(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, 16.09.202)
Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея, ки санаи 16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеул баргузор гардид, як амали муҳими сиёсию иқтисодӣ дар таърихи муносибатҳои байналмилалии минтақа ба ҳисоб меравад. Ин Ҳамоиш дар доираи Аввалин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» баргузор гардида, дар он сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аввалин Саммити сарони давлатҳо дар формати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мён баргузор гардида, дар он «Баёнияи Сеул» ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми дарозмуҳлат ба имзо расид. Ин Баёния чаҳорчӯбаи ҳамкории 30 соли ояндаро муайян намуда, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, энергетика, маъданҳои муҳим ва пайвастагии нақлиётиро дар бар мегирад.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ заминаҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ намуд. Дар он ҳашт самти афзалиятноки ҳамкорӣ ва шаш соҳаи стратегӣ барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои асосии сиёсати хориҷии давлатро муайян намудааст. Мутобиқи моддаи 11 Конститутсия, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Моддаи 10 Конститутсия муқаррар менамояд, ки Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Моддаи 12 Конститутсия асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият муайян намуда, кафолат медиҳад, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро таъмин менамояд. Ин меъёрҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Корея, заминаи конститутсионии мустаҳкам фароҳам меоранд. Моддаи 13 Конститутсия муқаррар мекунад, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ин меъёр барои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъданҳои стратегӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар суханронӣ зикр гардид, ки қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Корея, шаҳодат медиҳанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» кафолатҳои асосии ҳуқуқии сармоягузоронро муайян менамояд: ҳифзи ҳуқуқҳои моликият, имкони интиқоли фоида ба хориҷ, муҳофизат аз мусодираи маҷбурӣ, ҳуқуқи муроҷиат ба судҳои байналмилалӣ дар ҳолати баҳсҳо. Қонуни мазкур дар моддаи 36 муқаррар менамояд, ки дар ҳолати ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани ҳолат, ки тарафҳо ҳангоми бастани шартнома онро ба инобат гирифта буданд, барои тағйир додан ё бекор кардани он асос буда метавонад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад ва ё аз моҳияти он барнаояд.
Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки аз 2 марти соли 2013 оғоз меёбад, далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад. Ин узвият ба сармоягузорони кореягӣ кафолат медиҳад, ки онҳо дар Тоҷикистон метавонанд аз ҳамон шароити ҳуқуқие баҳравар гарданд, ки барои сармоягузорони ватанӣ ва дигар давлатҳо муқаррар шудааст.
Самтҳои асосии ҳамкорӣ чунин мебошанд:
1. Энергияи «сабз» (Энергияи барқароршаванда)
Дар суханронӣ зикр гардид, ки иқтидори гидроэнергетикии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт-соат дар як сол ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат шаш фоиз истифода мешавад. Ин нишондиҳандаи баланди зарфият имкониятҳои васеи сармоягузориро дар соҳаи энергетика фароҳам меорад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, соҳаи энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» аз 29 ноябри соли 2000, № 33 (бо тағйироти охирин аз 19 июли соли 2022, № 1909) танзим мегардад. Моддаи 5¹-и Қонуни мазкур самтҳои дастгирии давлатиро дар соҳаи энергетика муайян мекунад, аз ҷумла мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир. Моддаи 16-и Қонуни мазкур муқаррар менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад стансияҳои барқӣ ва гармӣ, шабакаҳои магистрал ва тақсимкунандаи қувваи барқро ба консессия диҳад.
2. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ
Тоҷикистон дорои захираҳои даҳ намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир буда, дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд. Кишвари мо захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд.
Дар Баёнияи Сеул низ таъкид гардидааст, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маъданҳои муҳим ва энергетика яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Корея тавассути ин ҳамкорӣ мехоҳад занҷираи таъминоти маъданҳои муҳимро тавассути истифодаи захираҳои Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои пешрафтаи коркард гуногун намояд.
3. Бахшҳои саноати аграрӣ ва кишоварзӣ
Ин соҳаҳо дар ҳамаи кишварҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикии содиротӣ манфиатдор аст. Дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои баланд бардоштани арзиши иловашуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996, № 326 (бо тағйироти охирин аз соли 2023) танзим мегардад. Моддаи 65-и Кодекси замин муайян мекунад, ки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, боғдорию полезкорӣ, ба муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дигар муассисаҳо барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ дода мешаванд.
4. Соҳаи нассоҷӣ
Таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр самти дигари муҳимми сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои нерӯи кории арзон ва маҳоратноки нассоҷӣ мебошад, ки ин омил барои сармоягузорони кореягӣ ҷолиб аст. Дар доираи сафари расмӣ ба Сеул, понздаҳ ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид, ки аз ҷумла Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои навро дар бар мегирад.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, соҳаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» аз 30 майи соли 2017, № 1415 (бо тағйироту иловаҳо аз 23 декабри соли 2021, № 1848) танзим мегардад. Қонуни мазкур мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Моддаи 3-и Қонуни мазкур мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи саноат муайян менамояд. Аз ҷумла, мақсадҳои асосӣ аз инҳо иборатанд: рушди босубот ва инноватсионии саноат; афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ; гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ; мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ; афзун намудани иқтидори содиротии кишвар; ташаккул ва рушди чораҳои дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат; навсозии инфрасохтори саноатӣ; ташаккули соҳаҳои нави саноат; истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ. Ҳамаи ин мақсадҳо ба рушди соҳаи нассоҷӣ низ мустақиман дахл доранд, зеро соҳаи нассоҷӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба афзунгардонии иқтидори содиротӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат намояд. Моддаи 10-и Қонуни мазкур дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муайян намуда, роҳҳои зерини амалисозии онро пешбинӣ мекунад: маблағгузорӣ дар шакли грантӣ, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ бо мақсади таъсис ва рушди истеҳсолоти саноатӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияву иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда; пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо; дар доираи фармоиши давлатӣ додани афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ; мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба сохтмони иншооти саноатӣ ё азнавтаҷҳизонии техникии онҳо равона шудаанд; расондани кумаки иттилоотӣ ва машваратӣ. Ин меъёрҳо барои сармоягузорони кореягӣ имкониятҳои васеи ҳамкориро дар соҳаи нассоҷӣ фароҳам меоранд. Моддаи 9²-и Қонуни мазкур ташкил ва рушди кластерҳои саноатиро пешбинӣ намуда, муқаррар мекунад, ки чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба кластерҳои саноатӣ бо назардошти дастгирии методӣ, ташкилӣ, коршиносӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии рушди кластери саноатӣ амалӣ карда мешаванд. Ин меъёр барои ташаккули кластерҳои нассоҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт фароҳам меорад. Дар доираи сафари расмӣ ба Сеул, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Корея ба имзо расид, ки ин ҳамкорӣ метавонад ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҷалби сармояи кореягӣ ба ин соҳа мусоидат намояд.
5. Нақлиёт ва иртибототи байниминтақавӣ
Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ алоқаманди дастрасии устувор ба долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва бандарҳои баҳрӣ мебошад. Дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва пайвастагии инфрасохторӣ яке аз самтҳои асосӣ муайян гардидааст. Дар доираи сафари расмӣ, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти оҳан байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Корея ба имзо расид.
6. Сайёҳӣ
Кишвари мо ба туфайли зарфиятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва дигар самтҳои он имкониятҳои фаровон дорад. Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» аз 7 августи соли 2020, № 1718 (бо тағйироти охирин аз 13 ноябри соли 2024, № 2104) танзим мегардад.
Моддаи 4-и Қонуни мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ муайян намуда, таъмини шароити баробар ва рақобатпазирро дар фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дастрасии онҳоро ба захираҳои сайёҳӣ кафолат медиҳад.
7. Бахши бонкдорӣ ва молия
Ба мақсади рушди иқтисодӣ мо алоқамандии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва бонкдорӣ иброз менамоем. Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати маблағгузориҳои хурд барои дастгирии бахши хусусӣ муҳим мешуморем. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, соҳаи бонкдорӣ ва молия дар Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз 19 майи соли 2009, № 524 (бо тағйироти охирин аз 20 июни соли 2024, № 2072) танзим мегардад.
Дар доираи сафари расмӣ ба Сеул, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи молия ва бонкдорӣ байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди иктишофи молиявии Ҷумҳурии Корея ба имзо расид, ки ҳамкориро дар соҳаи мубодилаи иттилооти иктишофи молиявӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм пешбинӣ мекунад.
8. Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ
Мо ба рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон, дар мавзӯи зеҳни сунъӣ се қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардидааст (солҳои 2024-2026).
Кишвари мо ба мақсади таъсиси «Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Душанбе, ки бар асоси яке аз ин қатъномаҳо пешбинӣ шудааст, ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст. Чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милал санаи 31 августро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод» эълон кард.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, соҳаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаи ташаккул қарор дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 483 «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тасдиқ гардидааст. Дар доираи ин стратегия, Нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) тасдиқ гардида, дар он самтҳои афзалиятноки рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва низоми институтсионалии истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар суханронӣ шаш соҳаи стратегӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Тоҷикистон муайян гардидаанд. Соҳаи энергетика ҳамчун яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон шинохта шуда, дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешбинӣ гардидааст. Дар доираи сафари расмӣ, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика байни Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ва Корпорацияи энергетикии Корея (KEPCO) ба имзо расид.
Соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ аҳамияти калон дорад. Дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор яке аз самтҳои асосӣ муайян гардидааст.
Соҳаи саноат, аз ҷумла коркарди маъданҳо, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва саноати аграрӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея мебошад. Дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираи таъминот пешбинӣ гардида, Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Корея ба имзо расид.
Рушди рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкорӣ муайян гардида, дар Баёнияи Сеул Ташаббуси шарикии зеҳни сунъӣ ва илму техникаи оянда қабул гардид.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ мебошад. Дар Баёнияи Сеул ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ барои баланд бардоштани арзиши иловашуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи сафари расмӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мубодилаи фарҳангӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея, понздаҳ ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатҳо самтҳои гуногуни ҳамкориро дар бар мегиранд:
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи маъмурӣ дар корҳои гумрукӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф; Меморандум дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти иктишофи молиявӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва омодагии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти оҳан; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалҳои иқлимӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи содирот; Созишнома дар бораи ҳамкории техникӣ дар соҳаи бехатарии кор дар саноат ва кӯҳкорӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ; Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии политсияи Корея.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Корея зарур аст, ки қонунгузории сармоягузории кишвар такмил дода шавад. Пешниҳод мегардад, ки қонуни нав «Дар бораи ҳифзи сармоягузории хориҷӣ» қабул гардад, ки кафолатҳои иловагӣ барои сармоягузорони хориҷиро пешбинӣ менамояд. Инчунин, таъсиси судҳои махсус барои ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии корхонаҳои муштарак ва муқаррар намудани механизмҳои ҳалли баҳсҳо тавассути арбитражи байналмилалӣ зарур аст.
Бо назардошти ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи СММ дар мавзӯи зеҳни сунъӣ ва қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», пешниҳод мегардад, ки қонунгузории миллӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардад, механизмҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шаванд, ба таъсиси «Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Душанбе мусоидат гардад ва барномаҳои муштараки таълимӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ таҳия карда шаванд.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ пешниҳод мегардад, ки котиботи доимӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» таъсис дода шавад, барномаҳои муштараки рушд барои давраи миёнамуҳлат таҳия гарданд, фонди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад ва қонунгузории кишварҳои аъзо бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқсозӣ карда шавад.
Суханронии Пешвои миллат дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея ҳамчун ҳуҷҷҷати муҳимми ҳуқуқӣ заминаҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ намуд. Дар параграфи мазкур таҳлили ҳуқуқии ҳашт самти афзалиятноки ҳамкорӣ ва шаш соҳаи стратегии рушд дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таҳлил нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дорои заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ барои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Корея мебошад. Қонунгузории сармоягузорӣ, узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, қонунгузории соҳавӣ ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ имкониятҳои васеи ҳамкориро фароҳам меоранд.
Таҳлили самтҳои асосии ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки заминаҳои ҳуқуқии мавҷуда дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Корея мусоид мебошанд. Аммо барои таҳкими минбаъда зарур аст, ки қонунгузории миллӣ дар соҳаҳои мушаххас такмил дода шавад, механизмҳои ҳалли баҳсҳо тақвият ёбанд, ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ тавсеа ёбад ва қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҳамчун механизми муассири ҳамгироии минтақавӣ рушд намояд.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба қорҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, професор