ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ МУБОРАК БОШАД!
Бо ифтихор хабар медиҳем, ки рисолаи номзадии муҳаққиқи ҷавон Тоҷиддини Баҳриддин, ки дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун унвонҷӯ ҳимоя намуда буд, бо фармоиш № 305/у Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2026 тасдиқ гардид.
Ҳамин тариқ, ба номбурда дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ тибқи ихтисоси 5.5.5. – Ҳуқуқи меҳнатӣ ва ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ дода шуд.
Ин дастовард на танҳо ифтихори шахсии муҳаққиқ, балки саҳми арзишмандест дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, беҳбуди муносибатҳои меҳнатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ дар кишвар.
Ба ҷавони боистеъдод ва олими ҷавон саломатӣ, комёбӣ ва дастовардҳои бузургтари илмӣ орзу мекунем!