Перейти к основному содержанию

МАКТАБИ ИЛМӢ ДАР ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ: МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА ТАЛАБОТ

2123Дар низоми муосири илми ҳуқуқшиносӣ, ки бо суръати баланди тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳаввулоти қонунгузорӣ хос аст, мактаби илмӣ на танҳо ҳамчун шакли ташкили фаъолияти илмӣ, балки ҳамчун кафили ҳифзи анъана ва эҷоди пайвастаи донишҳои нав баромад мекунад. Мафҳуми мактаби илмӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ дар фарқият аз илмҳои дигар дорои хусусияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва идеологӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мактабҳои бузурги ҳуқуқшиносӣ таърихан бо ҳам пайванданд, фаҳмиши ин падида аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Мактаби илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ на танҳо ҳамчун шакли ташкили фаъолияти илмӣ, балки ҳамчун низоми мутақобилаи ҷузъҳои ташаккулдиҳандаи маърифативу фарҳангӣ (мавҷудияти роҳбари барҷаста, консепсияи ягонаи илмӣ, занҷираи пайвастаи наслҳо) арзёбӣ мегардад, ки дар он ғояҳои бунёдӣ, усулҳои таҳқиқот ва арзишҳои касбӣ дар заминаи анъанаҳои устувор эҷод, рушд ва интиқол дода мешаванд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ моҳияти мактаби илмӣ дар се ҷанбаи асосӣ зоҳир мегардад:

1. Ҷанбаи маърифатӣ дар он ифода меёбад, ки мактаб як воситаи муайяни "дидани" ҳақиқати ҳуқуқӣ мебошад. Дар атрофи назарияи муайяни илмӣ, ки маҷмӯи назарияҳо, усулҳо ва фарзияҳои асосиро дарбар мегирад, мактаб ташаккул меёбад. Масалан, мактаби ҳуқуқи позитивӣ ҳуқуқро ҳамчун иродаи давлат ва маҷмӯи меъёрҳое меомӯзад, ки аз боло ҷорӣ карда мешаванд. Дар муқобил, мактаби ҳуқуқи табиӣ ҳуқуқро ба меъёрҳои олитарини ахлоқӣ, одилона ва табиӣ пайваста, онро аз иродаи давлат болотар мегузорад. Ҳар ду равия, гарчанде ки ба ҳам мухолифанд, аммо дар дохили худ мактабҳои бисёрро бавуҷуд овардаанд ва ҳар кадоми онҳо ба таври худ ба фаҳмиши мо оид ба ҳуқуқ саҳм мегузорад.

2. Ҷанбаи иҷтимоӣ бошад, ки мактаби илмиро ҳамчун як муҳити махсуси зеҳнӣ тавсиф мекунад, ки дар он на танҳо дониш, балки маданияти илмӣ, одоби баҳс, шеваи гуфтугӯ ва арзишҳои касбӣ интиқол дода мешаванд. Дар ин ҷо муносибати "Устод-Шогирд" нақши марказӣ дорад. Ин муносибат на танҳо як услуби таълим, балки шеваи зиндагӣ, фалсафаи кор ва стратегияи рушд мебошад. Бидуни он, ҳеҷ мактабе ба вуҷуд намеояд ва наметавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Ин муносибат на танҳо ба интиқоли дониш, балки ба ташаккули шахсияти илмӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои илмӣ мусоидат мекунад. Ба воситаи ин муносибат аст, ки мактаб насли ояндаи муҳаққиқонро ба воя мерасонад. Муносибати "Устод-Шогирд" асоси мактаби илмӣ буда, он ба мактаб ҳувият, устуворӣ ва эътибор мебахшад.

3. Ҷанбаи фаъолиятӣ, ки мактаби илмиро ҳамчун нерӯи фаъоли иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад ва ба равандҳои амалӣ таъсири мустақим мерасонад. Мактабҳои ҳуқуқшиносӣ дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, такмили механизмҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон саҳми муассир мегузоранд. Ин аст, ки моҳияти таъсиррасонӣ ба қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии мактабҳои илмӣ онҳоро ба як қувваи воқеии ташаккулдиҳандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ табдил медиҳад.

