Skip to main content

СИМПОЗИУМИ ҶАМЪБАСТИИ ЛОИҲАИ ITAG-SATREPS ВА ФОРУМИ МУШТАРАКИ SATREPS-И ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз, 22 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми ҷамъбастии лоиҳаи iTAG-SATREPS ва Форуми муштараки SATREPS-и Осиёи Марказӣ бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Ба кори симпозиум ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, ки соли 1992 оғоз гардидаанд, дар тӯли беш аз се даҳсола дар заминаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимоди тарафайн пайваста рушд ёфтаанд. Мардуми Тоҷикистон ба халқи Ҷопон, ки бо фарҳанги ғанӣ, меҳнатдӯстӣ, дастовардҳои барҷастаи илмӣ ва технологияҳои пешрафта машҳур аст, эҳтироми хос доранд. Ҳар ду кишвари мо ба рушди илм, маориф, навоварӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмию техникӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳанд.

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS таҳти унвони «Ташкили низоми таъминоти декарбонидашудаи энергия бо истифода аз насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар Тоҷикистон» намунаи равшани ҳамкории самараноки илмӣ ва технологӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи SATREPS бо иштироки Донишгоҳи Акита ва Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида, ба омӯзиши имкониятҳои истифодаи гармии зеризаминӣ, рушди технологияҳои камкарбон ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ равона шудааст.

Зикр гардид, ки ҳадафҳои лоиҳа ба афзалиятҳои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи васеи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мувофиқ мебошанд. Дар давоми панҷ соли татбиқи лоиҳа олимону мутахассисони Тоҷикистону Ҷопон як қатор натиҷаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ ба даст оварданд.

Қайд гардид, ки моделсозии обҳои зеризаминӣ ва интиқоли гармӣ анҷом дода шуда, имкониятҳои истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар шароити шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот харитаи иқтидори истифодаи гармии зеризаминӣ бо истифода аз усулҳои зеҳни сунъӣ таҳия гардида, арзёбии иқтисодии имкониятҳои густариши технологияҳои мазкур низ анҷом дода шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳим ба кор андохтани низоми намоишии насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Инчунин, дар Беморхонаи Мачитон иншооти намоишии дуюми низоми мазкур насб гардидааст, ки имконият медиҳад татбиқи чунин технологияҳо дар шароити воқеии истифода мавриди омӯзиш қарор гирад.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Кейко Фурута, дар суханронии хеш қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар солҳои охир ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши робитаҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS дар рушди технологияҳои муосири энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зист ва таҳкими ҳамкориҳои илмию техникии Тоҷикистону Ҷопон аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон зикр шуд, ки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ, метавонад ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, сарфаи нерӯи барқ, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисоди сабз мусоидат намояд. Истифодаи чунин технологияҳо дар шароити Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ба саҳми олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон дар татбиқи муваффақонаи лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки мубодилаи таҷриба, омодасозии мутахассисони ҷавон ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи симпозиум як зумра олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар оид ба раванди татбиқи лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS, натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта, дастовардҳои илмӣ ва амалии он, инчунин дурнамои истифодаи технологияҳои муосири энергетикӣ маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Зимни баромадҳо масъалаҳои истифодаи самараноки энергияи гармии зеризаминӣ, имкониятҳои татбиқи насосҳои гармӣ дар шароити иқлимии Тоҷикистон, моделсозии захираҳои обҳои зеризаминӣ, коҳиш додани истеъмоли нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои камкарбон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст