Skip to main content

Гузаронидани аттестатсияи докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Санаи 21 октябри соли 2026 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайналобудин, маъмурият ва мудирони шуъбаҳо аттестатсияи докторантони PhD (курси 2 ва 3) баргузор гардид.

Дар рафти аттестатсия фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии докторантон дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла раванди таълифи рисолаҳои докторӣ, иҷрои нақшаи корҳои илмӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва иштироки онҳо дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ҳаматарафа баррасӣ карда шуд.

Директори Институт, профессор Мирзозода П.З. ва аъзои комиссия ба сифати таҳқиқоти илмии докторантон эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани рисолаҳо, баланд бардоштани сатҳи илмии мақолаҳо ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амалия ба онҳо тавсияву супоришҳои мушаххас доданд.

Аттестатсия дар руҳияи муҳокимаи созандаи илмӣ гузашта, фаъолияти докторантони курси 2 ва 3 мувофиқи талаботи мавҷуда арзёбӣ гардид.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст