МУҲАҚҚИҚИ СЕРМАҲСУЛ ВА ПОЯГУЗОРӢ МАКТАБИ МУОСИРИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
(Ба муносибати 75-солагии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич)

Дар таърихи рушди илми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон олимоне ҳастанд, ки фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии онҳо бо марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз чунин чеҳраҳои намоёни илми ҳуқуқи Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Одинаевич Раҷабов мебошанд, ки санаи 1 сентябри соли ҷорӣ ба синни мубораки 75 расиданд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи ташаккули мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус пайдо кард. Барои давлати мустақил доштани мутахассисоне зарур буд, ки на танҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро донанд, балки тавонанд масъалаҳои татбиқи онҳоро дар шароити миллӣ таҳлил намоянд. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.О. ба таҳқиқи масъалаҳое равона гардид, ки барои давлати навини Тоҷикистон аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ доштанд.
Фаъолияти чандинсолаи профессор С.О. Раҷабов намунаи содиқона хизмат кардан ба илм, таълим ва тарбияи насли нави ҳуқуқшиносон мебошад. Самти асосии фаъолияти илмии устод Раҷабов С.О. ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ буда, махсусан масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ, ҳалли низоъҳо, ҳуқуқи байналмилалии об, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар меҳвари таҳқиқоти ӯ қарор доранд.
Профессор С.О. Раҷабов солҳои тӯлонӣ фаъолияти худро ба рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бахшидааст. Таҳсилоти ҳуқуқии ӯ ва таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти илмӣ заминаи ташаккули як мактаби илмии ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ нигаронидашударо фароҳам овардааст.
Ӯ аз ҷумлаи олимоне гардид, ки масъалаи имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз самтҳои мустақили таҳқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини фаъолияти илмии профессор С.О. Раҷабов диссертатсияи доктории ӯ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байанлмилалии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назария ва амалӣ” мебошад. Аҳамияти ин таҳқиқот дар он аст, ки муаллиф масъалаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро на танҳо аз нуқтаи назари назариявӣ, балки дар робита бо таҷрибаи Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор додааст. Дар ин таҳқиқоти бунёдӣ мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, хусусиятҳои низоъҳои мусаллаҳона, шаклҳои имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ ва механизмҳои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ шудаанд. Ин таҳқиқот барои рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад, зеро масъалаи иҷрои санадҳои байналмилалии башардӯстона дар заминаи ҳуқуқи миллии Тоҷикистон ба сатҳи таҳқиқоти мукаммали илмӣ бароварда шудааст.
Самтҳои муҳими дигари фаъолияти илмии профессор С.О. Раҷабов омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқии ҳалли низоъи дохилии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он мебошад. Дар соли 2004 мақолаи илмӣ таҳти унвони «Анализ правовых аспектов конфликта в Таджикистане и его разрешения» дар маҷаллаи «Московский журнал международного права» ба табъ расидааст. Ин самти таҳқиқоти ӯ аҳамияти хос дорад, зеро масъалаи сулҳ ва оштии миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо аҳамияти сиёсӣ ва таърихӣ, балки аҳамияти ҳуқуқӣ низ дошт. Омӯзиши заминаҳои ҳуқуқии низоъ, механизмҳои ҳалли он ва нақши меъёрҳои байналмилалӣ дар ин раванд барои ташаккули назарияи ҳуқуқии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.
Профессор С.О. Раҷабов ҳамчунин ба нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Аз ҷумла, мақолаи илмии мавсуф дар мавзуи «Роль ООН в разрешении вооруженного конфликта в Таджикистане», ки соли 2008 дар «Московский журнал международного права» нашр шудааст, ба ин масъала бахшида шудааст.
Ин таҳқиқотҳо имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд, зеро таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли мусолиматомези низоъ метавонад ҳамчун яке аз намунаҳои муҳими таҷрибаи байналмилалии сулҳофарӣ ва оштии миллӣ омӯхта шавад.
Самти дигари муҳими фаъолияти профессор Раҷабов С.А. ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ мебошад. Ӯ ба масъалаҳои ҳуқуқии Статути Римии Суди байналмилалии ҷиноятӣ низ таваҷҷуҳ намуда, дар соли 2005 мақолаи «Военные аспекты Римского статута Международного уголовного суда»-ро нашр намуд. Ин далели фаъолияти илмии профессор С.О. Раҷабов мебошад, ки танҳо ба як самти маҳдуди ҳуқуқи байналмилалӣ маҳдуд нашуда, масъалаҳои мураккаби ҳуқуқи байналмилалии муосирро фаро гирифтааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти илмии профессор С.О. Раҷабов таваҷҷуҳ ба омӯзиши сарчашмаҳои таърихии ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар таҳқиқоти солҳои охири ӯ ба осори мутафаккирони форсу тоҷик, аз ҷумла ба масъалаҳои дипломатия ва ҳуқуқи муносибатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аз ҷумла, мақолаи мавсуф “Дастур ал-Мулук”-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ҳамчун сарчашмаи нодир ва муҳимми ҳуқуқи робитаҳои хориҷӣ» ба нақши сафир, қоидаҳои интихоб ва таъини сафир, талабот нисбат ба намояндаи дипломатӣ ва аҳамияти дипломатия дар рушди муносибатҳои берунии давлат бахшида шудааст. Дар ин мақола нишон дода мешавад, ки омӯзиши осори таърихӣ метавонад барои дарки пайдоиш ва рушди институти дипломатия аҳамияти илмӣ дошта бошад.
Доираи таҳқиқоти профессор С.О. Раҷабов дар солҳои охир масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии меҳнатро низ фаро гирифтаанд. Мақолаи илмии устод бо номи «Акты МОТ: правовая природа и их место в системе источников трудового права Республики Таджикистан», ки соли 2021 нашр шудааст, ба таҳлили табиати ҳуқуқии санадҳои Созмони байналмилалии меҳнат ва ҷойгоҳи онҳо дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин мақола конвенсияҳо, тавсияҳо, эъломияҳо ва дигар санадҳои МОТ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ин самти таҳқиқот махсусан муҳим аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони байналмилалии меҳнат уҳдадориҳои байналмилалии меҳнатиро ба зимма дорад ва масъалаи муносибати байни стандартҳои байналмилалии меҳнат ва қонунгузории миллӣ аҳамияти назариявию амалӣ пайдо кардааст.
Кору пайкори профессор С.О. Раҷабов тӯли солҳои зиёд бо фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Профессор С.О. Раҷабов аз соли 2006 то соли 2011 ҳамчун мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2011 о соли 2025 ҳамчун мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 2025 то инҷониб ҳамчун мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рушди ин самти илмӣ ва ташкили фаъолияти илмии муҳаққиқон мусоидат карда истодааст. Дар давраи фаъолияти ӯ ин шуъба ба яке аз марказҳои муҳими таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Ӯ ҳамчун роҳбар ва мушовири илмӣ дар омодасозии муҳаққиқони ҷавон бевосита иштирок менамояд. Табиист, ки мактаби илмӣ танҳо тавассути китобҳо ва мақолаҳо ташаккул намеёбад, он пеш аз ҳама тавассути тарбияи муҳаққиқони нав, интиқоли таҷриба ва ташаккули фарҳанги илмӣ ба наслҳои баъдӣ идома меёбад.Таҳти роҳбарии устод С.О. Раҷабов зиёда аз 10 нафар муҳаққиқони ҷавон дар замони Истиқлолидавлатӣ оид ба масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки аҳамияти мактаби илмии устодро нишон медиҳад. Маҳз дар ҳамин маъно профессор С.О. Раҷабовро метавон аз ҷумлаи намояндагони насли олимоне донист, ки барои ташаккули мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд.
Профессор С.О. Раҷабов муаллифи зиёда аз 450 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ мебошад. Гуногунрангии мавзӯъҳои таҳқиқотии устод С.О. Раҷабов нишон медиҳад, ки фаъолияти илмии номбурда хусусияти маҷмуӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар робитаи зич бо давлатдорӣ, ҳуқуқи инсон, сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ таҳлил менамояд.
Профессор С.О. Раҷабов соҳиби натанҳо дастовардҳои беназири илмӣ балки дорои хислатҳои неки инсонӣ: аз қабили масъулиятшиносӣ, садоқат ба илм, таҷрибаи касбӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳаққиқони ҷавон мебошад.
Барои ҳамкорон ва шогирдон ӯ пеш аз ҳама асосгузори мактаби илмие мебошад, ки дар он дониш, таҷрибаи касбӣ ва эҳтиром ба илм бо ҳам пайваст шудаанд.
Фаъолияти чандинсолаи устод С.О. Раҷабов нишон медиҳад, ки ӯ илмро на ҳамчун воситаи расидан ба унвони илмӣ, балки ҳамчун рисолати касбӣ ва иҷтимоӣ қабул ва амалӣ намуда истодааст. Маҳз ҳамин муносибат ба фаъолияти илмии ӯ пайвастагии дохилӣ ва устуворӣ бахшидааст.
75-солагӣ барои олим танҳо ҷашни синну сол нест. Ин фурсатест барои ҷамъбасти роҳи тайкардашуда, арзёбии саҳми илмӣ ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи фаъолияти эҷодӣ. Роҳи илмии профессор С.О. Раҷабов намунаи фаъолияти пайваста ва ҳадафмандона мебошад. Аз таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқии низоъ дар Тоҷикистон то таҳлили муосири ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, аз масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ то ҳуқуқи муносибатҳои хориҷӣ ва дипломатия, тамоми ин самтҳо бо як ғояи умумӣ: таҳкими нақши ҳуқуқ дар таъмини сулҳ, адолат, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон пайвастанд.
Дар ин замина, 75-солагии устоди муҳтарамро метавон ҳамчун ҷашни на танҳо як донишманди соҳибэҳтиром, балки ҷашни яке аз намояндагони насли ташаккулдиҳандаи мактаби муосири ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи фаъоли худро таҳким мебахшад ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ торафт мураккабтар мегарданд, таҷрибаи олимоне чун профессор С.О. Раҷабов аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дониш, таҷрибаи илмӣ, таҳқиқоти бисёрсолаи ӯ ва фаъолияти омӯзгорию роҳбарӣ барои насли нави ҳуқуқшиносон сарвати арзишманди илмӣ мебошанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки кору пайкори профессор С.О. Раҷабов дар таърихи рушди илми ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун олими соҳибтаҷриба, муҳаққиқи масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбиятгари кадрҳои ҷавон ва яке аз ташаккулдиҳандагони мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.
Бо камоли эҳтиром, устоди гиромӣ Раҷабов Саидумар Одинаевичро ба муносибати 75-солагии умри пурбаракат ва фаъолияти пурсамари илмӣ муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи эҷодӣ, комёбиҳои нави илмӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоем.
75-солагии умри бобаракат - марҳилаи нави таҷриба, хирад ва эҷодкорӣ ҳумоюн бошад!
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, д.и.ҳ., сарходими илмии шуъбаи
илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