СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАДИОИ БУРУНМАРЗИИ ОВОЗИ ТОҶИК
21 августи соли 2026 ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳодҷон ва ходими илмии шуъбаи мазкур Амирхониён Малика дар барномаи «Суҳбати рӯз»-и Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» бо ровии барнома Нилуфари Нуриддин дар мавзӯи «Нақши занон дар рушди илми ватанӣ ва таҳкими мақоми ҳуқуқии онҳо дар ҷомеаи соҳибистиқлол» мусоҳиба анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои саҳми занону духтарони тоҷик дар рушди илму маориф ва пешрафти ҷомеа, дастовардҳои онҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мақоми зан, рушди қонунгузории миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсил, фаъолияти илмӣ ва касбӣ, инчунин ташаббусҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ, мақом ва нақши занон дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мусоҳиба таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи давлат барои иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам гардида, имрӯз занони тоҷик бо дониш, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Пешрафти занон — неруи созандаи ҷомеа ва яке аз омилҳои муҳими рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.