АФКОРИ СИЁСИЮ ҲУҚУҚИИ АБУНАСРИ ФОРОБӢ
Ниёкони миллати тоҷик – мардуми ориёӣ дар паҳнои Бохтару Суғду Хоразм, Афғонистони имрӯза, Ҳироту Марв, Ирони муосир то Чину Ҳинд асосгузори тамаддуни бузурги ориёӣ ва онро аз худ боқӣ гузошта, дар асрҳои VIII –XIII заминагузори тамаддуни нави исломӣ гаштанд. Дар кулли илмҳои марҳилаи нав низ мардуми ориёии - Бохтариву Суғдӣ, Самарқандиву Бухороӣ, Нишопурӣ, Марвию Насафӣ, Балхиву Хуҷандӣ, Сиистониву Шерозӣ ва дигар шаҳрҳои марзи тоҷикзамин пештоз буданд. Саҳми тоҷикон махсусан дар илми ҳуқуқшиносӣ-фиқҳ ва илми Қуръону ҳадис бешак бузург буда, асосгузори илми ҳадис муҳаддиси машҳури ислом Исмоили Бухорӣ буда, “Ҷомеъ ас-Саҳиҳ”- ин мутафаккири бузург то имрӯз дуюмин китоби мусалмонон ба шумор меравад.
Дар баробари ин осор, махсусан таълимоти мутафаккири шинохтаи ҷаҳонӣ, муаллими сонии (дуввуми) инсоният Абунасри Форобӣ дар сатҳи баланди илмӣ иншо гардидаанд. Абунасри Форобӣ таснифбандии илмҳоро гузаронидааст, ки кулли илмҳои замони худро ба шаклу намудҳои гуногун тақсимбандӣ намуда, низоми илмҳоро ба вуҷуд меоварад, ки кори осон набуд. Бояд қайд намуд, ки Абунасри Форобӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони Шарқ аст, ки дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо намудаву, дастовардҳои бузурге боқӣ гузоштааст.
Дар ин ҷо вобаста ба маҳал ва ба кадом халқ таалуқ доштани Абунасри Форобӣ якчанд андеша бояд гуфт, чунки дар марҳилаи шуравии рушди кишвар, мутафаккирони тоҷикро тибқи принсипи “интернатсионализм” ба кулли мардуми Шуравӣ “тақсим” карда буданд, чунки онҳо бузургони худро надоштанд. Аз ин сабаб, имрӯз агар насли марҳилаи Шуравӣ Синоро намояндаи Узбекистон, Форобиро намояндаи қазоқистон, Низоми Ганҷавиро намояндаи Озарбойҷон номанд, ҳайрон шудан лозим нест, чунки ҳизби ҳукмрони большевикӣ ҳамин гуна “тақсимоти интернатсионалӣ” ҷорӣ намуда, ба мардуми авом онро талқин мекард, ҳарчанд мутафаккирони бо ин тартиб тақсишуда “қазоқ, “озарӣ” ё миллати дигар будани худро намедорнистанд. Масъалаи дигар, ҳанӯз академик Мусо Диноршоев дар бораи ҳар яки ин мутафаккирон бо овардани сарчашмаҳои таърихӣ форсу тоҷик будани онҳоро исбот сохта, баҳси Синоро то кабинети Президенти Академияи илмҳои ИҶШС бурда буд. Албатта, як қатор сарчашмаҳо, баъзан сарчашмаҳои ”сохта”-и асрҳои баъдӣ мавҷуданд, ки ин мутафаккиронро араб, турку қазоқ ва ғайра мешуморанд, ки инро на навиштаҳои мутафаккирон ва на ёддоштҳои ҳамасрон ва ё асрҳои ба онҳо наздик таъкид намекунанд.
Марҳилаи зиндагонии Абунасри Форобӣ дар таърихи миллати тоҷик “марҳилаи тиллоии давлатдорӣ ва фарҳанги ориёӣ” ном гирифтааст, ки дар чунин ном гузоштани ин марҳилаи ҳиссаи бузурги ҳамин гуна мутафаккирони тоҷикзамин хеле бузург аст. Замона дар назди олимон вазифа мегузорад ва аз он ки муҳаққиқ то чӣ андоза аз уҳдаи масоили ҷамъиятӣ мебарояд, роҳҳалҳои наву бикр пешниҳод менамояд, барои дурнамо чиро тавсия мекунад, қадру манзалати илмро дар ҷомеа баланд мебрадорад. Маҳз кушишу ғайрат, ҷидду ҷаҳди бекаронаи фарзонагони миллат – муҳаққиқони ин марҳила тоҷиконро ҳамчун миллати эҷодкор, донишманд, фарҳангӣ, башардӯст ва аз ҳама муҳим оқилу хирадманд ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.
Таълимоти исломӣ дар худ меъёрҳои мушаххаси сиёсиву ҳуқуқиро дар бар гирифта, давлатро аз дин ва сиёсатро аз мазҳаб ҷудо накарда, баръакс, якеро ёвар ва нигоҳбони дигар эътироф менамуд. Робитаи ногусастании дину давлат ва ахлоқи ҷомеа ба давлатдории ибтидоии ислом хос буда, дар якҷоягӣ кулли омилҳои номбаршуда ва баъзе дигар омилҳо дар назди сиёсатмадорон, уламо ва табақаи донишманди ҷомеа вазифаҳои мушаххас оид ба ҳаллу баррасии масоили пешомадаро мегузошт. Тақозои баррасии масоили пешомада як қатор донишмандонеро ба майдони илм ворид намуд, ки имрӯз мавриди ифтихори миллати тоҷик ва даҳҳо миллатҳои дигар ҳастанд. Таъкид мекунем, ки тақозои замона садҳо фарзонафарзандони миллатро рӯйикор овард, ки кулли улуми марҳилаи муосири худро на танҳо аз худ намудан, балки онро ба дараҷаи баланди шукуфоӣ расонида, ҳар яки онҳо дар қатори бузургони ҷаҳонӣ номи миллати тоҷикро машҳур намуданд, аз ҷумла Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Нуъмон ибни Собит (Абуҳанифа), Исмоили Бухорӣ ва дигарон.
Афкори сиёсию ҳуқуқии Абунасри Форобӣ - муаллими сонӣ (дуввум) намояндаи барҷастаи афкори сиёсию ҳуқуқии давраи аввали рушди афкори сиёсию ҳуқуқии марҳилаи исломӣ (солҳои ҳаёт 870–950) мебошанд.
Бузургтарин мутафаккири доиратулмаорифи оғози марҳилаи исломии рушди давлатдории тоҷикон, бешубҳа, Абунасри Форобӣ буда, ҳамчун “Муаллими сонӣ”-и инсоният, аз ҷониби донишмандон шинохта шуда, тақрибан дар куллӣ соҳаҳои илм эҷод ва навоварӣ ворид намуда, ҳамчун ҳаким, файласуф ва донишманди форсу тоҷик ном баровардааст. ( Ибни Халакон. Вафаёт ал-аъён. – Бейрут: Дор ал-фикр.,1428/2007. – Ҷ. 1. – С. 100.)
Форобӣ илмҳои мухталифро дар муҳимтарин марказҳои илмии замони худ, аз ҷумла, Марв, Ҳаррон ва Бағдод фаро гирифтааст.
Аз Форобӣ асарҳои илмии зиёде бар ҷой мондаанд, ки аз муҳимтарини онҳо метавон ба «Орои аҳл ал-мадина ал-фозила», «Ас-сиёсат» ва «Ас-сиёсат ал-мадина» ва «Ал-миллат ал-фозила» ишора намуд. Форобӣ муҳимтарин файласуф ва ҳакимест, ки дар ҷаҳони ислом ва дар миёни донишмандони форсу тоҷик бо асари гаронарзиш «Мадинаи фозила» масоили сиёсиву ҳуқуқии замонаашро таҳлилу матраҳ намуда, мавриди баррасии илмӣ қарор додааст.( Қифтӣ, Ҷ. Таърих ал-Ҳукамо. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1992. – С. 184 // Ҳимавӣ, Ёқут. Муъҷам ал-булдон. – Теҳрон: Мактабат ал-исломия. 1371/1992. – Ҷ. 1. – С. 350.)
Форобӣ яке аз мутафаккирони доиратулмаориф аст, ки таснифбандии куллии илмҳои замонашро тартиб додааст. Дар таснифи илмҳои пешниҳодкардааш, мутафаккир илми сиёсӣ, ҳуқуқ ва илми илоҳиро се шохаи илми амалӣ мешуморад.
Яке аз мавзуъҳои муҳим дар афкори сиёсию ҳуқуқии ӯ пайдоиши ҷомеа ва давлат аст. Дар пайдоиши ҳокимият ва ҷомеа ба назари Форобӣ зарурати иҷтимоӣ онҳоро ба вуҷуд оварда, инсонро ба самти таъсиси давлат равона месозад.
