Перейти к основному содержанию

ТУҲФАИ ИЛМӢ БА КИТОБХОНАИ ИНСТИТУТ!

Сарходими илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор СОЛЕҲҶОН ИБРОҲИМОВ ба китобхонаи Институтути давлат ва ҳуқуқи АМИТ 100 нусха китоби илмиву таълимии худро тақдим намуданд.

Ин тақдими арзанда саҳми назарраси олим дар ғанӣ гардонидани фонди илмии китобхона ва рушди илми ҳуқуқшиносии ватанӣ мебошад. Китобҳои пешниҳодшуда барои омӯзиши амиқи масоили мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ, омодасозии рисолаҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии олимону аспирантон ва донишҷӯёни институт манбаи боарзиш хоҳанд буд.

Институти давлат ва ҳуқуқ аз номи тамоми ҳайати илмӣ ба профессор Солеҳҷон Иброҳимов барои ин ташаббуси нек ва дастгирии пайвастаи илми ватанӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд!

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст