ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА САЗОВОР ГАРДИДАН БА ДИПЛОМ
Дар Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомии Ганҷавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои мубрами рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҳалли онҳо» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Сангинзода Дониёр фаъолона иштирок намуда, бо маърузаи илмӣ баромад кард. Мавзӯи маърузаи ӯ «Танзими ҳуқуқии хизматрасонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ дар соҳаи варзиш бахшида шуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.
Бо назардошти саҳми арзанда дар кори конференсия ва пешниҳоди маърузаи пурмуҳтаво, Сангинзода Дониёр санаи 15 октябри соли 2026 бо Дипломи махсуси донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Иштироки муовини директори Институт дар конференсияи сатҳи байналмилалӣ ва баёни мавзӯи муҳими танзими ҳуқуқии варзиш бори дигар собит мекунад, ки Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ саҳми худро дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ гузошта истодааст.