ДАР ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ РӮЗИ ТАНТАНАВӢ!
21 августи соли 2026 дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ: ташаккул ва танзими ҳуқуқӣ» Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавиеро баргузор намуд.
Дар ин рӯз барои дастовардҳои меҳнатӣ кормандони институт ва барои ҳамкории судманд меҳмонони ҳамоиши илмӣ ба Ифтихорномаи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ сарфароз гардонида шуданд.