ИБНИ СИНО ВА МАСЪАЛАҲОИ БИОЭТИКА ДАР АСРИ XXI: АРЗИШҲОИ АХЛОҚИИ ТИББИ КЛАССИКӢ ВА МУШКИЛОТИ ИЛМИ МУОСИР
(Ба истиқболи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино рӯзҳои 23-27 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса)
Абуалӣ ибни Сино (980–1037) на танҳо яке аз бузургтарин табибон ва файласуфони таърихи башарият, балки асосгузори бисёр принсипҳои ахлоқии фаъолияти тиббӣ низ мебошад. Осори ӯ, махсусан «ал-Қонун фи-т-тиб», дар тули чандин аср ҳамчун дастури асосии омӯзиши тиб дар кишварҳои Шарқ ва донишгоҳҳои Аврупо хизмат кардааст. Гарчанде истилоҳи «биоэтика» танҳо дар нимаи дуюми асри XX ба вуҷуд омадааст, бисёре аз принсипҳое, ки имрӯз биоэтика бар онҳо такя мекунад, дар таълимоти Ибни Сино мушоњида мегарданд, ки гувоњи равшани нубуғи фикрии мутафаккир аст. Имрӯзњо, дар шароити рушди босуръати биотехнология, муҳандисии генетикӣ, пайвандсозии узвҳо ва бофтањо, технологияҳои репродуктивӣ ва зеҳни сунъӣ дар тиб, масъалаҳои ахлоқӣ аҳаммияти бесобиқа пайдо намудаанд. Аз ин рӯ, омӯзиши мероси Ибни Сино метавонад барои таҳкими асосҳои ахлоқии тибби муосир саҳми арзишманд гузорад.
Дар таълимоти Ибни Сино инсон мавҷуди дорои арзиш ва каромати фитрӣ мебошад. Ҳадафи асосии фаъолияти табиб ҳифз ва барқарор намудани саломатии инсон аст. Аз ин рӯ, тиб набояд танҳо воситаи муолиҷа бошад, балки шакли хидмат ба инсон ва ҷомеа низ мебошад. Ин андеша имрӯз яке аз принсипҳои асосии биоэтика - эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, маҳсуб мегардад.
Яке аз муҳимтарин ғояҳои Ибни Сино зарурати эҳтиёткорӣ дар табобат мебошад. Ӯ таъкид мекард, ки табиб бояд, пеш аз ҳама, аз расонидани зарар худдорӣ намояд. Ин андеша имрӯз дар биоэтика ҳамчун принсипи «зарар нарасондан» эътироф шудааст, ки тасдиќкунандаи андешаи болост. Дар асри XXI ин принсип ҳангоми истифодаи технологияҳои генетикӣ, доруҳои таҷрибавӣ, роботҳои ҷарроҳ, зеҳни сунъӣ дар ташхис, терапияи ҳуҷайравӣ ва амсоли инњо аҳаммияти махсус дорад.
Ибни Сино фаъолияти табибро бо манфиати бемор алоқаманд медонист. Дар биоэтикаи муосир ин ғоя ҳамчун принсипи «амал кардан ба нафъи бемор» қабул гардидааст. Табиб бояд, танҳо ба манфиати бемор амал кунад, аз манфиатҳои шахсӣ худдорї намояд ва масъулияти касбӣ дошта бошад.
Дар осори Ибни Сино шахсияти табиб ҷойгоҳи хос дорад. Ба андешаи ӯ, табиб бояд касбияти баланд дошта, донишманд, ростқавл, хоксор бошад ва бо бемор муносибати самимӣ дошта, сирри беморро нигоҳ дорад. Ин талабот имрӯз дар кодексҳои байналмилалии ахлоқи тиббӣ низ ҷой гирифтааст. Ибни Сино ҳифзи асрори беморро яке аз вазифаҳои табиб медонист. Имрӯз масъалаи махфияти маълумоти тиббӣ бо рушди технологияҳои рақамӣ боз ҳам муҳимтар гардидааст. Сабтҳои электронӣ, маълумоти генетикӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ масъалаҳои нави ҳифзи маълумоти шахсиро ба миён овардаанд.
Бо вуҷуди он ки дар давраи Ибни Сино технологияҳои фавқуззикр вуҷуд надоштанд, аммо ин принсипҳои муайяннамудаи ӯ метавонанд чун меъёри ахлоқ арзёбӣ шаванд. Масалан, посух ба саволҳои «оё тағйир додани геноми инсон аз нигоҳи ахлоқӣ дуруст аст?», «то кадом андоза метавон ба табиат дахолат кард? », «ҳудуди озодии илм то кадом ҳад аст?» ва ғайра бояд бо эҳтиром ба арзиши инсон ва масъулияти илмӣ дода шавад.
Имрӯзњо зеҳни сунъӣ дар фаъолияти тиббӣ хеле фаровон истифода мешавад ва дар ташхиси беморӣ, дар таҳлили тасвирҳои тиббӣ, интихоби табобат, дар ҷарроҳии роботӣ ва ғайра истифода мешавад, аммо қарорҳои ниҳоӣ бояд масъулияти инсонро иваз накунанд. Дар фалсафаи Ибни Сино ақл воситаи дарки ҳақиқат аст, аммо он бояд бо ахлоқ ва масъулият ҳамроҳ бошад, ки бо принсипи мазкур айният дорад.
Аҳамияти таълимоти Ибни Сино барои биоэтикаи ҷаҳонӣ хеле назаррас мебошад. Мероси Ибни Сино имрӯз метавонад дар ташаккули биоэтикаи байналмилалӣ, этикаи касбӣ, ахлоқи илмї, ахлоқи истифодаи технологияҳои нав нақши муҳим бозад. Ӯ нишон медиҳад, ки рушди илм бояд ҳамеша бо масъулияти ахлоқӣ ҳамроҳ бошад.
Аз ин рӯ, имрӯз инсоният бо масъалаҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки Ибни Сино онҳоро мустақиман баррасӣ накардааст, аммо принсипҳои умумии ахлоқии пешниҳоднамудаи ӯ барои ҳалли онҳо аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ доранд. Арзиши инсон, масъулияти табиб, зарар нарасондан, амал ба манфиати бемор, ҳифзи сирри тиббӣ ва ҳамоҳангии илм бо ахлоқ аз ҷумлаи он арзишҳое мебошанд, ки метавонанд барои рушди биоэтикаи асри XXI ҳамчун пояи устувор хизмат намоянд.
Ҳамин тавр, дар шароити пешрафти босуръати биотехнология ва зеҳни сунъӣ, муроҷиат ба мероси Ибни Сино на танҳо аҳаммияти таърихӣ, балки аҳаммияти амалӣ низ дорад. Таълимоти ӯ нишон медиҳад, ки илм ва технология танҳо дар сурате ба манфиати инсоният хизмат мекунанд, ки бо меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон ва масъулияти иҷтимоӣ ҳамоҳанг бошанд. Маҳз ҳамин ғояҳо имрӯз низ дар меҳвари биоэтикаи ҷаҳонӣ қарор доранд ва бо рисолати Ҷоизаи ЮНЕСКО ба номи Авитсенна оид ба ахлоқи илм ҳамоҳанг мебошанд.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич –дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иљҷимоии факултети фалсафаи ДМТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.