УСТОДИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИМОИ БАРҶАСТАИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(бахшида ба 75-солагии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Раҷабов)
Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки арзиши фаъолияти онҳо танҳо бо шумораи солҳои умр ё вазифаҳои ишғолкардаашон чен намешавад. Меъёри аслии бузургии чунин инсонҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо то чӣ андоза тавонистаанд ба пешрафти маънавӣ, илмӣ ва касбии ҷомеа таъсир расонанд, мактабе бунёд намоянд ва пас аз худ шогирдоне гузоранд, ки роҳи оғозкардаи устодро идома медиҳанд. Дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистони соҳибистиқлол профессор Саидумар Раҷабов аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсиятҳои мактабсоз мебошад. 1 сентябри соли 2026 ин олими шинохта ба синни мубораки 75 қадам мегузорад, вале фаъолияти пурбори илмӣ, эҷодӣ ва ҷамъиятии ӯ ҳамоно бо неруи ҷавонӣ идома дорад.
Номи профессор Саидумар Раҷабов имрӯз пеш аз ҳама бо ташаккул ва таҳкими илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон пайванд хӯрдааст. Ӯ аз нахустин муҳаққиқонест, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зарурати ташкили таҳқиқоти низомманд дар ин соҳа, омода намудани кадрҳои миллӣ, ба забони тоҷикӣ таҳия кардани адабиёти таълимӣ ва коркарди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ-ҳуқуқиро ба миён гузошт. Аз ҳамин ҷиҳат, 75-солагии ӯ танҳо ҷашни шахсии як донишманд нест. Ин сана барои муҳити ҳуқуқшиносии кишвар фурсати муносибест, то ба роҳи тайкардаи яке аз поягузорони мактаби миллии ҳуқуқи байналмилалӣ назар афканем ва аҳаммияти мероси илмии ӯро аз дидгоҳи имрӯз арзёбӣ намоем.
Саидумар Раҷабов 1 сентябри соли 1951 дар деҳаи Меҳнати ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи заҳматкаш ба дунё омадааст. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии ӯ дар муҳите гузаштаанд, ки меҳнатдӯстӣ, эҳтироми омӯзгор ва талош барои дониш арзиши баланд доштанд. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ соли 1966-1967 курсҳои яксолаи тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоиро гузашта, ҳанӯз дар синни ҷавонӣ фаъолияти омӯзгориро оғоз намуд. Соли 1968 ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Запорожйе дохил шуда, соли 1972 онро бо дипломи аъло хатм кард. Ихтисоси аввалини ӯ омӯзгори забони англисӣ буд ва маҳз ҳамин заминаи қавии забонӣ баъдтар дар тамоми фаъолияти илмӣ ва байналмилалии ӯ нақши муҳим бозид.
Солҳои 1972-1973 ва баъдан 1974-1977 Саидумар Раҷабов дар мактаби миёна ҳамчун омӯзгори забони англисӣ кор кард. Байни ин ду марҳила, солҳои 1973-1974, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо намуд. Аз соли 1977 марҳилаи нав ва хеле масъули ҳаёти ӯ оғоз шуд: кор ва таҳсил дар сохторҳои амнияти давлатӣ. Солҳои 1987-1990 дар аспирантураи рӯзонаи Мактаби олии Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС дар Москва таҳсил намуда, соли 1991 рисолаи номзадии худро ҳимоя кард. Ин таҷриба ба ӯ имкон дод, ки ҳуқуқро на танҳо аз мавқеи назариявӣ, балки аз дидгоҳи амнияти давлатӣ, масъулияти хизматӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дарк намояд.
Моҳи июли соли 1992 ӯ ба Душанбе баргашт ва то соли 1998 дар мақомоти роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ҳамин давраи ҳассос, ки давлати ҷавони тоҷик ба сулҳу субот ва таҳкими сохторҳои давлатӣ ниёз дошт, Саидумар Раҷабов дар таъсиси Мактаби олии мақомоти амнияти давлатӣ саҳм гузошта, ба ҳайси муовини роҳбар оид ба таълим ва илм ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбар фаъолият кард. Соли 1998 бо рутбаи полковник ба истеъфо баромад, аммо таҷрибаи хизматӣ дар тамоми фаъолияти минбаъдаи ӯ ҳамчун як мактаби интизом, масъулият ва садоқат ба давлат боқӣ монд.
Аз моҳи сентябри соли 1998 то апрели соли 2006 фаъолияти ӯ бо Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон пайваст гардид. Дар ин муассиса ба сифати дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ ва профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ кор кард. Соли 2002 соҳиби унвони илмии дотсент шуд. Маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳи илмии ӯ ҳарчи бештар ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва муносибатҳои байналмилалӣ равона гардид.
Марҳилаи ҳалкунанда дар зиндагии илмии профессор соли 2008 фаро расид. 5 ноябри ҳамон сол ӯ дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар шаҳри Москва рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ» аз рӯйи ихтисоси 12.00.10 — ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ бомуваффақият ҳимоя намуд. Бо ин ҳимоя ӯ аввалин доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ гардид. Соли 2023 ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд.
Аз 6 апрели соли 2006 сар карда, фаъолияти асосии илмии Саидумар Раҷабов бо Академияи илмҳо, имрӯз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пайвастааст. Ӯ дар тӯли солҳои зиёд роҳбарии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда дошт: нахуст дар Институти давлат ва ҳуқуқ, баъдан пас аз тағйироти сохторӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинов ва аз декабри соли 2025, баъди аз нав ҷудо шудани пажӯҳишгоҳҳо, ҳамчун мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Ин пайдарҳамӣ нишон медиҳад, ки номи ӯ бо худи ташаккул ва устувории ин самти илмӣ дар низоми академии кишвар тавъам аст.
Фаъолияти илмии профессор С. Раҷабов аз нигоҳи мавзӯӣ васеъ, вале аз нигоҳи мантиқӣ муттаҳид аст. Агар осори ӯро дар маҷмӯъ таҳлил намоем, метавон дид, ки дар маркази аксари таҳқиқот масъалаи ҳифзи инсон, амнияти давлат, сулҳу субот, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон қарор дорад. Дар китобномаи 70-солагии устод шаш самти асосии таваҷҷуҳи илмии ӯ муайян шуда буд: масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ; низоъшиносӣ; омили исломӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ; мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии об ва муҳити зист; инчунин масъалаҳои забоншиносӣ ва таълими забонҳои хориҷӣ. Осори панҷ соли охир нишон медиҳад, ки ин самтҳо на танҳо идома ёфтаанд, балки бо масъалаҳои нав — амнияти иттилоотӣ, киберҷинояткорӣ, дипломатияи сулҳ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид ва таҳаввули низоми байналмилалӣ — ғанӣ гардидаанд.
Самти аввал ва меҳварии фаъолияти ӯ — назария ва таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Профессор дар осори худ ҳуқуқи байналмилалиро ҳамчун низоми зиндаи меъёрҳо ва принсипҳо арзёбӣ мекунад, ки ҳамзамон бо рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байни халқҳо тағйир меёбад. Аз ин ҷиҳат, асарҳои «Ҳуқуқи байналмилалӣ», «Ҳуқуқи робитаҳои беруна», «Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ», «Универсальная юрисдикция в международном уголовном праве», «Международные суды и трибуналы» ва дигар китобу мақолаҳои ӯ на танҳо барои омӯзиши назарияи соҳа, балки барои ташаккули забони илмии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аҳаммият доранд.
Дар ин самт махсусан силсилаи шашҷилдаи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ҷойгоҳи хос дорад. Қисмҳои ин асар солҳои 2019-2024 ба табъ расидаанд. Арзиши асосии силсила дар он аст, ки муаллиф таърихи ҳуқуқи байналмилалиро танҳо аз нуқтаи назари анъанаи аврупоӣ баррасӣ намекунад, балки саҳми тамаддунҳои Осиёи Марказӣ, анъанаҳои давлатдорӣ, аҳдномаҳо, афкори мутафаккирон ва таҷрибаи дипломатии халқҳои минтақаро ба доираи таҳқиқ меорад. Ин равиш барои илми миллӣ аҳаммияти усулӣ дорад: он ба насли ҷавон нишон медиҳад, ки фарҳанги ҳуқуқӣ ва дипломатии тоҷикон решаҳои таърихии амиқ дошта, мероси миллӣ метавонад қисми муҳими таърихи умумии ҳуқуқи байналмилалӣ бошад.
Китоби дарсии «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои магистрантон ва докторантони PhD, ки соли 2025 дар ҳаҷми 500 саҳифа нашр шудааст, идомаи мантиқии фаъолияти дарозмуддати омӯзгории профессор мебошад. Дар ин асар таҷрибаи чандинсолаи таълими фан, таҳқиқоти назариявӣ ва зарурати мутобиқ намудани донишҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба ниёзҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳам омадаанд. Барои илми Тоҷикистон чунин китобҳо аҳаммияти стратегӣ доранд, зеро бе адабиёти босифати миллӣ ташаккули мутахассиси мустақил ва тафаккури ҳуқуқии миллӣ имконнопазир аст.
Самти дуюми муҳими таҳқиқоти профессор — ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва низоъҳои мусаллаҳона мебошад. Мавзӯи рисолаи доктории ӯ низ маҳз ба имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар асарҳои «Международное гуманитарное право в Республике Таджикистан», «Международно-правовые аспекты урегулирования вооруженного конфликта в Таджикистане», «Военные преступления как серьезные нарушения норм международного гуманитарного права» ва таҳқиқоти сершумори баъдӣ масъалаҳои ҳифзи қурбониёни низоъ, таснифи низоъҳои мусаллаҳона, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақши СММ ва роҳҳои сулҳомези ҳалли муноқишаҳо таҳлил шудаанд.
Аҳаммияти ин самт барои Тоҷикистон аз таҷрибаи таърихии худи кишвар бармеояд. Миллати тоҷик дар солҳои 1990-ум талхии низои дохилиро чашид ва баъдан бо иродаи сиёсӣ ва хиради миллӣ ба сулҳу ризоият расид. Профессор С. Раҷабов ин таҷрибаро на танҳо ҳамчун як воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун объекти таҳқиқи ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Осори нави ӯ дар бораи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳаммияти он барои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ин хатти таҳқиқотро идома медиҳад. Ин ҷо илм бо ватандӯстӣ пайваст мешавад: таҳқиқи сулҳи тоҷикон барои ӯ ҳамзамон таҳқиқи як арзиши миллӣ ва пешниҳоди таҷрибаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Самти сеюм — ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ ва мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ мебошад. Профессор аз аввалин муҳаққиқони кишвар аст, ки масъалаҳои фаъолияти Суди байналмилалии ҷиноятӣ, юрисдиксияи универсалӣ, терроризм, гаравгонгирӣ, зархаридӣ ва ҷиноятҳои байналмилалиро ба таври муназзам таҳқиқ кардааст. Монографияҳои «Становление и развитие Международного уголовного суда», «Универсальная юрисдикция в международном уголовном праве» ва «Актуальные проблемы борьбы с преступностью в международном уголовном праве» ба ин раванд заминаи назариявӣ гузоштанд. Дар солҳои охир ин самт бо таҳқиқоти киберҷинояткорӣ ва таҳдидҳои нави фаромиллӣ васеъ шудааст.
Самти чорум — ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об ва ташаббускори барномаҳои глобалии обӣ ниёзманд ба таҳқиқоти мустаҳками ҳуқуқӣ дар ин самт аст. Профессор С. Раҷабов дар монография ва мақолаҳои худ масъалаҳои истифодаи обҳои фаромарзӣ, ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, дипломатияи об, амнияти экологӣ ва имплементатсияи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро баррасӣ намудааст. Монографияи «Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об», ки соли 2018 дар ҳаммуаллифӣ ба нашр расид, аз ҷумлаи корҳои муҳими ин самт мебошад. Бо ҳамин, ӯ дар ташаккули заминаи назариявии ҳуқуқи байналмилалии об дар кишвар низ саҳми арзанда гузоштааст.
Самти панҷум — омӯзиши робитаи тамаддун, дин ва ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Осори ӯ оид ба омили исломӣ, ҳуқуқи башардӯстии мусулмонӣ, афкори Имоми Аъзам, саҳми мутафаккирони тоҷик ва исломофобия нишон медиҳад, ки профессор кӯшиш мекунад падидаҳои муосири сиёсиву ҳуқуқиро дар заминаи тамаддунӣ таҳлил намояд. Ин равиш имконият медиҳад, ки байни арзишҳои умумибашарӣ ва мероси маънавии минтақа робитаи илмӣ пайдо карда шавад ва ҳамзамон аз истифодаи сиёсишудаи дин барои ифротгароӣ ва хушунат фарқ гузошта шавад.
Самти шашум — забоншиносӣ ва фарҳанги забонӣ мебошад. Шояд дар назари аввал ин самт аз ҳуқуқи байналмилалӣ дур намояд, аммо дар зиндагии илмии профессор чунин нест. Донистани забон барои ҳуқуқшиноси байналмилалӣ воситаи мустақими дастрасӣ ба сарчашма, муошират бо муҳаққиқони хориҷӣ ва иштирок дар муҳокимаҳои касбӣ аст. Профессор забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекиро ба дараҷаи аъло медонад. Осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст; ӯ ҳамчунин муаллифи корҳои забоншиносӣ ва луғатҳои махсус мебошад. Ин қобилияти чандзабонӣ ба таҳқиқоти ӯ паҳнои байналмилалӣ бахшида, дар тарбияи шогирдон низ ҳамчун намунаи касбӣ хизмат мекунад.
Рӯйхати осори профессор С. Раҷвбов ҳоло зиёда аз 451 номгӯйро дар бар мегирад. Ин рақам танҳо нишондиҳандаи миқдорӣ нест; он бозгӯи интизоми эҷодӣ, пайгирии пайвастаи рӯйдодҳои байналмилалӣ ва қобилияти пайвастани назарияи ҳуқуқ бо масъалаҳои рӯз мебошад.
Дар миёни осори солҳои охир китобу таҳқиқоти калонҳаҷм, мақолаҳои илмӣ, маводи конференсияҳо ва корҳои илмӣ-оммавӣ ба забонҳои гуногун ҷой доранд. «Международные суды и трибуналы» (2024), қисми шашуми «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» (2024) ва «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои магистрантону докторантони PhD (2025) нишон медиҳанд, ки профессор дар синни беш аз ҳафтодсолагӣ ҳамоно ба таҳияи асарҳои бунёдӣ машғул аст.
Дар солҳои 2025-2026 доираи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ӯ боз ҳам васеъ гардидааст: паноҳгоҳи дипломатӣ, имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ, таърихи дипломатияи тоҷик, нақши мурофиаи Нюрнберг, ҳифзи қабати озон ва тағйирёбии иқлим, ислоҳоти СММ, фарҳанги сулҳ, киберҷинояткорӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар доираи СҲШ, ҳифзи кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи сулҳ. Чунин гуногунмавзӯӣ танҳо дар ҳолате самаранок аст, ки муҳаққиқ дорои заминаи васеи назариявӣ ва таҷрибаи амиқи байналмилалӣ бошад. Дар мавриди профессор Раҷабов маҳз ҳамин ду омил бо ҳам пайвастаанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки як қисми осори нав ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин ҷиҳат фаъолияти ӯро аз доираи таҳқиқоти «кабинетӣ» берун мебарорад. Олим рӯйдодҳои байналмилалиро аз мавқеи ҳуқуқӣ шарҳ медиҳад, моҳияти ташаббусҳои кишварро ба забони илм ва омма мефаҳмонад ва бо ҳамин дар рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳм мегузорад. Барои ҳуқуқшиноси байналмилалӣ чунин фаъолият муҳим аст, зеро ҳуқуқи байналмилалӣ танҳо маҷмӯи шартномаҳо нест; он забони ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ ва яке аз василаҳои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии шахсияти олим на танҳо шумораи асарҳояш, балки қобилияти ӯ дар омода намудани насли нави муҳаққиқон мебошад. Аз ин ҷиҳат, саҳми профессор Саидумар Раҷабов дар илми ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Ӯ орзуи ташаккули мактаби тавонои миллии ҳуқуқи байналмилалиро дошт — мактабе, ки «бриллиантҳои» худро ба майдони илми ҷаҳонӣ мебарорад ва манфиатҳои Тоҷикистонро бо забони ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимоя мекунад. Имрӯз метавон гуфт, ки ин орзу ба воқеият табдил ёфтааст.
Таҳти роҳбарии ӯ як рисолаи докторӣ ва нӯҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя шудаанд. Дар солҳои охир низ шогирдони ӯ аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ рисолаҳои худро бомуваффақият дифоъ кардаанд. Аз ҷумла, рисолаҳо оид ба истифодаи ҳуқуқии обҳои фаромарзӣ, принсипи юрисдиксияи универсалӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо роҳбарӣ ё мушовирии илмии профессор анҷом ёфтаанд. Ин гуногунмавзӯӣ нишон медиҳад, ки мактаби илмии ӯ ба як мавзӯъ маҳдуд нест. Меҳвари он методологияи ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили манбаъҳо, пайванди меъёрҳои байналмилалӣ бо қонунгузории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мактаби илмӣ танҳо рӯйхати шогирдон нест. Мактаб пеш аз ҳама фарҳанги муносибат ба илм аст: талабот ба манбаъ, эҳтиром ба далел, масъулият дар иқтибос, таҳаммул ба андешаи дигар, пайвастани назария ба амал ва омодагӣ ба ҳимояи мавқеи илмӣ. Дар фаъолияти профессор Раҷабов ин унсурҳо бо анъанаи устодиву шогирдӣ пайваст шудаанд. Онҳое, ки дар назди ӯ кору таҳқиқ кардаанд, на танҳо машварати илмӣ, балки мактаби интизом, кор бо матн, ҷустуҷӯи сарчашма ва масъулияти касбиро гузаштаанд.
Саҳми профессор дар ташкили муҳити институтсионалии илм низ ба ҳамин мактабсозӣ иртибот дорад. Ӯ солҳои зиёд узв ва роҳбари шӯроҳои диссертатсионӣ буда, дар арзёбии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ иштирок кардааст. Ҳамзамон дар гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯроҳои ҳамоҳангсозии таълими ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва ҳайатҳои таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ фаъолият мекунад. Яъне мактаби илмии ӯ на танҳо аз шогирдони мустақим, балки аз муҳити илмие иборат аст, ки дар ташаккули он саҳм гузоштааст.
Имрӯз, вақте ки дар Тоҷикистон шумораи мутахассисони ҳуқуқи байналмилалӣ тадриҷан меафзояд ва рисолаҳои илмӣ дар худи кишвар низ ҳимоя мешаванд, арзиши заҳмати насли аввалини мактабсозон боз ҳам равшантар мегардад. Дар оғози ин роҳ имкониятҳо маҳдуд буданд: адабиёти миллӣ кам, шӯроҳои соҳавӣ вуҷуд надоштанд, дастрасӣ ба сарчашмаҳои хориҷӣ осон набуд. Ташкили шуъба, ҷалби кадрҳо, омода намудани барномаи таҳқиқотӣ, тарбияи аспирантон ва нашри китобҳои миллӣ дар чунин шароит кори маъмурӣ набуд. Он як лоиҳаи дарозмуддати бунёди соҳаи илмӣ буд. Профессор Саидумар Раҷабов дар ин лоиҳа нақши марказӣ дошт.
Дар ҷаҳонбинии профессор С. Раҷабов илм аз давлатдорӣ ҷудо нест. Таҷрибаи ӯ дар мақомоти давлатӣ, донишгоҳ ва Академияи миллии илмҳо боиси он гардидааст, ки масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамеша аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ низ арзёбӣ шаванд. Ин маънои сиёсӣ кардани илмро надорад; баръакс, сухан дар бораи дарки масъулияти олим дар назди ҷомеа ва давлат меравад. Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бояд меъёрҳои умумиэътирофшуда, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва принсипҳои ҳуқуқиро амиқ бидонад, аммо ҳамзамон тавонад ҷойгоҳ ва манфиатҳои давлати худро дар дохили ин низом дуруст шарҳ диҳад.
Осори профессор оид ба сулҳи тоҷикон, ташаббусҳои обии Тоҷикистон, дипломатияи сулҳ, масъалаҳои сарҳадӣ, ислоҳоти созмонҳои байналмилалӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маҳз чунин муносибатро инъикос мекунанд. Барои ӯ ватандӯстӣ шиори холӣ нест; он дар таҳқиқи илмӣ, таълифи китоб, тарбияи шогирд ва муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар муҳити байналмилалӣ таҷассум меёбад. Ватандӯстии олим, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки ӯ дониш ва таҷрибаи худро барои таҳкими давлат, боло бурдани нуфузи илми миллӣ ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир сафарбар месозад.
Дар ин замина донистани чанд забон низ аҳаммияти хос мегирад. Профессор Саидумар Раҷабов забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекиро ба дараҷаи аъло медонад. Ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ асарҳои илмӣ ва таълимӣ навиштааст. Барои ҳуқуқшиноси байналмилалӣ ин на танҳо бартарии шахсӣ, балки василаи мустақими дифои манфиатҳои илмӣ ва миллист: сарчашмаро бевосита хондан, бо ҳамтоёни хориҷӣ муошират намудан, андешаи худро бе миёнарав баён кардан ва илми Тоҷикистонро ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ кардан.
Фаъолияти ҷамъиятӣ ва экспертии профессор низ идомаи ҳамин ҷаҳонбинӣ мебошад. Узвият дар комиссияҳо ва шӯроҳо, иштироки фаъол дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, таҳрири маҷаллаҳои илмӣ ва суханрониҳои мунтазам дар чорабиниҳои илмӣ ӯро ба пайвандгари илм, таълим ва амалияи ҷамъиятӣ табдил додаанд. Ин навъи фаъолият барои ташаккули нуфузи олим муҳим аст: муҳаққиқ танҳо нависандаи китоб нест, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти илмӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Заҳмати бисёрсолаи профессор Раҷабов дар давраҳои гуногун бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Дар миёни онҳо медалҳои ҷашнии «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» ва «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», медалҳои «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаҳои III ва II, нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Академияи илмҳо ва «Медали тиллоии сулҳ»-и Бунёди сулҳ зикр мешаванд. Ин қадрдониҳо ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ӯ — хизмати давлатӣ, маориф, илм ва кори ҷамъиятӣ — марбутанд.
Бо вуҷуди ин, мукофоти бузургтарини ҳар як устод, пеш аз ҳама, эътимоди шогирдон, эҳтироми ҳамкорон ва зинда мондани андешаҳои ӯ дар корҳои насли баъдӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, профессор С. Раҷабов соҳиби сармояи нодири маънавист: шогирдони ӯ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва дигар сохторҳо фаъолият доранд, китобҳои ӯ дар таълим истифода мешаванд ва таҳқиқоти оғозкардаи ӯ дар рисолаҳои нав идома меёбанд.
Феҳристи осори профессор С. Раҷабов нишон медиҳад, ки ӯ ба рӯйдодҳои нав вокуниши илмӣ нишон медиҳад, мақола менависад, шогирд тарбия мекунад ва дар кори шуъбаву шӯроҳо иштирок менамояд. Қимати чунин устувории эҷодӣ дар он аст, ки насли ҷавон мебинад: илм фаъолияти мавсимӣ нест; он тарзи зиндагӣ, одати фикр кардан ва масъулияти ҳаррӯза мебошад.
Хусусияти дигари шахсияти ӯ омезиши таҷрибаҳои гуногун аст. Омӯзгори забони англисӣ, афсари касбӣ, роҳбари муассисаи таълимӣ, профессори донишгоҳ, муҳаққиқи академӣ ва роҳбари мактаби илмӣ — ҳамаи ин марҳилаҳо дар як зиндагиномаи ягона ҷамъ омадаанд. Аз ҳамин сабаб, осори ӯ низ ҳамеша аз як дидгоҳи маҳдуд навишта нашудааст: дар он забоншиносӣ, амният, дипломатия, ҳуқуқ, сиёсат ва таърих бо ҳам пайваст мешаванд. Ин хусусият ба таҳқиқоти ӯ ранги вижа мебахшад.
Барои шогирдон ва ҳамкорон профессор С. Раҷабов пеш аз ҳама Устод аст. Мафҳуми «устод» дар фарҳанги мо танҳо мақоми академӣ нест. Устод касест, ки роҳ нишон медиҳад, имконият медиҳад, талаб мекунад, ислоҳ мекунад ва дар лаҳзаи зарурӣ пуштибонӣ менамояд. Мактаби илмӣ маҳз дар чунин муносибати зиндаи инсонӣ ба вуҷуд меояд. Асарҳои зиёду вазифаҳои баланд метавонанд номи олимро машҳур гардонанд, аммо танҳо шогирдон метавонанд мактабро зинда нигоҳ доранд.
Аз ин рӯ, вақте аз саҳми Саидумар Раҷабов дар илми миллӣ сухан мегӯем, бояд се натиҷаи бузурги фаъолияти ӯро якҷо бинем: якум, бунёд ва таҳкими заминаи назариявии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон; дуюм, таълифи адабиёти илмӣ ва таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ; сеюм, тарбияи насли нави ҳуқуқшиносони байналмилалӣ ва ташаккули муҳити касбии соҳавӣ. Маҳз ҷамъбасти ҳамин се самт ба мо иҷозат медиҳад бигӯем, ки ӯ дорои мактаби илмии худ мебошад.
Ҳафтоду панҷ соли умри профессор Саидумар Раҷабов қиссаи пайвастаи омӯзиш, хизмат ва эҷод аст. Аз синфхонаи мактаби деҳот то кафедраи донишгоҳ, аз хизмати давлатӣ то минбари илми академӣ, аз аввалин корҳои забоншиносӣ то садҳо таҳқиқоти ҳуқуқи байналмилалӣ — ин роҳ бо меҳнати доимӣ тай шудааст. Дар ин роҳ вазифаҳо иваз шудаанд, муассисаҳо тағйир ёфтаанд, низоми байналмилалӣ дигаргун шудааст, аммо як чиз устувор мондааст: садоқат ба дониш ва бовар ба зарурати тарбияи кадрҳои миллӣ.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда, сиёсати сулҳҷӯёна ва мавқеи фаъоли дипломатӣ ҳузур дорад, нақши ҳуқуқшиносони байналмилалии соҳибкасб бештар аз ҳар вақти дигар муҳим аст. Профессор С. Раҷабов дар тӯли даҳсолаҳо барои ба вуҷуд омадани ҳамин захираи зеҳнӣ заҳмат кашидааст. Китобҳояш дониш медиҳанд, мақолаҳояш масъала мегузоранд, шогирдонаш роҳро идома медиҳанд ва мактаби илмии ӯ ба тадриҷ ба як ҷузъи устувори илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар рӯзи 75-солагӣ ба Устоди гиромӣ пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дароз, неруи тозаи эҷодӣ ва идомаи муваффақонаи корҳои илмӣ орзу менамоем. Бигзор ҳар асари нав, ҳар шогирди нав ва ҳар дастоварди мактаби илмии ӯ ба таҳкими илми миллӣ, давлатдории соҳибистиқлол ва нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ хизмат намояд. Ҳаёти пурифтихори чунин олимон собит месозад, ки хизмат ба илм дар асл хизмат ба Ватан аст ва мероси ҳақиқии донишманд дар қалбу тафаккури наслҳое идома меёбад, ки ӯ тарбия кардааст.
75-солагии профессор Саидумар Раҷабов муборак бод!
Ҷабборов Ф.Н. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои
ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Раҳмонзода Ш.Қ. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.