БУНЁДГУЗОРИ ИЛМИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи библиблиографии «Бунёдгузори илми ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба нашр расид.
Китоби мазкур ба ҷашни 75-солагии олими барҷаста, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар Адинаевич Раҷабов бахшида шудааст.
Дар китоб шарҳи ҳол ва роҳи пурсаҳми эҷодию омӯзгории профессор С. А. Раҷабов, мақолаҳо ва табрикоти ҳамкасбон, шогирдон ва пайравони мактаби илмӣ, феҳристи корҳои илмию таълимӣ, мавод оид ба иштирок дар конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ, аксҳо ва лаҳзаҳои хотирмон аз фаъолияти гуногунҷанбаи олим дарҷ шудааст.
Ин китоб барои олим, омӯзгорон, муҳаққиқон, аспирантон ва ҳамаи дӯстдорони илми ҳуқуқ манбаи муҳим ва дастури нодир ба шумор меравад.