Барои он ки як ҷамоаи тадқиқотиро мактаби илмӣ эътироф намоянд, он бояд ба як қатор талаботи сахт ва дақиқ, ки дар адабиёти илмшиносӣ таҳия шудаанд, ҷавобгӯ бошад. Бояд тазаккур дод, ки иҷрои ин талабот на танҳо дар марҳилаи ташаккул, балки дар тамоми давраи фаъолияти мактаб ҳатмист. Ин талабот ба мактаб имкон медиҳанд, ки дар муҳити рақобатпазири илмӣ худро нигоҳ дорад ва ба рушди устувор ноил гардад.

1. Мавҷудияти роҳбари илмии барҷаста яке аз шартҳои асосии ташаккул ва фаъолияти ҳар мактаби илмӣ маҳсуб мешавад. Роҳбари мактаб набояд танҳо доктори илм бошад, балки бояд эҷодкори як самти нав дар илм ҳисобида шавад. Вай бояд дорои хислатҳои фардие бошад, ки ӯро ба як роҳбари зеҳнӣ табдил диҳанд. Аз ҷумла, қобилияти эҷоди ғояҳои бузург, эътибори баланд дар миёни ҳамкорон ва қобилияти муттаҳид сохтани пайравон ва шогирдон дар атрофи як консепсияи ягона. Дар таърихи илми ҳуқуқшиносӣ чунин шахсиятҳо мавҷуданд, ки дар атрофи онҳо мактабҳои қавӣ ташаккул ёфтаанд.

2. Консепсияи ягонаи илмӣ асоси методологӣ ва назариявии мактаб мебошад. Ин консепсия бояд асолат дошта, равишҳои пешинро такрор накунад ва бояд барои ҳалли мушкилоти мубрами ҳуқуқӣ навоварӣ ворид намояд. Ягонагии консепсиявии мактаб маънои онро дорад, ки ҳамаи пажӯҳишҳои аъзои он аз як "чашмаи назариявӣ" (як принсип, як усул ё як системаи арзишӣ) сарчашма мегиранд ва ин воҳидӣ ба корҳои онҳо ранги муайян ва шинохта мебахшад. Асолат бошад маънои рафтан аз маърифати догматикӣ ва такрори оддии гуфтаҳои пешиниёнро надорад, балки пешниҳоди як дидгоҳи тозае аст, ки он дар сарчашмаҳо мавҷуд набуд, ё дар омезиши нави усулҳо зоҳир мешавад. Пешрафти мактаб дар он аст, ки консепсияи он набояд дар берун аз фазои иҷтимоию ҳуқуқии кунунӣ вуҷуд дошта бошад, балки онро бояд ба масъалаҳои мубрам ва нозуки самт ё соҳа пайваст намуда, роҳи нави ҳалли онҳоро пешниҳод намояд. Ин таркиби методологӣ ба мактаб имкон медиҳад, ки дар фазои рақобати илмӣ ҳамчун як воҳиди эҷодкор ва инноватсионӣ эътироф шавад, на танҳо аз ҳисоби таърихи гузашта, балки аз рӯи қобилияти ҷавобгӯӣ ба дархостҳои ояндаи низоми ҳуқуқӣ.

3. Анъана ва иртиботи наслҳо омили муҳимтарини устувории мактаб аст. Мактаби илмӣ бе се насли олимон – асосгузор, ворисон ва шогирдони ҷавон – вуҷуд дошта наметавонад. Ин силсилаи пайвастаи наслҳо ба таври доимӣ анъанаҳои илмиро ғанӣ гардонида, ба эҷоди мероси илмӣ мусоидат мекунад. Механизми дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар доираи як мавзӯи ягона ва дар зери роҳбарии як устод нишондиҳандаи асосии ҳаёти мактаб аст. Дар доираи ин раванд, на танҳо донишҳои нав эҷод мешаванд, балки шахсияти муҳаққиқони ҷавон ташаккул меёбад.

4. Эътироф дар миқёси миллӣ ва байналмилалӣ дигар талаботи ҳатмӣ барои мактабҳои илмӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти мактаб бояд дар монографияҳои бунёдӣ, китобҳои дарсии тасдиқшуда ва мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз инъикос ёбанд. Барои ҳуқуқшиносон нашри асарҳо ба забони русӣ ва англисӣ нишондиҳандаи муҳимтарини эътирофи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, фаъолияти нашриётӣ ва иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад.

5. Самти навоварии мактабро аз догматизм (хушкфикрӣ) эмин медорад. Мактаб набояд ба таълимоти яхбаста ва такроршаванда табдил ёбад, балки бояд ҳамеша ба чолишҳои нави замон вокуниш нишон диҳад. Масалан, дар солҳои охир масъалаҳои ҳуқуқи рақамӣ, танзими зеҳни сунъӣ, ҳифзи амнияти биологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ба мавзӯъҳои асосии тадқиқотҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Мактабҳое, ки ба ин самтҳо таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намекунанд, хатари аз даст додани эътибори илмии худро доранд.

Дар шароити ташаккули давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон илми ҳуқуқшиносӣ бо вазифаҳои стратегӣ рӯбарӯ шуд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарин бунёди низоми нави ҳуқуқӣ мувофиқи арзишҳои миллии давлат ва талаботи стандартҳои байналмилалӣ буд. Мактабҳои илмие, ки дар замони шӯравӣ фаъолият доштанд, тағйироти куллӣ ва назаррасро аз сар гузарониданд. Агар дар давраи шӯравӣ мактабҳо асосан ба идеологияи марксистӣ-ленинӣ такя мекарданд, пас дар давраи истиқлолият мактабҳо ба арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва рукнҳои демократӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд. Дар солҳои охир дар соҳаи ҳуқуқшиносии тоҷик қадамҳои назаррасе гузошта шудааст. Дар маҷмӯъ, мактабҳои илмии Тоҷикистон ба самтҳои нави илмӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд.

Дар Тоҷикистон мактабҳои ҳуқуқшиносӣ баъд Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи ташаккул ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои худ қарор доранд, ки дорои нерӯи бузурги илмӣ мебошанд. Афзалияти асосии онҳо дар он аст, ки онҳо метавонанд аз ҳар ду анъанаи ҳуқуқии Шарқ ва Ғарб баҳра баранд. Мактабҳои илмии Тоҷикистон метавонанд дар оянда ба марказҳои тадқиқоти ҳуқуқии таърихӣ ва ҳуқуқи муосир и табдил ёбанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши робитаҳои байналмилалӣ, мактабҳои илмӣ нақши калидиро дар ҳамгироии илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон бо фазои илмии ҷаҳонӣ иҷро мекунанд. Имрӯз, барои мактабҳои илмии тоҷик муҳим аст, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ бо мактабҳои пешрафтаи ҷаҳон ширкат варзанд ва ҳамкориҳои судмандро ташкил намоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ, ҳамгироӣ бо мактабҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупо мебошад. Дар ин замина, лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули мутахассисон ва нашри дастаҷамъии мақолаҳо ва монографияҳо ба рушди мактабҳои илмии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Инчунин, иштироки олимони тоҷик дар конференсияҳои байналмилалии ҳуқуқшиносӣ ба баланд бардоштани эътирофи мактабҳои онҳо дар сатҳи ҷаҳон кӯмак мерасонад.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва таъмини ҳамгироии он ба фазои илмии ҷаҳонӣ, зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди мактабҳои илмии ҳуқуқшиносӣ барои давраи то соли 2040 (минбаъд – Барнома) таҳия ва қабул карда шавад. Ин Барнома бояд хусусияти соҳавӣ, стратегӣ ва амалиро доро буда, дар он самтҳои афзалиятноки таҳқиқот, механизмҳои дастгирии молиявӣ ва методологӣ, инчунин нишондиҳандаҳои арзёбии самаранокӣ пешбинӣ гарданд.

Иҷрокунандаи масъули Барнома бояд Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Институт) таъин карда шавад, зеро ин муассиса дорои захираҳои илмӣ, кадрҳои баландихтисос ва таҷрибаи кофӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҳуқуқ мебошад.

