва ҳифзи ҳувияти миллиро пешбинӣ намояд.
Дар қонунгузории амалкунанда механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи эҳтиром ва хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва Қаҳрамонони миллӣ кофӣ рушд наёфтаанд. Ҳарчанд лоиҳаи Қонуни дахлдор таҳия гардидааст, аммо то ҳол қабул нашудааст. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки шахсиятҳои таърихии миллат мавриди таҳқир ва таҳриб қарор гиранд, ки ин ба ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад.
Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи хотираи таърихӣ метавонад объекти танзими муассири ҳуқуқӣ қарор гирад. Дар ин самт таҷрибаи Қазоқистон ва Ӯзбекистон махсусан ҷолиби диққат аст.
Қазоқистон соли 1993 Қонун «Дар бораи реабилитатсияи қурбониёни репрессияҳои сиёсии оммавӣ»-ро қабул намуд, ки заминаи ҳуқуқии барқарорсозии номи неки шахсони бегуноҳ маҳкумшударо фароҳам овард. Дар асоси ин қонун зиёда аз 340 ҳазор шаҳрванди ғайриқонунӣ репрессияшуда реабилитатсия карда шуданд. Ҳамчунин, дар Қазоқистон Рӯзи ёдбуди қурбониёни репрессияҳои сиёсӣ муқаррар гардидааст.
Ӯзбекистон низ дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ таҷрибаи муассир дорад. Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июли соли 2024, №ПП-270 барномаи чорабиниҳо оид ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолият, ҷовидон гардонидани хотираи ҳамватанони қурбони репрессияҳои сиёсӣ тасдиқ гардидааст. Инчунин, ҳафтаи ёдбуди қурбониёни репрессияҳои сиёсӣ ҳар сол дар ҳафтаи аввали октябр гузаронида мешавад.
Таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ нишон медиҳад, ки ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ метавонад самарабахш бошад. Дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» қабул гардидаанд. Ҳар ду қонуни намунавӣ дар 42-умин ҷаласаи пленумии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ (МПА ИДМ), ки 16 апрели соли 2015 дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд, қабул гардидаанд. Ин санадҳо барои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар асоси таҳлили гузаронидашуда, пешниҳодҳои зерин барои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ асоснок карда мешаванд:
1. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хотираи таърихӣ». Зарур аст, ки санади махсуси қонунгузорӣ қабул гардад, ки мафҳумҳои асосиро муайян намуда, принсипҳо, самтҳо ва механизмҳои ҳифзи хотираи таърихиро муқаррар намояд. Ин қонун бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ таъмин намояд.
2. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ». Бо назардошти он ки беш аз 70 фоизи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ объектҳои бостоншиносиро ташкил медиҳанд, қабули қонуни соҳавӣ дар ин самт яке аз талаботи муҳими рӯз мебошад. Ин қонун бояд стандартҳои ягонаи давлатиро барои таҳқиқоти бостоншиносӣ, талабот ба мутахассисон, механизмҳои муҳофизати ёдгориҳо аз хатари «археологияи сиёҳ» ва ҷавобгарии ҳуқуқиро барои вайронкунии қоидаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ муайян намояд.
3. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи эҳтиром ва хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва Қаҳрамонони миллӣ». Лоиҳаи ин қонун аллакай таҳия гардида, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Қабули он имкон медиҳад, ки механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ ва Қаҳрамонони миллӣ муқаррар гардида, ҷавобгарӣ барои таҳқиру таҳрифи онҳо муайян карда шавад.
4. Такмили қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ. Зарур аст, ки меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи хотираи таърихӣ ва эҳтироми шахсиятҳои таърихӣ такмил дода шаванд. Ин меъёрҳо бояд ҷавобгарии ҳуқуқиро барои таҳрифи таърих, таҳқири шахсиятҳои таърихӣ, вайрон кардани қоидаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ ва нобудсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ намоянд.
5. Таъсиси механизми давлатии мониторинги ҳифзи хотираи таърихӣ. Пешниҳод мегардад, ки механизми давлатии мониторинг ва арзёбии ҳолати ҳифзи хотираи таърихӣ таъсис дода шавад. Ин механизм бояд омилҳои хатари таҳрифи таърихро муайян намуда, ба мақомоти дахлдор дар бораи зарурати чораҳои саривақтӣ маълумот пешниҳод намояд.
6. Рушди ҳамкории байналмилалӣ. Бо назардошти он ки ҳифзи хотираи таърихӣ масъалаи байналмилалӣ мебошад, зарур аст, ки Тоҷикистон дар самти ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ бо кишварҳои ИДМ ва дигар шарикони байналмилалӣ фаъолона иштирок намояд. Ин ҳамкорӣ метавонад дар самти табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии стандартҳои ҳуқуқӣ сурат гирад.
Хулоса, таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҳифзи хотираи таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун объекти муҳими танзими ҳуқуқӣ эътироф шуда, заминаҳои конститутсионӣ ва қонунгузории соҳавӣ барои таъмини он фароҳам оварда шудаанд. Аммо қонунгузории амалкунанда як қатор камбудиҳоро дорост, ки такмили минбаъдаро тақозо мекунанд. Қабули қонунҳои махсус дар бораи ҳифзи хотираи таърихӣ, бостоншиносӣ ва ҳифзи эҳтироми шахсиятҳои таърихӣ, такмили меъёрҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, таъсиси механизми давлатии мониторинг ва рушди ҳамкории байналмилалӣ метавонанд ба таҳкими низоми ҳуқуқии ҳифзи хотираи таърихӣ мусоидат намоянд.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои нави геополитикӣ мафҳуми «давлати миллӣ» ва «ҳувияти миллӣ»-ро мавриди озмоиш қарор додаанд, ҳифзи хотираи таърихӣ на танҳо як масъалаи фарҳангӣ, балки омили муҳими таҳкими амнияти миллӣ, устувории давлатдории ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳувияти миллии халқи тоҷик мебошад. Таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи хотираи таърихӣ саҳми арзандаи илми ҳуқуқшиносии тоҷик дар татбиқи сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ хоҳад буд.
Калонзода Фатҳиддин Мирзошариф – ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, ҳамоҳангсози кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.