Форобӣ бар ин бовар аст, ки инсон ду ҷанба (биоиҷтимоӣ) ва буъди асосӣ дорад. Яке ҷанбаи моддӣ (биологӣ) ва дигаре ҷанбаи маънавӣ (иҷтимоӣ). Таъмини ниёзҳои асосии инсон ба эҳтиёҷоти моддӣ, аз ҷумла, хӯрдан, пӯшидан, хобидан ва ғайра вобастагӣ дорад. Аммо, ниёзҳои ҷанбаи маънавии инсонро масъалаҳои дигаре ҳамчун ҳамкорӣ, ҳамдилӣ, муҳаббат, эҳтироми мутақобил ва ғайра таъмин менамоянд. Таъмини ин ду гурӯҳи ниёзҳои инсон аз нигоҳи Форобӣ, танҳо дар сурати ба вуҷуд овардани иҷтимои инсонӣ ва зиндагии ҷамъиятӣ мумкин мебошад. Яъне, чун инсон мавҷудест, ки зот ва ниҳоди табиии вай иҷтимоӣ ва вобаста ба ҷамъият мебошад, ба ҳамин сабаб чӣ дар буъди моддӣ ва чӣ дар буъди маънавӣ наметавонад дар ҳолати танҳоӣ ниёзҳои худро бароварда созад.
Пас, бар асоси гуфтаҳои Форобӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ба вуҷуд омадани ҷомеа, давлат, қонун ва қазоват - зарурати зиндагии иҷтимоии инсон мебошанд, ки бидуни онҳо наметавонад ба ҳадафҳои худ даст ёфта, ниёзҳои асосиашро таъмин намояд.( Абунасри Форобӣ. Таҳсил ас-саъодат. – Байрут: Андулус, 1403/1982. – С. 61 – 65; Абунасри Форобӣ. Фусулун мунтазиъа. – Бейрут: Дорулмашриқ, 1405/1984. – С. 94.). Аз ҳамин ҷиҳат метавон ба баҳсҳои назарии давлат ва ҳуқуқ дар андешаи Форобӣ ворид гашт. Ҷойгоҳи илми сиёсат дар ин масъала назди Форобӣ бисёр хос ва вижа мебошад. Форобӣ сиёсат ва ҷомеаи маданиро ба мафҳуми фалсафаи сиёсат маъно мекунад, ки дар натиҷаи он саодати иҷтимоии инсон дар ҳамаи соҳаҳо тавассути давлат ва қонунгузорӣ таъмин мегардад.
Дар идома, Форобӣ барои илми сиёсат номҳои «Саодатшиносӣ» ва «Қудратшиносӣ»-ро зикр мекунад.(Абунасри Форобӣ. Ат-танбиҳ ъало сабил ас-саъодат. – Теҳрон: Ҳикмат, 1371/1992. – С. 66; Абунасри Форобӣ. Иҳсоъ ал-улум. – Миср: Саъодат, 1350/1931. – С. 67.) Яъне, сиёсат ва қоидаҳое, ки дар ҷомеа барои эҷоди тартиботи ҷамъиятӣ ва ба танзим даровардани ҷомеа ба вуҷуд омадаанд, бояд дар ниҳоят инсонро ба саодат ва ҳикмати амалӣ бирасонад.
Инчунин, сиёсат аз нигоҳи Форобӣ ба маънои анҷоми амалҳоест, ки аз маҳорати идоракунӣ (зимомдорӣ) ва касби қудрат ва истифодаи он сарчашма гирифта, мафҳуми «Қудрати сиёсӣ» барои он ба кор бурда мешавад.( Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. – Бейрут: Ҳилол, 1995. – С. 59-60; Абунасри Форобӣ. Фусулун мунтазиъа. – Бейрут: Дорулмашриқ, 1405/1984. – С. 92.). Бар ин асос, ҳокимият ва давлати мавриди қабули Форобӣ он аст, ки дорои тартиботи дурусти ҷамъиятӣ буда, ҳоким ва мардуми он дар якҷоягӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои аз пеш таъиншудаи зимомдорон, ки ҳамон ҳикмати амалӣ ва ҷомеаи маданӣ аст, талош намоянд.( Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-мадания. –Бейрут: Ҳилол, 1998. – С. 80.)
Масоили таъсиси давлати бузург, ки дар он мардум ба саодат мерасанд, дар асарҳои Абунасри Форобӣ таҳлили ҳаматарафаи худро ёфтааст. Дар таълимоти мутафаккирони исломии давраи антиқӣ “сиёсат, кори шаҳри идеалӣ аст“. Шаҳри идеалӣ (мадинаи фозила) маҷмуи одамони ҳудуди муайян, гурӯҳ, халқ ва ғайра шуда метавонад.( Буризода Э.Б. Таърифи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Нашри 4. –Душанбе: Нашри мубориз, 2022. – С. 69.)
Равияи меъёрӣ–фалсафӣ дар масоили давлату сиёсат, асосан, ба амали давлати Араб – Хилофат такя намояд ҳам, бештар ба анъанаҳои фалсафаи сиёсии Юнон, махсусан ба Афлотун ва Арасту пайравӣ менамуд. Барои Абунасри Форобӣ ва ҳамчунин дигар намояндагони сиёсатшиноси ислом сиёсат ин, пеш аз ҳама, илм дар бораи Мадинаи фозила буда, сиёсат пешбурд ва идоранамоии давлат аст. Форобӣ мафҳуми давлатро истифода намебарад. Мафҳуми ҷамъият, иҷтимоиёт мафҳуми давлатро иваз мекунад. Сабаби пайдоиши давлат ва ҷамъият талаботи инсон аст. Фард дар танҳоӣ тамоми ашёи заруриро барои худ истеҳсол карда наметавонад, аз ин сабаб ӯ маҷбур мегардад бо дигарон ҳамроҳ гардад.
Ҷамъиятро ба кулл ва ноқис тақсим карда, дар навбати худ ҷамъияти куллро ба иҷтимои бузург (кулли мардуми ҷаҳон) иҷтимои миёна (маҷмуи як халқ) ва иҷтимои хурд (маҷмуи аҳолии як шаҳр) тақсим менамояд ва танҳо дар ҷамъияти хурд (шаҳр) саодатманд гаштани одамонро имконпазир мешуморад. Дар ин масъала Форобӣ ба андешаи Арасту ва Афлотун ҳамрайъ мегардад.
Форобӣ назарияҳои гуногуни пайдоиши давлат, аз ҷумла, назарияи органикиро баён намуда, онро ҷонибдорӣ мекунад. Фаъолияти давлат чун организми иҷтимоӣ ба фаъолияти организми биологӣ монанд аст. Давлат, ба қавли мутафаккир, дар амал вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки узвҳои организми зинда амалӣ менамояд. Масалан, сарвари давлат - вазифаи сар, мақомоти қудратӣ - вазифаи даст, ки аз ҳифзи тан иборат аст, ҳифз ва таъмини тартибот ва ғайра. Вале Абунасри Форобӣ тафовути муҳими организми зинда ва давлатро низ қайд намудааст. Ба андешаи мутафаккир, организми биологӣ, асосан, тибқи талаботи биологӣ - инстинктҳо амал мекунад, рушди давлат бошад аз иродаи одамон вобаста аст. Тараққиёти Мадина аз иродаи озоди шаҳрвандон, вале рушди организми зинда аз талаботи табиӣ вобаста аст, муайян кардааст мутафаккир.
Форобӣ дар бораи назарияҳои дигари пайдоиши давлат ва ҳуқуқ андешаҳо баён дошта, масалан навиштааст, ки «мегӯянд, ки давлат дар натиҷаи шартнома ба вуҷуд омадааст». Яъне мутафаккир аллакай дар асри Х ин назарияро номбар намудааст, вале ин андешаро дигар шарҳу тафсир накардааст, то он аниқу мушаххас гардад.( Буризода Э.Б. Таърифи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Нашри 4. –Душанбе: Нашри мубориз, 2022. –С.70.)
Форобӣ масъалаи муҳими илми юнониён – масъалаи шакли давлатро таҳлил намекунад. Аз ҷониби дигар, воситаи ишғол намудани ҳокимият низ аз назари ӯ масъалаи муҳим нест, чунки шахсе ки лоиқ ба талаботи пешниҳоднамудаи ӯ мебошад, бояд сарвар бошад, новобаста аз роҳу воситаи ишғоли мансаб. Ин андешаҳо аз шароити муосири мутафаккир сарчашма мегиранд. Форобӣ дар замоне ҳаёт бурдааст, ки Хилифати Арабу мусалмонӣ аксарияти кулли ҳудуди фарҳангиро фаро гирифта буд ва гумон буд, ки тамоми ҷаҳон зери тобеияти он меафтад.
Ба андешаи ӯ, таъсиси ҷамъияти бузург – давлати ягонаи умумиҷаҳонӣ имконпазир аст. Дуюм, Форобӣ кулли инсонҳоро ба се гурӯҳ тақсим намудааст: Гурӯҳи якум, онҳое, ки барои ҷамъият мақсад гузошта, дурнамои рушди давлатро муайян карда метавонанд, ки онҳо бояд роҳбару ҳоким бошанд; дуюм, онҳое, ки мақсад гузошта ва дурнамои кишварро муайян карда наметавонанд, вале мақсади гузошташударо дуруст дарк намуда, онро ба дигарон фаҳмонида метавонанд, инҳо мансабдорони сатҳи миёна ҳастанд; гурӯҳи сеюм, онҳое ҳастанд, ки на мақсад гузошта метавонанд ва дар дарки мустақили мақсади гузошташуда оҷиз ҳастанд. Онҳо танҳо зери роҳбарии дигарон мақсадҳоро амалӣ менамоянд. Ин гурӯҳ наметавонанд тобеон дошта бошанд, балки худашон тобеи дигарон ҳастанд. Аз ин сабаб, интихоби ҳоким набояд ба дасти инҳо бошад. Мансаб на аз руи ашроф будан, балки вобаста ба қобилият бояд ишғол гардад.
