ВОХӮРИИ СУДМАНДИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии маърифативу тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода И. Ҳ. ва сарходими илмии ҳамин шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Т.Қ. баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар андешаронӣ карданд. Аз ҷумла, зимни баромадҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд:
-
Дастовардҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ: Таъкид гардид, ки соҳибистиқлолӣ заминаи асосии пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм гардид.
-
Арзишҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хусусияти ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии давлат, инчунин кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун омили муҳими пойдории ҷомеа шарҳ дода шуд.
-
Амалишавии Барномаи таълиму тарбия барои солҳои 2020–2030: Нақши барнома дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ таъкид гардид.
-
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ки самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ва ҷавононро фаро мегиранд, мавриди аҳамияти махсус қарор гирифтанд.