Барои такмил ва амалисозии самараноки ин пешниҳод, риояи чанд шарти асосӣ зарур аст:

1. Таъмини маблағгузории устувор. Барнома бояд аз буҷети давлатӣ маблағгузории солона дошта бошад, ки барои гузаронидани тадқиқотҳои фундаменталӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ташкили конференсияҳо ва экспедитсияҳои илмӣ, инчунин дастгирии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар доираи мавзӯъҳои афзалиятноки Барнома равона карда мешавад.

2. Таъсиси Шӯрои илмию методологӣ. Дар назди Институт Шӯрои байнисоҳавӣ таъсис дода шавад, ки дар он намояндагони факултетҳои ҳуқуқшиносии кишвар, коршиносони соҳаи ҳуқуқи миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҷалб карда шаванд. Ин Шӯро самтҳои таҳқиқот, меъёрҳои арзёбӣ ва роҳбарони илмии мактабҳоро муайян мекунад.

3. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ. Барнома бояд ҳамкории институтсионалӣ бо марказҳои илмии Федератсияи Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро ба нақша гирад. Ҳадаф – гузаронидани тадқиқотҳои муштарак, табодули мутахассисон ва нашри дастаҷамъии асарҳо.

4. Баланд бардоштани сатҳи нашрияҳо. Дар доираи Барнома ба маҷаллаҳои илмии Институт мақоми байналмилалӣ дода шуда, барои воридшавӣ ба пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science шароит фароҳам карда шавад. Ин эътирофи ҷаҳонии мактабҳои миллиро суръат мебахшад.

5. Ба роҳ мондани нашри силсилаи китобҳои «Классикаи илми ҳуқуқшиносӣ». Дар доираи барнома маҷмӯи асарҳои бунёдии ҳуқуқшиносони барҷастаи тоҷик ҷамоварӣ гардида, вобаста ба ихтисос ва соҳаҳо нашр карда шаванд. Он асарҳо мебошанд, ки дар замони худ ба ташаккул ва такомули низоми ҳуқуқи Тоҷикистон асос гузошта, имрӯз ҳам ҳамчун манбаи эътимодноки илмӣ эътироф карда мешаванд. Силсилаи нашри «Классикаи илми ҳуқуқшиносӣ» хуб мешавад, ки аз асарҳои академикон Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич, Тоҳиров Фозил Тоҳирович, узви вобастаи Академия Усмонов Очилбой Усмонович, профессор Ойгензихт Виктор Аркадевич шурӯъ шавад.

6. Ташкили мактабҳои тобистона ва семинарҳои методӣ. Барнома бояд семинарҳои доимии методӣ, даврҳои илмӣ ва мактабҳои тобистонаро барои муҳаққиқони ҷавон пешбинӣ намояд, ки дар онҳо устодони варзида (аз ҷумла аз хориҷи кишвар) дар бораи усулҳои муосири тадқиқот, тафсири қонун ва таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ маърӯза мекунанд. Ин тадбир анъанаи "Устод-Шогирд"-ро дар сатҳи сифатан нав эҳё мекунад.

7. Арзёбии солонаи самаранокӣ. Барои ҳар мактаби илмӣ, ки дар доираи Барнома фаъолият мекунад, нишондиҳандаҳои аниқ муқаррар карда мешаванд. Ба монанди шумораи рисолаҳои дифоъшуда, шумораи нашрияҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз, шумораи истинодҳо (хирш), иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва дараҷаи татбиқи натиҷаҳои тадқиқот дар қонунгузории амалкунанда.

8. Таваҷҷӯҳ ба самтҳои инноватсионӣ. Дар доираи Барнома ба таҳқиқоти байнисоҳавӣ, бахусус дар самтҳои ҳуқуқи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти биологӣ, ҳуқуқи экологӣ афзалият дода шавад. Ин ба мактабҳои ҳуқуқшиносии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар сатҳи пешрафтаи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

Хулоса, қабули чунин Барнома ба мактабҳои илмии ҳуқуқшиносӣ хусусияти бонизом, муҳлати муайян ва самаранокии амалӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба ташаккули низоми миллии устувори илмии ҳуқуқ ва баланд бардоштани нуфузи он дар миқёси ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва

таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст