СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз 11 августи соли 2026 намояндагон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи Телевизиони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзӯи асосии баромади олимон ба арзёбии нақши тақдиргарсози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бахшида шуд.
Дар ин барнома суханронӣ намуданд:
-
Сангинзода Дониёр — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
-
Ҷабборов Фарҳодҷон — ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Дар рафти суҳбат олимон аҳамияти таърихии соҳибистиқлолӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории муосир ва дастовардҳои илми ҳуқуқшиносиро дар давраи истиқлол амиқу фарогир шарҳу тавзеҳ доданд.