Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони “Давлати дунявӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ” доир гардид.

Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази антропологияи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ва доктори PhD-и Институт Азиз Баширӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти семинари илмӣ қайд гардид, ки танҳо шакли дунявии давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд».

Баъди маърузаҳои пешниҳодшуда байни иштирокчиёни семинар музокираҳо сурат гирифта, ҳозирин ба худ ғизои баланди маънавӣ гирифтанд.

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «АСОСҲОИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

      12-13 ва 15-16 ноябри соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» ташкил карда шуд.

       Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Раҷабов Саидумар Одинаевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  лексияҳо ва машѓулиятҳои амалӣ дар мавзуъҳои «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ: мафҳум, сарчашмаҳо, принсипҳо ва намудҳои  низоъҳои мусаллаҳона», «Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон», «Иштирокчиёни амалиёҳои ҳарбӣ»,  «Усулҳо ва воситаҳои гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ», «Ҳимояи махсуси занон ва кӯдакон мутобиқи Муоҳидаҳои Женева», «Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ  дар кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон», «Оқибатҳои ҷиддии вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» ироа гардиданд.

Шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ – 40 нафар омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мушовирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хатлон,  омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ш.Кӯлоб ва ш.Бохтар буданд.

         Шунавандагони ин семинарҳои омӯзишӣ дар вилояти Хатлон ба лексия ва машѓулиятҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ тавсеа ва сайқал доданд.

         Барои мустаҳкам намудани донишҳои шунавандагон ба онҳо филмҳои омӯзишӣ ва мустанади «Дар маркази воқеаҳо», «Амалиётҳо мутобиқи қоидаҳо», Аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» намоиш дода шуданд.

         Дар фарҷоми чорабиниҳо ҳамаи иштирокчиён аз ин семинарҳои омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳиш намуданд, ки теъдоди чунин чорабиниҳо зиёдтар гашта, давомнокии он 3-4 рӯзро ташкил намояд ва беҳтар мебуд, ки иштирокчиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бошанд.

 

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ “АҲАМИЯТИ ТАРҶУМА ВА НАШРИ ОСОРИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ЗАБОН”

Дар таърихи 1 октябри соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси Маркази синошиносӣ бахшида ба Рӯзи забон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти тарҷума ва нашри осори Абу Алӣ ибни Сино дар рушди забон” баргузор гардид.

         Семинарро директори Институт д.и.ф, профессор Маҳмадизода Нозим ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки тарҷумаи “Осор”-и Абу Алӣ ибни Сино дар рушди забони илмии тоҷик нақши бесобиқа дорад. Таъкид гардид, ки Абу Алӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони сатҳи ҷаҳонии тоҷик мебошад, ки аз худ осори зиёди гаронарзише боқӣ гузоштааст. Осору афкори ӯ то имрӯз на танҳо аҳамияти илмии худро гум накардаанд, балки бо мурури замон боз њам муҳимтар арзёбӣ мешаванд.  Хоссатан, осори бо забони тоҷикӣ навиштаи ӯ дар рушди забони фалсафӣ ва илмии тоҷик нақши намоён дорад. “Донишнома”-и ӯ гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илм  ва фалсафа аз даврони ќадим ба ҳисоб меравад. Инчунин устод дар бораи забони тоҷикӣ, бузургии он ва аҳамияти рушди забони илмии тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Дар рафти семинар донишмандон ва тарҷумонони забардасти “Осор”-и Ибни Сино доир ба аҳамияти тарҷума ва вижагиҳои тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино ибрози андеша намуданд. Сарравал д.и.ф, профессор Зиёӣ Хуршед дар мавзуи “Луғатномаи истилоҳоти фалсафӣ бо забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, нақши “Осор”-и тоҷикии Ибни Синоро дар ба вуҷуд овардани истилоҳоти фалсафӣ муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин қайд гардид, ки омӯзиши истилоҳоти фалсафӣ дар забони тоҷикӣ аз  солҳои 20-уми қарни гузашта, оғоз ёфта, то имрӯз мавриди омӯзиши муҳаққиқони самти фалсафа қарор гирифтааст. Ӯ асари “Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти фалсафӣ”-и Мусо Диноршоев ва Зарина Мусоевнаро яке аз иқдомҳои наҷиб дар самти истилоҳотсозии фалсафӣ дар замони истиқлол ва як асари муҳими илмӣ барои хонанда ҳисобид. 

Баъдан д.и.ф., профессор Маҳмадҷонова Муҳиба дар мавзуи “Аҳамияти тарҷумаи “Осор”-и Абу Алӣ ибни Сино” суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар таъсиси Маркази синошиносӣ бесобиқа арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки дар тарҷума ва нашри “Осор”-и Ибни Сино ҷойгоҳи донишмандони бузург, аз қабили Мусо Диноршоев, Саидраҳмон Сулаймонов, Рамазон Назариев, Ҳоҷиев Аҳмад, Саидов Исмат, Аскардаев Кишвар, Тоҷиддин Мардонӣ ва дигарон бузург аст. Тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино барои тамоми соҳаҳои илм, аз ҷумла, фалсафа, тиб, ахлоқ, ситорашиносӣ ва ғайраҳо муҳим ва зарурӣ мебошад.

Ходими пешбари Маркази Синошиносӣ М. Махшулов дар мавзуи “Муҳаққиқони варзидаи ниёгон ва забони нигориши онҳо  (дар мисоли фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии н.и.ф Ҷонбобоев Сунатулло ва н.и.ф., Маҳмадуллоев Саидбек)” суханронӣ намуда, нақши Ҷонбобоев Сунатуллоро дар омӯзиши “Осор”-и Ибни Сино ва Маҳмадуллоев Саидбекро дар тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино муҳим ҳисобиданд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назариев китоби охирини тарҷуманамудаи кормандони Маркази синошиносиро, ки ҷилди ҳаштуми “Осор”-и Ибни Сино бо забони русӣ мебошад, муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки тарҷумонҳо дар ин китоб бахшҳои “Самои табиӣ”, “Осмон ва ҷаҳон”, “Кавну фасод” ва “Феълу инфиъол”-ро аз китоби “Шифо”-и Ибни Сино аз забони арабӣ ба русӣ тарҷума намудаанд.

Дар охир, донишмандон Сулаймонов Саидраҳмон, Муродова Тоҷиниссо, Комил Бекзода ва дигар устодон мулоҳизаҳои худро аз рафти семинар ва аҳамияти тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино дар рушди забони тољикї баён намуданд.

 

Семинари илмӣ дар мавзуи "Хирад ва дин"

Имрӯз (17.09.2024) бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзӯи "ХИРАД ВА ДИН" миззи мудаввар баргузор гардид. Дар миззи мудаввар доктор Башир Азизи оиди мавзуи болозикр баромади илмӣ намуда, андешаҳои худро ба саҳми ҳозирин расонд. Баъд аз гузориши илмӣ оиди мавзӯи мазкур олимону муҳаққиқон ва магистрон доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ ибрози андеша ва баҳсҳо намуданд.

Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”

       Санаи 28 май соли равон  дар Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”-ро баргузор гардид. Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор , мудири кафедраи фалсафаи АМИТ Мирзоев Ғ. маърӯза намуданд.

Қайд карда шуд, ки ташаккули ҷаҳонбинии пешрафта ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фазои маънавии ҷамъият имрӯз аз талаботҳои ҷиддии давр ба шумор меравад. Барои кишварҳои тозаистиқлол, махсусан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон низ, ки дар ҷодаи мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, дар баробари ҳаллу фасли масоили гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра инчунин, ташаккулу рушд додани ҷаҳонбинии илмии муосир ва тафаккури мантиқиву эҷодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро ҳар гуна ҷомеа танҳо ба он андозае метавонад рушду пешравӣ дошта бошад, ки сатҳ ва зарфияти андешаву тасаввуроти аъзоёни он қарор доранд. Бо таъкиди яке аз назарияпардозони либерализми аврупоӣ – файласуф Ҷон Локк (1632–1702) “мо ҳамон тавре зиндагӣ мекунем, ки андеша мекунем”. Инкишоф ва пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии дорои ҷаҳонбинии илмӣ дар шароити ҷомеаи суннатии шарқӣ бошад, ки дар он дидгоҳҳо ва муқаррароти динӣ мавқеи устувор доранд, маъмулан бо шеваи ҳамвору мулоим ва бемушкилоту осонӣ амалӣ намешавад. Низоми анъанавии дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфтаи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки меъёрҳои арзишию маърифатии гузашта ҳанӯз ҳам нақши муайян доранд, бо арзишҳо ва меъёрҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии замони муосир тадриҷан ва марҳила ба марҳила метавонанд таҳаввулу бо ҳам мутобиқ шаванд.

        Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин, ки тайи се соли охир ба таҳқиқиқи мавзуи “Давлати дунявӣ ва муносибати он ба масъалаи озодии виҷдон ва фарҳанги маънавии ҷомеа” машғул мебошад, дар зерсамти муносибати давлати дунявӣ бо дин ва муҳити маънавии ҷомеа, инчунин ба таҳлили вижагиҳои ташаккулёбӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмиву дунявӣ дар муқобили тафаккури диниву эътиқодӣ, омилҳои монеасози ҷаҳонбинии илмӣ, моҳият ва хусусияти бархурди таълимоти диниву мазҳабӣ бо тафаккури илмӣ, афзоиши хурофот, моҳияти давлати дунявӣ, муносибати он бо фарҳанги динӣ, ҷойгоҳи дин дар фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо сару кор дорад.

Дар мавриди хусусият ва моҳияти ҷаҳонбинии илмӣ дар фазои маънавии ҷомеа зикр намудан лозим аст, ки имрӯз дар баробари ин истилоҳ мафҳумҳои дигар, аз қабили “ҷаҳонбинии илимиву дунявӣ”, “андешаи дунявӣ” ва ғайраҳо низ истифода мешаванд. Инчунин, наздик ба ин маъно мафҳумҳое аз зумраи “тафаккури илмиву дунявӣ”, “тафаккури ақлонӣ”, “тафаккури мантиқӣ”, “тафаккури техникӣ” ва ғайраҳо низ мавриди истифода қарор доранд. Гарчанде мафҳуми “тафаккур” аз мафҳуми “ҷаҳонбинӣ” дар лексикони илмӣ фарқ дорад ва мо поинтар дар ин масъала таваққуф хоҳем кард, боз ин истилоҳот дар адабиёти илмӣ ва бадеӣ васеъ гардиш доранд.

Subscribe to Семинари илмӣ

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст