Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа: Суханронии котиби илмии Институт дар телевизионИ АМИТ
Дар барномаи ҷашнии телевизиони «АМИТ» котиби илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна оид ба мавзӯи мубрами «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ номбурда қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва бунёди ҳуқуқии давлатсозӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии занону мардон заминаи устувор гузоштааст. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати бунёдкорона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, имрӯз бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок доранд.
Инчунин, дар суханронӣ ба масъалаҳои такомули қонунгузории миллӣ, дастгирии соҳибкории занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар соҳаҳои илму маориф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.