Ба андешаи ӯ, аксари ҳунару касб барои хизмат ба дигарон лозим ҳастанд, аммо санъати сарварӣ хизмат барои дигарон нест ва санъати идора кардани одамон аст.
Имом бояд файласуф бошад, талаб дорад Абунасри Форобӣ. Аз аъзои ҷамъият Форобӣ талаб мекунад, ки барои амалӣ шудани мақсади сарвар кӯшиш намоянд.
Мутафаккир ҷонибдори рушди таърихӣ буда, муътақид аст, ки пешравии сиёсӣ бо роҳи ислоҳот, таҳти сарварии монарх – ҳокими оқилу бохирад ба амал меояд.
Ҳангоме ки Форобӣ мафҳумҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро бо равиши гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳад, мафҳуми «Сиёсати фозила»-ро пешниҳод мекунад. Ҳокими хирадманде, ки мавриди писанд аст, файласуф аст ва бо иҷрои дурусти сиёсати фозила ва ҳикмати амалӣ ба мафҳуми «Мадинаи фозила» мерасад. Пас, ҳокими хирадманд ва зимомдори дурусткор бо иҷрои сиёсати дуруст, ки ҳамон сиёсати фозила аст, ба ҳикмати амалӣ ва ҷомеаи мадание хоҳад расид, ки он «Мадинаи фозила» ном дорад.( Абунасри Форобӣ. Ал-миллат ва нусусун ухро. – Бейрут: Машриқ, 2001. – С. 54-55.)
Баъд аз он ки инсон барои дастёбӣ ба ҳадафҳои гуногун ва таъмини ниёзҳои моддию маънавии худ иҷтимоъҳоро ба вуҷуд овард, ин масъала низ бисёр қобили таваҷҷуҳ аст, ки беҳтарин ва комилтарин иҷтимои эҷодшуда тавассути инсон ҳамон «Мадинаи фозила» аст. Яъне, агар инсонҳо дар канори ҳамдигар ҷамъ шаванду барои ташкили маҷмуаи сиёсатҳову қонунгузориҳо ва ҷомеаи маданӣ бар асоси ҳикмати амалӣ ва бо сарварии хирадмандону файласуфон ҷиҳати расидан ба саодату хушбахтӣ муваффақ нашаванд, онҳо натавонистаанд як иҷтимои комилро, ки ҳамон «Мадинаи фозила» аст, эҷод намоянд. Зеро комилтарин иҷтимоъ аз назари Форобӣ «Мадинаи фозила» буда, беҳтарин сиёсату қонунгузорӣ барои расидан ба он ҷомеаи маданӣ ва «Сиёсати фозила» мебошад.
Ҳар ҷомеае бо ҳамроҳии мардумону сарварони он ба ҳар миқдоре ки ба ҳикмати амалӣ ва сиёсату қонунгузории хирадмандон амал намоянд ва ба он наздик шаванд, онҳо ба ҳамон андоза баро таҳаққуқи «Мадинаи фозила» наздик шудаанд. Аммо, ҳар миқдор, ки аз он дур шаванд, аз назари Форобӣ ба «Мадинаи ғайрифозила» наздик мегарданд. Пас, аз нигоҳи Форобӣ ҷомеаи маданӣ ва қонунгузории ҳар ҷомеа ба ду гурӯҳ «Мадинаи фозила» ва «Мадинаи ғайрифозила» тақсим мегарданд.( Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. – Бейрут: Ҳилол, 1995. – С. 13-15.).
Аз нигоҳи Форобӣ «Мадинаи фозила» давлатест, ки дар он барои инсон заминаҳои расидан ба саодат ва камолот фароҳам аст ва дар мадинаҳои ғайрифозила чунин шароит вуҷуд надорад. Дар ин ҷомеа мардум барои расидан ба хушбахтию саодати ҳақиқии худ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ менамоянд. Ҳар шахсе, ки дар ин мадина зиндагӣ менамояд, аз мардумоне ҳастанд, ки ба дунболи касби саодат ҳаракат менамоянд. Яъне, дорои фикру рафтори бофазилат ва нек ҳастанд. Агар дар ҷомеае шахсе чунин андеша ва рафтор надошта бошад, он ҷомеа ғайрифозила хоҳад буд.( Абунасри Форобӣ. Фусулун мунтазиъа. – Бейрут: Дорулмашриқ, 1405/1984. – С. 32.).
Роҳбари (Сарвар) Мадинаи фозила аз нигоҳи Форобӣ болотарин мансаби идории мадинаро бар уҳда дорад, ки эҷод шудани мадина ва муқовимату пойдории он бар вуҷуди сарвари мадина вобастагӣ дорад. Барои дарки дурусти ин масъала, Форобӣ мадинаро ба бадани инсон муқоиса мекунад. Тавре ки қалби инсон дар баданаш ҳамчун комилтарин узв ва асоситарин ҷузъи бадан маҳсуб мегардад, ки бидуни он ҳаёт ва саломатии он бадан ба хатар мувоҷеҳ мегардад, сарвари мадина ҳам дар ҷомеа ҳукми қалб дар баданро дорад. Саломатии ҷомеа аз ҳама намудҳои фасоду вайронӣ ва муқовимату пойдории он дар баробари ҳар гуна ҳамлаҳои дохилию хориҷӣ ба сарвари мадина вобастагии зич дорад.( Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. – Бейрут: Ҳилол, 1995. – C. 116; Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-маданият. – Бейрут: Ҳилол, 1998. – C. 98.).
Агар сарвари мадина аҳли фазлу ҳикмат ва ақлу хирад бошад, мадина ба ҳамон миқдор ба фозила будану саодатмандӣ наздик мегардад. Дар ғайри ин сурат, ҳар миқдор ки сарвари мадина осебпазиру фасодзада ва қонунгурез бошад, мадина ҳам ба самти ғайрифозила будан равона мегардад.
Форобӣ ба хислати дигари қалб низ ишора менамояд, ки агар бадан ба беморӣ ва осебҳое дучор гашт, вазифаи қалб аст, ки ба ӯ ёрӣ расонида хатарро аз дигар аъзои бадан дафъ намояд. Сарвари мадина ҳам чунин вазифаро дорад. Замоне ки дар мадина узве ё гурӯҳе бо осебҳо ва хатарҳое мувоҷеҳ шаванд, вазифаи сарвари мадина аст, ки ба он расидагӣ намуда, барои ҳалли он мушкилот талош намояд.( Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. –Бейрут: Ҳилол, 1995. – C. 118.).
Форобӣ барои довталаби ишғоли мансаби сарвари давлат 24 талабот пеш мегузорад. Дар сурати ҷавобгӯ будан, шахс бояд мансабро ишғол намояд. Дар сурати дар кишвар ёфт нашудани чунин довталаб, пас, нафаре, ки ба 12 талабот ҷавобгӯй аст ва ҳатман дар сурати хирадманд будан ин гуна довталаб бояд сарвари давлат гардад. Аммо Форобӣ ҳокимияти дастаҷамъиро (коллегиалӣ) низ рад намекунад. Дар сурати пайдо нашудани довталабе, ки ба 12 талабот ҷавобгӯ бошад, пас, якчанд нафар, ки ба ин талабот дар якҷоягӣ ҷавобгӯй мебошанд, бояд ба таври дастаҷамъӣ кишварро идора намоянд.
Муҳимтарин вижагиҳо ва хусусиятҳои сарвари мадинаро Форобӣ чунин мешуморад:
1. Аз ҳар ҷиҳате қудратманд бошад;
2. Дорои ҳуши баланд ва фикри пухта бошад;
3. Хушбаён ва хушгуфтор бошад;
4. Пайрави илму дониш ва дӯстдори аҳли ҳикмат бошад;
5. Барои хӯрдану ошомидан ва ниёзҳои моддии дигар ҳавасманд набошад;
6. Аҳли ростию садоқат дар рафтору гуфтор бошад;
7. Дӯстдори ростгӯён ва душмани дурӯғгӯён бошад;
8. Дорои руҳи баланд, устувор ва нафси бокаромат бошад;
9. Молу мулк ва дигар матоъҳои дунёӣ дар наздаш беарзиш бошанд;
10. Дӯстдори адлу дод ва душмани ситам ва ситамгарон бошад;
11. Дар анҷоми корҳои ҷомеа қудрат ва қотеияти лозимаро дошта бошад.( Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. – Бейрут: Ҳилол, 1995. – C. 124-125.)
Аз раванди таҳлили баҳсу баррасиҳои афкори сиёсию ҳуқуқии Форобӣ чунин бармеояд, ки шояд ҳеҷ як аз файласуфон ва донишмандони форсу тоҷик дар тӯли таърих ба монанди ӯ дар бораи давлату ҷомеа, қонунгузорию ҳуқуқи мардуми ҷомеа, сохтор ва таркиботи сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи мавриди назар чунин васеъ ва густарда сухан нагуфта бошад. Хулоса он ки ба андешаи Форобӣ сарвари давлат ва ҷомеа бояд пайрави тамоми сифатҳо ва хислатҳои некуи сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бошад, то битавонад идораи ҷомеаро бомуваффақият ба анҷом бирасонад.
Ба ғайр аз вижагиҳое, ки Форобӣ барои ҳокими мадина баён намуд, инчунин барои аҳли мадина ва шахсоне, ки дар он зиндагӣ менамоянд, сифатҳоеро низ зикр мекунад. Ба назари Форобӣ шахсоне, ки дар мадина зиндагӣ менамоянд, ба 5 гурӯҳ тақсим мегарданд:
1. Фозилон; ҳакимон, хирадмандон ва бузургоне, ки аз ҷиҳати вижагиҳои зикршуда ба сарвари мадина наздиктарин афрод мебошанд ва метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ ҷонишини сарвари мадина гарданд.
2. Суханварон; аҳли шеъру адаб, зиёиён, нависандагону олимон.
3. Назораткунандагон: табибон, муҳандисон, мунаҷҷимон, ки ҳар кадомашон вазифаи назорат ва санҷишро дар соҳаҳои мухталиф бар уҳда доранд.
4. Ҷиҳодкунандагон; нигоҳбонон, марзбонон, ҷангҷӯён ва шахсоне, ки вазифаи ҳифзи ҳуқуқи мардумро бар уҳда доранд.
5. Косибон ва пешаварон: соҳибони молу сарват, кишоварзон, чорводорон ва ҳамаи намуди касбу ҳунаре, ки барои мардуми мадина лозим бошанд.
Форобӣ дар як тақсимбандии умумӣ пас аз баёни вижагиҳои мадинаи фозила ва ҳокиму мардумони он, масъалаи мадинаҳои ғайрифозиларо мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба назари Форобӣ вижагии умумӣ ва куллии ҳамаи мадинаҳои ғайрифозила он аст, ки хусусиятҳои мадинаи фозила дар онҳо таҳаққуқ намеёбад. Ба ҳамин сабаб онҳоро ғайрифозила меноманд. Ба ҳамин сабаб ҳеҷ як аз онҳо роҳи саодат ва хушбахтиро ба ҷомеа ва давлат пешниҳод карда наметавонанд.( Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-маданият. – Бейрут: Ҳилол, 1998. – C. 95.). Муваффақияти давлату ҷомеа ва риояи дурусти қонунгузорӣ миёни мардум, инчунин ҳифзу ҳимояи дурусти ҳуқуқу озодиҳои аҳли ҷомеа танҳо дар сурати мавҷудияти мадинаи фозила амалӣ мегардад. Аммо, дар сурати мавҷудияти яке аз мадинаҳои ғайрифозила ва ё табдил шудани мадинаи фозила ба он, натиҷаҳои мазкур ба даст нахоҳанд омад. Форобӣ чор намуди мадинаҳои ғайрифозиларо номбар ва таҳлил мекунад:
1. «Мадинаи ҷоҳила». Сарвару аҳли ин мадина аз пайи дарёфти ашёву чизҳои дуюмдараҷа буда, ҳеҷ гоҳ ба саодат намерасанд. Мардумони ин мадина на саодату хушбахтиро дарк мекунанд ва на ба зеҳнашон чунин чизеро роҳ медиҳанд. Агар шахсе онҳоро ба самти хушбахтию муваффақият роҳнамоӣ кунад, на мақсади ӯро мефаҳманд ва на аз пайи он ҳаракат менамоянд. Онҳо доиман дар ҳоли пайгирӣ намудани корҳое, монанди саломатии ҷисмонӣ, касби сарватҳои моддӣ, ба даст овардани лаззатҳои гуногун ва ғайра мебошанд. Дар ҳоле намедонанд, ки анҷоми ин корҳо дар зиндагӣ, албатта, зарурат доранд, аммо кифоят намекунанд. Дар қатори ин масоил ва волотар аз он корҳои дигаре низ аз вижагиҳои аҳли мадинаи фозила лозим ҳастанд, ки ҷиҳати такмил кардани корҳои аҳли мадинаи ҷоҳила онҳо низ бояд дар якҷоягӣ пайгирӣ ва анҷом дода шаванд.(Абунасри Форобӣ. Ороу аҳл ал-мадинат ал-фозила. – Бейрут: Ҳилол, 1995. – C. 127-128.) Яъне, онҳо танҳо қисме аз корҳои мардуми мадинаи фозиларо медонанд ва ба он амал менамоянд ва нисбат ба аксари вижагиҳои мардуми мадинаи фозила ҷоҳил буда, аз онҳо бехабаранд.
2. «Мадинаи фосиқа». Форобӣ аз мадинае ҳикоят мекунанд, ки фикру назари мардумони он айнан монанди аҳли мадинаи фозила аст, аммо дар амал аз ин таълимот онҳо пайравӣ намекунанд. Онҳо неку бадро дарк мекунад, аммо дар амал тибқи талаботи нек амал намекунанд. Ба ҳамин далел онҳоро аҳли мадинаи фосиқа меномад. Корҳоеро, ки мардум ва давлату ҷомеаро ба саодату хушбахтӣ ва муваффақият мерасонад медонанд ва ба онҳо бовар доранд , аммо худ тибқи он амал намекунанд, дар ҳоле, ки мардуми дигарро ба самти корҳои аҳли мадинаи фозила даъват менамоянд, аммо худашон дар амал аз мардуми мадинаи ҷоҳила пайравӣ менамоянд. (Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-маданият. – Бейрут: Ҳилол, 1998. – C. 95). Пас, дар фикру назар аҳли мадинаи фозиларо тарафдорӣ намуда, дигаронро низ ба он даъват менамоянд, аммо дар амал аз мардуми мадинаи ҷоҳила пайравӣ менамоянд.
3. «Мадинаи золла». Форобӣ давлатеро чунин номбар менамояд, ки мардумони он дар бораи ҳақиқатҳо ва корҳое, ки онҳоро ба саодат мерасонанд, ҳеч фаҳму дарке надоранд. Аз пайи корҳое ҳастанд, ки дар ҳеҷ ҳолате онҳоро ба саодату хушбахтӣ намерасонанд. Онҳо барои таҳаққуқи ҳадафҳои худ, зимни дурӣ кардан аз корҳои нек ва саодатманд, аз корҳои нодуруст ва ҳиллаву найранг баҳра мебаранд.( Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-маданият. – Бейрут: Ҳилол, 1998. – C. 95.).
4. «Мадинаи мубаддала». Ба андешаи Форобӣ аҳли мадинаи мубаддала касоне ҳастанд, ки комилан бар хилоф ва акси мардуми мадинаи фозила амал менамоянд. Мардум ва раиси он фасодзада ҳастанд, ба зулму ситам рӯй оварда, ҳеч гоҳ ҷониби мазлум ва ҷабрдидаро намегиранд(Абунасри Форобӣ. Ас-сиёсат ал-маданият. – Бейрут: Ҳилол, 1998. – C. 129). Яъне, комилан ҳар сифате, ки дар бораи сарвар ва аҳли мадинаи фозила зикр шуд, аҳли мадинаи мубаддала комилан онҳоро табдил намуда, нуқтаи муқобил ва зидди онро иҷро менамоянд.
Ғайр аз Мадинаи фозила ва мадинаҳои номбаршуда, дигар мадинаҳо низ вуҷуд доранд: мадинаи ҷоҳила, ки ба мадинаи фиреб (ҳадафи он серию пурӣ ва сарват аст), мадинаи разиливу бадбахтӣ (золла, мақсад ҳаловати шаҳвонӣ), мадинаи тағйирёбанда (ғояҳои мадинаи фозила дар он вуҷуд дорад, вале барои паҳн шудани тасаввуроту ақоиди ҷоҳила низ шароит фароҳам овардаанд), мадинаи шаҳватпарастӣ (мақсадаш ҳаловати шаҳвонӣ), мадинаи шуҳрастпарастӣ (мақсад майл ба шуҳрат, такаббур), мадинаи бероҳшуда (тасаввуроти ғалат оид камолоту саодат доранд) ва ғайра. Мадинаи фозила бо тартибот ва сифатҳои волои мардумаш аз дигар давлатҳо фарқ дорад.
Тараққии Мадинаи фозила бо рушди дониш ва накукорӣ ба амал меояд.
Ба ҷараёни рушди мадина ислом ё меъёрҳои ҳуқуқии он таъсир дорад ё на Форобӣ ишорае намекунад.
Форобӣ масоили вазифаҳои давлатро матраҳ намуда, хулоса намудааст, ки давлат бояд вазифаҳои мушаххасеро амалӣ намояд. Ба андешаи Форобӣ вазифаи муҳимтарини давлат:
§ якум, камолоти маънавии шахс барои расидан ба саодат буда, вазифаҳои дигари он ба ин вазифа тобеъ мебошанд. Ғайр аз ин, давлат - мадинаи фозила, аз ҷумла вазифаҳои зеринро дорад:
§ дуюм, таъмини моддии аҳолӣ;
§ сеюм, таълиму тарбия;
§ чорум, ҳифзи манфиати шаҳрвандон аз душмани дохила ва хориҷӣ ва қабули қонунҳоро дорад(Буризода Э.Б. Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Нашри 4. –Душанбе: Нашри мубориз, 2022. – С.71).
Хулоса, мутафаккири бузург Абунасри Форобӣ дар масоили давлат ва ҳуқуқ назари хоси худро дошта, як қатор андешаҳои бикр дар илм пешниҳод намудааст.
Буризода Эмомалӣ Бозор – доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳукуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Қодирзода Сайидмуссо Муҳибалӣ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти “Донишкадаи байналмилалии Данғара” МД ДБССТ.