Skip to main content

НАШРИ МОНОГРАФИЯИ БУНЁДӢ ДАР ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи бунёдии «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари низоми ҳуқуқӣ ва давлатдорӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе: МН "Дониш", 2026. -263 саҳ.)-ро нашр намуд.

📖 Муаллифон:
• Мирзозода Парвон Зайналобуддин — директори институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
• Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
• Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн — мудири шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
• Қодирзода Тоҳир Қамар — сарходими илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

🔍 Муҳаррири илмӣ:
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт — Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

📝 Муқарризон:
• Зоир Ҷурахон Маҷид — мудири шуъбаи масоили мубраими илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
• Азизода Убайдулло Абдулло — мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

📑 Монография аз 12 боб иборат буда, мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи низоми ҳуқуқӣ ва давлатдории тоҷикон;

  • Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори истиқлоли давлатӣ ва бунёдгари давлати навини тоҷикон;

  • Нақши паёмҳои Президент дар эҳёи афкори сиёсӣ, фарҳанги ниёгон ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ;

  • Нақши паёмҳои Президент дар ташаккулёбии маърифати ҳуқуқӣ;

  • Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;

  • Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;

  • Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат;

  • Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамчун омили калидии ҳифзи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва пойдории ҳуқуқии давлат;

  • Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули дипломатияи экологӣ;

  • Амалисозии ҳадафҳои ободкорӣ ва созандагӣ дар сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • Пешвои миллат — рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, кафили сулҳу ваҳдати миллӣ ва меъмори давлати ҳуқуқбунёд;

  • Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат.

Монографияи мазкур саҳми бунёдии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи низоми ҳуқуқӣ ва давлатдории тоҷикон, аз барқарорсозии сулҳ баъди ҷанги шаҳрвандӣ то таҳияи Конститутсия, кодексҳо ва беш аз 400 қонунҳо, ки заминаи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар Тоҷикистон фароҳам овардаанд, таҳлил менамояд.

Ин нашр ҳадиёи арзанда ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад!

1

 

 

2

 

3

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст