Skip to main content

ХУШХАБАР: Таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2026 (№8) ва фармоиши раиси Комиссия аз 31 июли соли 2026 (№296/шд), дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд.

Шуро барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ зерин салоҳият дорад:

  • Доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисосҳои:

  • Номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси:

    • 6D030105 – Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ;

    • 6D030201 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо.

    • 5.5.5 – Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ;

    • 5.5.10 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо.

Рамзи шуро: 6D.KOA-137
Ҳайати шуро – 11 нафар олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла докторони илм аз Тоҷикистон ва Русия, таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло.

Ин шуро барои дифои рисолаҳои илмӣ дар самти ҳуқуқи меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи Аврупо шароити мусоид фароҳам меорад ва ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст