Перейти к основному содержанию

ТАЪЛИМОТИ ИБНИ СИНО ДАР МАСЪАЛАҲОИ ИНСОН, ҲАЁТ, АХЛОҚ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Ба истиқболи баргузории Конфронси байналмилалии

илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти

Абуалӣ ибни Сино рӯзҳои 23-27 ноябри соли 2026 дар

қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса

Тамаддуну арзишҳои марбут ба он ҳарчанд хусусияти иҷтимоӣ доранд, аммо ба фаъолияти афрод вобаста мебошанд. Дар ташаккули тамаддун таъсири тафаккур аз муносибатҳои сиёсӣ камтар нест. Аз ин рӯ, дастовардҳои зеҳнии олимону мутафаккирон дар рушди маънавиёти ҷомеа хеле муҳимму назаррас мебошад. Аммо нодида гирифтан низ нашояд, ки дар миёни аҳли илму маънӣ шахсиятҳое аз худ дарак додаанд, ки маҳсули зеҳнии онҳо аз ҳудуди марзҳои сиёсӣ убур намуда, дар ҳамоишу иттиҳоди арзишҳои умумибашарӣ кӯмак менамояд. Мероси илмӣ ва фалсафии Абуалӣ ибни Сино аз арзишмандтарин дастовардҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки аз замони зуҳур то имрӯз дар пиёда намудани чунин рисолат мусоидат намуда истодааст. Ибни Сино дар таърихи илму фалсафа на танҳо ҳамчун табиб ва донишманди барҷаста, балки ҳамчун мутафаккири инсонгаро ва тарғибгари ахлоқи ҳамида шинохта шудааст. Андешаҳои ӯ дар бораи инсон ва камолоти маънавии ӯ аз доираи фаҳму дарки донишмандони замонаш фаротар рафта, то имрӯз аҳаммияти назариявӣ ва амалии худро гум накардаанд.

Имрӯзҳо инсоният бо мушкилоти нави глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки ба омилҳои гуногуне, амсоли пешрафти босуръати ҳуши сунъӣ, муҳандисии генетикӣ, буҳрони экологӣ, пандемияҳо, нобаробарии иҷтимоӣ, таназзули арзишҳои ахлоқӣ ва таҳдидҳои амнияти байналмилалӣ вобаста аст. Дар чунин шароит рӯ овардан ба мероси фалсафии нобиғаҳое, чун Ибни Сино, метавонад барои таҳкими арзишҳои инсонгароӣ ва масъулияти ахлоқӣ заминаи муҳим фароҳам оварад.

Дар таълимоти Ибни Сино инсон мавҷуди оқил, соҳибихтиёр ва дорои шаъну каромати фитрӣ тавсиф мешавад. Яъне, барои ӯ инсон танҳо мавҷуди биологӣ набуда, дорои қобилияти ақлонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад, ки ғояти офариниш маҳсуб мешавад. Ба андешаи ӯ, камоли инсон дар рушди ҳамзамони ҷисм, ақл ва руҳ ифода меёбад. Дар шароити муосир ин ғоя бо принсипҳои ҳуқуқи инсон, шаъну каромати инсон ва рушди устувори инсонӣ ҳамоҳанг аст. Бо вуҷуди пешрафти техникаву технология, арзиши инсон набояд коҳиш ёбад ё ба манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ тобеъ гардад. Баръакс, ин арзишҳо чун муҳимтарин маҳсули зеҳнии инсон бояд манофеи ӯро пуштибонӣ кунад ва инсонро чун офаридгори фарҳангу тамаддун дар қуллаи ҳастӣ қарор диҳад.

Бесабаб нест, ки Ибни Сино ҳаётро муҳимтарин неъмати табиӣ ва арзиши бунёдии инсон мешуморад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳаёт вазифаи аввалиндараҷаи табиб, ҷомеа ва давлат мебошад. Ин ғоя имрӯз дар масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ, мубориза бо пандемияҳо, рушди низоми тандурустии ҷаҳонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии офатҳои экологӣ ва амсоли инҳо, ки дар саросари сайёра аҳаммияти аввалиндараҷа доранд, инъикос мегардад. Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ меҳисобад, бо ин ақидаҳои Ибни Сино ҳамоҳангӣ касб намудааст. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Фалсафаи ӯ нишон медиҳад, ки илм бояд, пеш аз ҳама, барои ҳифзи ҳаёт ва некӯаҳволии инсон хизмат намояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Илова бар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаётро кафолат медиҳад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад, ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад ва мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

Дар ин робита, яке аз муҳимтарин хусусиятҳои таълимоти Ибни Сино робитаи ногусастании дониш ва ахлоқ мебошад. Ба андешаи ӯ, донишманди воқеӣ танҳо шахси соҳибмаърифат нест, балки инсони масъул низ мебошад. Пас, камоли инсон дар манфиатнокии ӯ барои инсоният шакл мегирад. Имрӯзҳо ин масъала дар самтҳои биоэтика, ахлоқи илмӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, масъулияти олимон дар назди ҷомеа ва ғ. ифода мегардад.

Дар фалсафаи Ибни Сино ақл воситаи асосии дарки ҳақиқат мебошад. Аммо ақл танҳо дар сурате метавонад ҷомеаро пеш барад, ки бо адолат, ахлоқ ва масъулият ҳамроҳ бошад. Аз ин метавон натиҷагирӣ намуд, ки дар таълимоти Ибни Сино, ақлу арзишҳои ахлоқӣ якҷо баррасӣ мегардад, ки дар шароити муосир низ аз аҳаммият холӣ нест. Дар шароити муосир, ки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст, масъалаҳои наверо низ ба миён гузоштааст, ки наметавон бе истинод ба таълимоти фалсафии ниёгон ба умқи моҳияти онҳо сарфаҳм рафт. Махсусан, ҳифзи маълумоти шахсӣ, паҳншавии иттилооти бардурӯғ, ки паёмадҳои манфӣ дар дунбол дорад, истифодаи ҳарбии технологияҳои нав, ки ба ҳаёту саломатии инсон таҳдид мекунад ва амсоли инҳо бе дарназардошти масоили ахлоқӣ натиҷаи мусбат надорад.

Ибни Сино ҷомеаи солимро бар пояи адолат, ҳамкорӣ ва масъулияти мутақобила тасаввур менамуд. Ӯ бар ин назар буд, ки рушди воқеии ҷомеа танҳо дар сурати эҳтироми ҳуқуқи инсон ва риояи адолат имконпазир аст. Ин ғоя имрӯз бо масъалаҳои мубориза бар зидди камбизоатӣ, коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ, таъмини дастрасии баробар ба таҳсил ва тандурустӣ, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои фитрии инсон робитаи мустақим дорад.

Риоя ва ҳифзи арзишҳои дар боло зикргардида, ҳамон вақт имконпазир аст, ки дар ҷоаеа сулҳу субот ва амнияти иҷтимоӣ ҳукмфармо бошад. Ҳарчанд Ибни Сино назарияи мустақили сулҳро таҳия накардааст, аммо тамоми таълимоти ӯ ба рушди инсон, дониш, ҳамкорӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқӣ равона шудааст. Дар шароити имрӯза, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм ва буҳронҳои маънавӣ рӯ ба рӯст, андешаҳои Ибни Сино метавонанд барои ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва муколамаи тамаддунҳо чун заминаи муҳим баромад намояд.

Дар ин робита, 25 июни соли 2026 қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2026–2035) бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти бузурги сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ касб намудааст, ки бо асолати фарҳанги инсонгароёнаи ниёгонамон пайванди ногусастанӣ дорад. Ин санад на танҳо мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳким мебахшад, балки заминаи нави назариявӣ ва амалиро барои рушди донишҳои сулҳшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ фароҳам меорад. Вобаста ба ин, Конститутсияи мо эълон дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ҳамзамон Конститутсия ҳамагуна ташвиқоти ҷангро манъ намудааст, ки ин аз таълимоти инсонгароёнаву сулҳхоҳонаи аҷдодонамон маншаъ мегирад.

Аз ин рӯ, Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дорои аҳаммияти умумибашарӣ буда, аз ҷиҳати илмӣ, он самтҳои нави таҳқиқотро дар соҳаҳои сулҳшиносӣ, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба вуҷуд меорад ва ба рушди меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими принсипҳои Оинномаи СММ мусоидат мекунад. Аз ҷиҳати амалӣ бошад, барои таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди дипломатияи пешгирикунанда аз низоъҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои дипломатии сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам месозад. Бо назардошти хусусияти фарогири ин ташаббус, метавон онро яке аз муҳимтарин иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охир арзёбӣ намуд, ки арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштаракро нисбат ба наслҳои оянда ба яке аз самтҳои афзалиятноки рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил медиҳад ва меросбари тамаддуни бузург будани пайвандони миллати моро тасдиқ менамояд.

Таълимоти Ибни Сино оид ба инсон, ҳаёт ва ахлоқ дорои арзиши фаромиллӣ ва фарозамонӣ мебошад. Гарчанде ӯ дар асрҳои миёна зиндагӣ кардааст, бисёре аз ғояҳои ӯ ба масъалаҳои мубрами муосир ҷавобгӯ мебошанд. Арзиши инсон, муқаддас будани ҳаёт, масъулияти ахлоқӣ, нақши ақл дар қабули қарорҳо, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии ҷомеа аз ҷумлаи принсипҳое мебошанд, ки метавонанд барои ҳалли мушкилоти глобалии имрӯза саҳми назаррас гузоранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илм ва технология, мероси Ибни Сино на танҳо ҳамчун ёдгории таърихӣ, балки ҳамчун манбаи боэътимоди андешаи фалсафӣ ва ахлоқӣ аҳамият доранд. Пайванди таълимоти ӯ бо арзишҳои умумибашарӣ - ҳуқуқи инсон, биоэтика, рушди устувор, фарҳанги сулҳ ва масъулияти илм - нишон медиҳад, ки афкори ин мутафаккири бузург то имрӯз қобилияти роҳнамоияшро барои ҷомеаи ҷаҳониӣ нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва татбиқи эҷодкоронаи мероси Ибни Сино метавонад ба таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва рушди ҷомеаи инсонмеҳвар дар шароити пурталотуми ҷаҳони муосир мусоидат намояд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич –дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.

 

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст