Перейти к основному содержанию

МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛУ ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ ДАР ЗАМИНАИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ТАҶРИБА ВА ДУРНАМО

(Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

123Истиқлолияти давлатӣ, ки 35 сол пеш ба даст оварда шуд, барои мардуми Тоҷикистон на танҳо раҳоӣ аз як низоми бузург ва ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, балки оғози бунёди пояҳои нави давлатдорӣ, аз ҷумла ташаккули илми миллӣ гардид. Дар ин росто, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он, аз ҷумла Институти давлат ва ҳуқуқ, роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, имрӯз ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқоти ҳуқуқшиносӣ табдил ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, самаранокии фаъолияти илмӣ на танҳо ба сатҳи зеҳнии олимон, балки бевосита ба сифати таъминоти моддию техникӣ, инфрасохтор ва идоракунии хоҷагидорӣ вобастагии қавӣ дорад. Қисми маъмуриву хоҷагидорӣ асоси моддии раванди эҷоди илмӣ мебошад. Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва сипас рушди босуръати рақамикунонӣ, низоми хоҷагидории муассисаҳои илмӣ низ ба тағйироти куллӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар солҳои аввали истиқлолият, муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла бо мушкилоти бузурги молиявӣ ва хоҷагидорӣ рӯбарӯ шуданд. Қатъи маблағгузории марказонидашуда, таваррум, харобшавии пойгоҳи моддию техникӣ ва хуруҷи кадрҳои баландихтисос вазъиятро басо мураккаб карда буд.

Дар ин давра, вазифаи асосии қисми маъмуриву хоҷагидорӣ на рушд, балки фаъол нигоҳ доштани муассиса буд. Таъминоти гармӣ дар фасли зимистон (бо вуҷуди нарасидани ангишт ва нерӯи барқ), нигоҳдории биноҳо аз харобшавӣ ва ҷустуҷӯи сарчашмаҳои алтернативии маблағгузорӣ барои хариди ашёи хоми рӯзгор кори қаҳрамононаи кормандони хоҷагиро тақозо мекард. Маҳз дар ҳамин давраи душвор аҳамияти идоракунии сарфакорона ва оқилонаи захираҳо ҳамчун омили асосии боқӣ мондани илми тоҷик муайян гардид.

Бо ба даст омадани сулҳу субот ва оғози марҳилаи рушди устувор, таваҷҷуҳи давлат ба илм афзоиш ёфт. Қабули санадҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи илм барои ба низом даровардани фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои илмӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Муассисаҳои илмӣ дар ин давра тавонист пойгоҳи моддию техникии худро тадриҷан навсозӣ намояд. Утоқҳо бо мебел ва техникаи компютерӣ таҷҳизонида шуда, шароити корӣ беҳтар гардид. Барои такмили низоми идоракунии хоҷагидорӣ, ба роҳ мондани низоми шаффофи хариди молу хизматрасонӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ нақши муҳим бозид, ки имкон дод васоили молиявиро мақсаднок ва самаранок истифода барем.

Дар таҳкими пояҳои илми миллӣ ва рушди инфрасохтори муассисаҳои илмӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург ва сарнавиштсоз аст. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи илму маориф буд, ки дар тӯли 35 соли истиқлолият ин соҳа тавонист аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузорад.

Пешвои миллат дар тамоми Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои рушди илм, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва баланд бардоштани мақоми олимонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид менамоянд. Дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2025 Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳи махсус ба зарурати густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди илмӣ ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои илмӣ зоҳир намуданд.

Маҳз бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим дар соҳаи илм, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника» қабул гардида, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ шуд. Ин санадҳо барои муассисаҳои илмӣ, бахусус барои қисми маъмуриву хоҷагидорӣ, заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам оварданд, ки дар асоси он имкониятҳои нави тараққиёти инфрасохторӣ ба вуҷуд омаданд.

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат биноҳои нави таълимӣ ва илмӣ дар саросари кишвар бунёд гардиданд. Аз ҷумла, барои Академияи миллии илмҳо ва сохторҳои он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд. Пешвои миллат ҳанӯз дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2018 таъкид намуда буданд: «Мо бояд барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин илмҳои ҷомеашиносӣ, ки барои пешрафти давлат ва ҷомеа заруранд, шароити муносиби моддиву техникӣ фароҳм оварем». Ин суханони Пешвои миллат барои мо, кормандони қисми хоҷагидории муассисаҳои илмӣ, ҳамчун барномаи амал хизмат мекунад.

Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани маоши кормандони илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар давоми 35 соли истиқлолият маоши олимон ва кормандони илмӣ-техникӣ чандин маротиба афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи ғамхории бевоситаи Сарвари давлат ба аҳли илм мебошад. Чунин тадбирҳо имкон доданд, ки рафтани кадрҳои баландихтисос аз муассисаҳои илмӣ пешгирӣ шуда, шароит барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи илм муҳайё гардад.

Дар партави сиёсати Пешвои миллат эълон гардидани солҳои «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Солҳои рушди саноат» ва дигар ташаббусҳои сатҳи миллӣ низ ба рушди илм такони ҷиддӣ бахшид. Зеро ҳар як чунин ташаббус тақозо мекард, ки муассисаҳои илмӣ барои таъмини асосҳои илмии ин самтҳо шароити кории худро мувофиқи талаботи замон навсозӣ намоянд.

Вазифаи қисми хоҷагидорӣ дар шароити муосир сифатан тағйир ёфтааст. Мо на танҳо таъминкунанда, балки эҷодкунандаи шароити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ ҳастем. Масъалаҳои сарфаи нерӯи барқ, гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия (насби панелҳои офтобӣ), таъмири асосии биноҳо бо риояи меъёрҳои меъморӣ ва зиддисейсмикӣ, инчунин таъмини амнияти техникӣ ва сӯхторнишонии муассиса самтҳои афзалиятноки кори имрӯзаи мо мебошанд. Ташкили толорҳои муосир барои баргузории конфронсҳои илмӣ, ки имрӯз ба таври онлайнӣ бо олимони тамоми ҷаҳон пайваст мешаванд, низ нишондиҳандаи рушди инфрасохторӣ мебошад.

Таҳлили 35-солаи рушди низоми маъмуриву хоҷагидорӣ муасисаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки новобаста ба пешрафтҳои назаррас, такмили минбаъдаи он тақозои замон аст. Бо мақсади беҳтар намудани шароити моддӣ-техникии фаъолияти илмӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, тавсияҳои зерин пешниҳод мешаванд:

1. Таҳияи Барномаи мақсадноки «Инфрасохтори илм – 2030». Зарур аст, ки дар сатҳи Академия барномаи махсуси навсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла гузариш ба технологияҳои «сабз» (энергияи офтобӣ) ва таъмини амнияти сейсмикии биноҳои илмӣ таҳия ва амалӣ гардад.

2. Таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи илм. Барои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, ҷалби сармояи хусусӣ барои таҷдиди инфрасохтори муассисаҳои илмӣ тавассути механизмҳои имтиёзҳои андозӣ ва шартномаҳои иҷораи дарозмуддат бояд густариш ёбад.

3. Рақамикунонии пурраи равандҳои хоҷагидорӣ. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи электронии идоракунии захираҳо дар миқёси АМИТ, ки ба назорати шаффофи захираҳои молӣ, нақлиёт ва таъминоти техникӣ имкон медиҳад. Ин раванд барои беҳсозии хароҷот ва мубориза бо коррупсия мусоидат мекунад.

4. Баланд бардоштани мақоми кадрҳои техникӣ. Ҷорӣ намудани низоми музди меҳнати иловагӣ ва рутбаҳои тахассусӣ барои мутахассисони хоҷагидор (муҳандисон, техникҳо, барномасозон) бо мақсади ҷалб ва нигоҳ доштани кадрҳои ҷавони варзида дар муассисаҳои илмӣ.

5. Таъсиси Фонди махсуси рушди инфрасохтори Институт. Бо истифода аз имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти даромадовар, таъсиси фонди махсус барои ҷамъоварии маблағҳои берун аз буҷетӣ (аз ҳисоби хизматрасониҳои машваратии пулакии олимон, иҷораи муваққатии амволи озод ва грантҳо) ва равона намудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи хоҷагидорӣ.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки маҳз тавассути татбиқи ҳамин гуна тадбирҳо мо метавонем бо дастовардҳои беназири инфрасохторӣ ноил гардем.

Илолов Варқа Мирзоҷалолович - муовини директор оид ба қисми маъмуриву

хоҷагидории Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст