Перейти к основному содержанию

БАРНОМАИ НАВИ РУШДИ АНҶУМАНИ «ПАЙВАНД» ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

(бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», 07.09.2026)

35 соли истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик марҳалаи навини эҳёи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ин раванд, таъсис ва фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба ҳайси падидаи беназири даврони соҳибистиқлолӣ, арзишҳои аслии тоҷикиятро муттаҳид ва робитаҳои фарҳангиро бо ҳамзабонон дар саросари ҷаҳон тақвият бахшид.

1Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷуман дар остонаи 35-солагии истиқлол на танҳо ҳисоботи дастовардҳо, балки эъломияи барномаи нави рушд ва таҳкими рисолати ин созмон дар давраи нав буд. Эъломияи Пешвои миллат дар бораи оғози «марҳалаи нави фаъолияти Анҷуман» ва табдили он ба «низоми доимии амал» нишонаи рушди сифатии ин созмон аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва «рақобати пуршиддати ҳувиятҳо» нақши чунин ниҳодҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои сиёсии давлат афзоиш меёбад. Дастури Пешвои миллат дар бораи аз ҳамоишҳои рамзӣ фаротар рафтан ва ба «сифати як минбари амал, як шабакаи созандаи ҷаҳонӣ» табдил ёфтан, мафҳуми нави фаъолиятро пешниҳод менамояд, ки «дипломатияи фарҳангӣ» ва «неруи муттаҳидсози маънавию фарҳангӣ»-ро дарбар мегирад.

Таҳлили суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», имкон медиҳад, ки 10 самти муҳимми барномаи ояндаи Анҷуман муайян карда шавад, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошанд.

1. Ҳифз ва рушди забон ҳамчун омили ҳувият ва бехатарӣ.

Забони тоҷикӣ дар таълимоти сиёсии Пешвои миллат на танҳо воситаи муошират, балки «бунёди ҳастии маънавии миллат» ва кафили пойдории давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» мавқеи хос дорад, зеро таъкид бар он равона шудааст, ки забон пули пайванди наслҳо ва ҳамзабонон дар саросари олам мебошад. Дар ин мазмун, ҳифзи забон ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳувиятӣ табдил меёбад, зеро бо сустшавии мавқеи забон, заминаи худшиносии миллӣ ва дарки мансубияти тамаддунӣ халалдор мегардад. Барномаи нави Анҷумани «Пайванд», ки дар суханронӣ ироа шудааст, аз андешаи анъанавии «гиромидошти забон» фаротар рафта, вазифаи стратегии «табдил додани забон ба забони қудратманди илму фановарӣ»-ро пешниҳод менамояд. Ин иқдом нишондиҳандаи тағйири модел дар сиёсати забонӣ аст: аз нигоҳдориву эҳё ба сӯи тавсеа ва рушди амалии забон дар соҳаҳои илм, технология, иқтисод ва дипломатия. Дар ин ҷо, забон ҳамчун воситаи пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ баррасӣ мешавад, ки ба ҷавонон имкон медиҳад, бо ҳамин забон андеша ронанд, ихтироъ кунанд, барнома нависанд ва дар гуфтугӯ бо ҷаҳон ширкат варзанд. Чунин равиш, на танҳо мақоми забонро боло мебарад, балки онро ба воситаи муборизаи зеҳнӣ дар арсаи байналмилалӣ табдил медиҳад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақобати ҳувиятҳо, масъалаи амнияти зеҳнӣ ва истиқлоли маънавии миллат мебошад. Аз ин рӯ, Анҷумани «Пайванд» дар ин самт вазифаи дучанда дорад: якум – ҳифзи забон ҳамчун ёдгории маънавӣ ва омили ҳувият; дуюм – инкишофи забон ҳамчун воситаи тавонои пешрафт, ки дар навбати худ, ба тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Бидуни таҳкими мавқеи забон дар соҳаҳои стратегӣ, миллат наметавонад дар рақобати зеҳнии ҷаҳонии асри XXI пирӯз шавад. Бинобар ин, эъломияи Пешвои миллат дар бораи зарурати рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму фановарӣ, як тағйири методологӣ дар сиёсати забонӣ ва бехатарӣ маҳсуб мешавад.

2. Эҳёи таърих ва тамаддуни ориёӣ ҳамчун асоси ҳувияти миллӣ.

Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» таъкиди хос ба гузаштаи пурғановат ва тамаддуни ориёӣ равона шудааст. Ин таваҷҷӯҳ на танҳо ифтихори таърихӣ, балки амалисозии стратегияи «эҳёи хотираи таърихӣ» ва тафсири дурусти таърихи ниёгон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тамаддуни ориёӣ ойинаи тамомнамои худшиносии миллӣ ва мактаби бузурги инсондӯстиву инсонпарварист, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо неруи ақлу хирад, адолату фарҳанг ва эҷодкориву навоварии фарзандони донишманду ҷаҳоншумули худ ҳаёти ҷовидон ёфтааст. Дар ин замина, таърихи тамаддуни ориёӣ ҳамчун сарчашмаи ҳувият ва асли решаи миллати тоҷик муаррифӣ мегардад, ки ояндаи мо ба он вобаста аст. Иқдоми нави Пешвои миллот дар бораи бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе, на танҳо амали навоварона дар соҳаи фарҳанг, балки як самти нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳувият ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ маҳсуб мешавад. Конуни тамаддуни ориёӣ ҳамчун маркази зиндаи фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ тасаввур шудааст, ки таърихи мардумони ориёиро чун ойинаи як тамаддуни созанда, эҷодгар ва таъсиргузор ба ҷаҳони бостон муаррифӣ хоҳад кард. Маркази байналмилалии Наврӯз низ метавонад ба ниҳоди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки дар он Наврӯз на ҳамчун ҷашни як рӯзу як фасл, балки чун фалсафаи ҷовидонаи зиндагӣ, сулҳ ва эҳё бо таҷдиди мақоми таърихиву фарҳангии он дар хизмати ҳадафҳои маънавии ҷаҳони муосир гузошта шавад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, бунёди ин марказҳо ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳувият ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мусоидат мекунад. Ин иқдомҳо заминаи ҳуқуқии эътирофи байналмилалии арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва Наврӯзро ҳамчун саҳми Тоҷикистон дар ганҷинаи фарҳангии инсоният фароҳам меоранд. Дар шароити рақобатҳои шадиди ҷаҳонӣ, чунин иқдомҳо на танҳо ҳувияти миллиро таҳким мебахшанд, балки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази тамаддунӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд. Ин иқдом, инчунин, ба муаррифии оламии тоҷикон ҳамчун меросбарони асили тамаддуни ориёӣ ва посдорони арзишҳои умумибашарӣ мусоидат намуда, дар ташаккули дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

3. Тарбияи наслҳои худогоҳ дар заминаи шиори «Ман аввал тоҷикам».

Яке аз паёмҳои муҳими суханронии Пешвои миллат дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд», таъкид ба зарурати дарки амиқи насли ҷавон аз маънои «тоҷик будан» мебошад. Ин маъно на танҳо мансубият ба қаламрав ва шаҳрвандӣ, балки мансубият ба як тамаддуни бузург, ба як мероси ҷаҳонсози маънавӣ ва ба як маънавияти зебои фарҳангӣ дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки агар ҷавонон ин маъноро амиқан дарк кунанд, онҳо дар ҳама ҷо ва ҳамеша бо сари баланд, эътимод ва эҳсоси масъулияти ватандорӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Дар ин замина, шиори «Ман аввал тоҷикам» ҳамчун пояи асосии тарбияи маънавӣ ва худогоҳии миллӣ муаррифӣ мегардад, ки волоияти ҳувияти миллиро бар дигар ҳувиятҳо (аз ҷумла динӣ, қавмӣ ва минтақавӣ) таъкид менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи насли худогоҳ дар заминаи шиори «Ман аввал тоҷикам» на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи асосии Анҷумани «Пайванд» дар кор бо ҷавонони дохил ва хориҷи кишвар муайян шудааст. Барномаи нави Анҷуман дар ин самт, дарки тоҷикиятро ҳамчун «маънои мансубият ба як тамаддуни бузург» ва «таҷрибаи ибратомӯзи давлатдорӣ» ба наслҳои ҷавон мерасонад. Ин равиш, аз як тараф, ба мустаҳкамсозии ваҳдати миллӣ ва пешгирии ихтилофоти мазҳабӣ ва қавмӣ мусоидат мекунад; аз тарафи дигар, ба ҷавонон эҳсоси ифтихори милливу фарҳангӣ ва масъулияти ватандорӣ мебахшад. Анҷуман бояд тавассути барномаҳои таълимӣ, ҳамоишҳои ҷавонона, мубодилаи фарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштарак, ба ҷавонон дар дарки ҳувияти миллии худ мусоидат намояд. Танҳо дар ин сурат, насли нав бо эътимоди комил ва дарки масъулияти таърихӣ, барои сохтани ояндаи дурахшони Тоҷикистон омода хоҳад шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун намояндагони шоистаи миллати тоҷик шинохта хоҳанд шуд.

4. Тақвияти илм, маориф ва инноватсия.

Дар барномаи нави рушди Анҷумани «Пайванд», ки аз суханронии Пешвои миллат сарчашма мегирад, илм, маориф ва навоварӣ ҳамчун «омили асосии рақобатнокӣ» ва «истиқлоли илмӣ» муаррифӣ шудаанд. Ин таъкид нишон медиҳад, ки дар асри XXI ҷойгоҳи миллат на танҳо бо захираҳои табиӣ ва қудрати ҳарбӣ, балки пеш аз ҳама, бо иқтидори зеҳнӣ ва қобилияти навоварии он муайян карда мешавад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки миллати тоҷик, ки аз гузаштаи худ бо номи донишмандони бузург ва мактабҳои машҳури илмӣ ифтихор мекунад, ҳуқуқи маънавӣ дорад ва вазифадор аст, ки дар шароити муосир низ мавқеи худро бо тавлиди дониш ва тарбияи кадрҳои донишманд устувор созад. Анҷумани «Пайванд» дар ин ҷода метавонад ба яке аз василаҳои муассири муттаҳидсозии неруҳои илмии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёбад. Барномаи нав вазифадор мекунад, ки Анҷуман «шабакаи муосири ҳамкориҳои илмӣ» -ро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмиву таҳқиқотӣ, олимони бурунмарзӣ ва насли ҷавони муҳаққиқон таъсис диҳад. Ин ҳамкорӣ набояд танҳо бо суханрониҳо дар ҳамоишҳо маҳдуд шавад, балки бояд ба як низоми пойдори табодули илмӣ ва донишу таҷриба табдил ёбад. Дар ин замина, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, дарсҳои маҷозӣ, роҳнамоии илмии ҷавонон, лоиҳаҳои муштараки озмоишгоҳӣ, тарҷума ва нашри асарҳои илмӣ, инчунин табодули таҷриба дар соҳаҳои афзалиятнок – аз технологияҳои рақамӣ то тиб ва аз энергетика то забоншиносӣ – ба вуҷуд оварда шаванд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин самт ба ташаккули иқтидори зеҳнии миллат ва коҳиши вобастагии технологӣ мусоидат намуда, заминаи рушди устувори давлатро фароҳам меорад. Таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои афзалиятнок, ба монанди технологияҳои рақамӣ, тиб ва энергетика, нишон медиҳад, ки барнома ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти дохилии кишвар мувофиқат мекунад. Ҷавонони тоҷик, ки ба чунин фазои илмӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, метавонанд қобилияти касбӣ, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва кор бо донишҳои навро такмил диҳанд. Дар натиҷа, Тоҷикистон метавонад ба маркази илмӣ ва технологӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад ва дар рақобати ҷаҳонии илмӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд. Анҷумани «Пайванд» бо фаъолияти фаъолона дар ин самт, метавонад ба пайванди илм ва ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои илмии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, саҳми назаррас дар ташаккули ҷомеаи донишбунёди Тоҷикистон гузорад.

5. Густариши дипломатияи фарҳангӣ ва илмӣ.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ, дипломатияи фарҳангӣ ва илмӣ ҳамчун воситаи муассири таъсиргузорӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» бо пешниҳоди ташаббуси нави таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино» дар соҳаи тиб, роҳи навини дипломатияи илмиро барои Тоҷикистон кушоданд. Ин ҷоиза, ки дорои хазинаи махсус мебошад, на танҳо воситаи ташвиқи олимони соҳаи тиб, балки як воситаи боэътимоди дипломатияи илмӣ маҳсуб мешавад, ки метавонад Тоҷикистонро ба маркази гуфтугӯи байналмилалӣ дар бораи мероси илмии башарият табдил диҳад. Ин ташаббус дар идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти муаррифии саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва эҳёи мероси илмии ниёгон амалӣ мегардад. Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке бузургтарин донишмандони таърихи башар, на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми инсоният рамзи илм, маърифат ва инсондӯстӣ мебошад. Таъсиси ҷоиза ба номи ӯ, Тоҷикистонро ҳамчун меросдори фарҳанги ҷаҳонӣ ва пайвандгари тамаддунҳо муаррифӣ намуда, мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад. Ин амал, инчунин, ба рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, табодули дониш ва таҷриба миёни олимони тоҷик ва хориҷӣ мусоидат намуда, барои ворид шудани Тоҷикистон ба фазои илмии ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ таъсиси чунин ҷоиза ба як абзори муассири дипломатияи фарҳангӣ табдил меёбад, ки дар он арзишҳои фарҳангии тоҷик тавассути илм ва маънавиёт ба ҷаҳониён муаррифӣ карда мешаванд. Ин равиш ба ташаккули имиҷи мусбии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси илмии тоҷикон ва густариши робитаҳои илмӣ бо кишварҳои пешрафта мусоидат менамояд. Дар натиҷа, Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ, балки ҳамчун маркази илмӣ ва фарҳангии муосир дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад. Анҷумани «Пайванд» низ бо истифода аз чунин ташаббусҳо, метавонад дар муаррифии саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва таҳкими дипломатияи илмии кишвар нақши калидӣ бозад ва ба рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангии байналмилалӣ мусоидат намояд.

6. Ҳифзи мероси маънавӣ ва нашри осор.

Мероси маънавӣ ҳамчун ганҷинаи бебаҳои таърихӣ ва маданӣ, дар ташаккули худшиносии миллии ҳар миллат нақши бунёдӣ дорад. Дар суханронии Пешвои миллат дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» масъалаи эҳёи ин мерос, бахусус нашри осори бузургони илму адаби тоҷик – аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун яке аз рӯзгортарин дастовардҳои даврони истиқлол ва самти муҳими сиёсати фарҳангӣ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Ин амал на танҳо ҳифзи ёдгориҳои моддӣ ва маънавист, балки эҳёи хотираи ҷамъӣ ва тақвияти пайванди наслҳо мебошад, ки бе он, ҳувияти миллӣ ҷанбаи худогоҳии худро аз даст медиҳад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дастрас намудани осори гаронбаҳои таърихию адабӣ, аз қабили «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба ҳар хонадон, иқдомест, ки роҳро барои мустаҳкам намудани ифтихори таърихӣ ва пайванди мардум бо мероси ниёгон ҳамвор месозад. Ин осор на танҳо манбаи илмӣ, балки мактаби маънавият, инсонгароӣ, ватандӯстӣ ва тафаккури созанда мебошанд. Дар ин замина, нашри осори бузургоне чун Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон ба сифати ғанӣ гардонидани хазинаи маънавии ҷомеа ва ташаккули арзишҳои муштараки фарҳангӣ амалӣ мегардад. Чунин ташаббусҳо ба мустаҳкамсозии сутунҳои ҳувияти миллӣ ва эҳёи худшиносии таърихӣ мусоидат мекунанд. Зеро, миллате, ки бо мероси маънавии худ шинос набошад, дар муқобили ҳамлаҳои фарҳангии ҷаҳони муосир осебпазир хоҳад буд. Бинобар ин, Анҷумани «Пайванд» дар ин самт вазифадор мешавад, ки на танҳо ба нашр ва паҳнкунӣ, балки ба тадқиқ, тарҷума ва тарғиби байналмилалии ин осор диққати махсус диҳад. Чунин равиш, эҳёи мероси маънавиро аз як амали хотиравӣ ба раванди фаъоли идроки миллӣ ва таъсирбахши фарҳангӣ табдил медиҳад, ки дар ташаккули ояндаи дурахшони миллат ва таҳкими эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.

7. Сулҳофаринӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ.

Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои гуногун – аз терроризм ва экстремизм то низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои иқтисодиву экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи сулҳ ва амният ба яке аз мушкилоти муҳимтарини башарият табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳаммулро ҳамчун рисолати асосии Анҷуман муайян намуданд. Ин муносибат нишон медиҳад, ки Анҷумани «Пайванд» на танҳо як ниҳоди фарҳангӣ, балки як воситаи таъсирбахши сулҳофаринӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки метавонад дар паҳн намудани паёми сулҳ, таҳаммул ва ҳамзистии осоишта нақши муҳим бозад. Таъкид ба он, ки «сулҳ, дар қадами аввал, аз андешаи неку созанда, сабру таҳаммул ва фарҳанги муколама оғоз мешавад», нишон медиҳад, ки сулҳофаринӣ на танҳо амали сиёсӣ, балки як фарҳанг ва тарзи фикрронӣ мебошад. Дар ин замина, Анҷуман бояд тавассути барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ ба ташаккули фарҳанги сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ дар байни тоҷикону форсизабонон мусоидат намояд. Ин равиш ба муқовимат ба идеологияи терроризм ва экстремизм, ки дар заминаи нафратоварзӣ ва радди дигарон инкишоф меёбанд, самти муассир мебошад. Ташаббуси муҳими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо пешниҳоди Пешвои миллат қабул гардид, намунаи равшани дипломатияи фаъоли сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус, ки ҳадафи он густариши фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо дар саросари ҷаҳон мебошад, ба Анҷумани «Пайванд» имкон медиҳад, ки дар тарғиби ин паём дар байни ҳамзабонон ва ҷамоатҳои форсизабон саҳми назаррас гузорад. Анҷуман метавонад тавассути баргузории ҳамоишҳои сулҳпарварона, нашри маводҳои тарғиботӣ, барномаҳои таълимӣ ва мубодилаи таҷриба, ба ташаккули тарзи нави андеша дар ҷомеа мусоидат намояд, ки дар он сулҳ, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун арзишҳои аслӣ эътироф шаванд. Аз нигоҳи стратегӣ, ин самти фаъолият ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст ва эътирофи байналмилалии саҳми он дар таъмини амният ва сулҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Анҷумани «Пайванд» бо пайвастани арзишҳои фарҳангӣ ба рисолати сулҳофаринӣ, метавонад на танҳо худшиносии миллии тоҷиконро таҳким бахшад, балки дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ низ нақши созандаи худро иҷро намояд.

8. Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ

Гарчанде ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ҳамчун созмони фарҳангию илмӣ таъсис ёфтааст ва фаъолияти асосии он ба ҳифзи забон, таърих ва арзишҳои маънавӣ равона шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши илмӣ, ба ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳо низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудаанд. Ин нукта нишон медиҳад, ки барномаи нави рушди Анҷуман аз доираи маҳдуди фарҳанг ва илм фаротар рафта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули таҷриба дар соҳаҳои афзалиятнок низ равона шудааст. Чунин равиш, Анҷуманро ба як платформаи густурда табдил медиҳад, ки дар он на танҳо арзишҳои маънавӣ, балки манфиатҳои амалии иқтисодии тоҷикону форсизабонон низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Пешвои миллат дар суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои илмӣ бояд ба соҳаҳои афзалиятнок – аз технологияҳои рақамӣ то тиб ва аз энергетика то забоншиносӣ – равона гарданд. Ин бахшҳо на танҳо соҳаҳои стратегии рушди ҷомеаи муосир мебошанд, балки заминаи табодули технологӣ, сармоягузорӣ ва ташкили лоиҳаҳои муштарак-ро низ фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, Анҷуман метавонад ҳамчун пайвандгари иқтисодии тоҷикон дар кишварҳои гуногун амал карда, ба иттифоқҳои савдо, шарикӣ дар соҳаи инноватсия ва табодули технологияҳо мусоидат намояд. Ин самт ба ворид шудани тоҷикони бурунмарзӣ ба равандҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои сармоягузории кишвар низ кумак хоҳад кард. Таъкид ба табодули таҷриба дар соҳаҳои пешрафтаи илмӣ ва технологӣ, аз ҷумла тавассути лоиҳаҳои муштараки озмоишгоҳӣ ва барномаҳои табодули мутахассисон, заминаи интиқоли технология ва ташаккули иқтидори маҳаллӣ-ро фароҳам меорад. Ин равиш, на танҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки ба тоҷикони бурунмарзӣ имкон медиҳад, ки дар пешрафти кишвари аҷдодии худ саҳми фаъолона гузоранд. Ҳамзамон, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути Анҷуман, метавонад ба мустаҳкамсозии робитаҳои тоҷикони бурунмарзӣ бо Ватан ва эҳёи эҳсоси ватандорӣ дар онҳо мусоидат намояд. Аз нигоҳи стратегӣ, ворид намудани ҷанбаи иқтисодӣ ба фаъолияти Анҷуман, онро ба як созмони бисёрфунксионалӣ табдил медиҳад, ки метавонад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти тоҷикони ҷаҳон – аз фарҳанг ва илм то иқтисод ва технология – нақши муттаҳидкунанда бозад. Чунин тавсеа, ба коҳиши фосила байни тоҷикони дохили кишвар ва бурунмарзӣ, инчунин ба ташаккули ҳамкориҳои судманд дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, дар ниҳоят ба тақвияти мавқеи иқтисодии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

9. Дипломатияи фарҳангӣ дар назди ҷаҳониён

Дар ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои глобалӣ – аз тағйирёбии иқлим ва буҳрони об то низоъҳои мусаллаҳона ва ноамнии иқтисодӣ – тамоми башариятро дар бар мегиранд, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муассири таъсиргузорӣ ва муаррифии ҳувияти миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши Анҷумани «Пайванд» Анҷуманро даъват намуданд, ки на танҳо «аз худ ва таъриху фарҳанги хеш», балки аз саҳми тоҷикон барои ҳифзи инсон ва сайёра сухан гӯяд. Ин нукта нишон медиҳад, ки дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон набояд танҳо ба муаррифии гузаштаи пурфахр маҳдуд шавад, балки бояд дар ҳалли мушкилоти муосири ҷаҳонӣ низ нақши фаъол ва созандаи худро иҷро намояд. Чунин равиш, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари «пешкору ташаббускор» дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, ки на танҳо меросдори фарҳанги бой ва таърихи қадим аст, балки ба масъалаҳои глобалии замони муосир вокуниши фаъол ва судманд нишон медиҳад. Дар ин замина, Анҷумани «Пайванд» метавонад ба як минбари муҳими дипломатияи фарҳангӣ табдил ёбад, ки тавассути он Тоҷикистон метавонад паёми сулҳ, таҳаммул, ҳамкорӣ ва масъулияти муштаракро ба ҷаҳониён бирасонад. Ин паём, дар асоси арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва таҷрибаи таърихии тоҷикон дар ҳамзистии осоишта ва гуфтугӯи фарҳангҳо бунёд шудааст, ки метавонад барои ҷомеаи муосири башарӣ намунаи ибратбахш гардад. Анҷуман бояд дар муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим, сулҳ ва амният саҳми фаъолона гузорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «вақте Анҷуман на танҳо ба гузашта, балки ба мушкилоту масъалаҳои зиндагии имрӯзаи инсоният рӯ меоварад, ... рисолати созмони бомасъулиятро дар баробари аҳли башар ба сомон мерасонад». Ин гуфта нишон медиҳад, ки Анҷуман бояд аз як ниҳоди ёдбудӣ ва фарҳангӣ ба як созмони бомасъулият табдил ёбад, ки дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми назаррас гузошта, барои рушди устувор ва беҳбуди зиндагии инсоният талош намояд. Аз нигоҳи стратегӣ, чунин равиш ба ташаккули имиҷи мусбии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эътирофи саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Анҷумани «Пайванд» бо истифода аз ин имконият, метавонад на танҳо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳким бахшад, балки Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар натиҷа, ин самт ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва баланд бардоштани эътибори кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузорад.

10. Табдили Анҷуман ба «Маркази ҳамоҳангсози неруҳо»

Ҳадафи ниҳоии барномаи нави рушди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ тараҳҳум намуданд, табдили ин созмон ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин мақоми нав, Анҷуманро аз як ташкилоти фарҳангии ёдбудӣ ба як «шабакаи созандаи ҷаҳонӣ» табдил медиҳад, ки масъулияти он на танҳо нигоҳдошти арзишҳои гузашта, балки сохтани ояндаи дурахшони миллат ва ташаккули ҷомеаи пешрафта мебошад. Ин табдили сифатӣ, Анҷуманро ба як воситаи муассири таъсирбахш дар ҳама соҳаҳои ҳаёти тоҷикони ҷаҳон – аз илм ва маориф то иқтисод ва фарҳанг – табдил медиҳад. Дар заминаи ин ҳадафи стратегӣ, Анҷуман бояд фаъолияти худро аз доираи ҳамоишҳои рамзӣ ва маросимӣ фаротар барад ва ба низоми доимии амал, ташаббус ва ҳамоҳангсозӣ, ки бо имкониятҳои муосири иттилоотиву техникӣ муҷаҳҳаз аст, табдил ёбад. Ин равиш, аз Анҷуман талаб мекунад, ки дар муайян намудани афзалиятҳои рушди миллат, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштарак, ҷалби мутахассисони тоҷик дар саросари ҷаҳон ва ташаккули сиёсати ягона дар соҳаҳои гуногун нақши калидӣ бозад. Ба ибораи дигар, Анҷуман бояд ба асосгузори ҳамкориҳои байнитоҷикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки тамоми неруҳои мавҷуда – олимон, мутахассисон, соҳибкорон, ҷавонон ва намояндагони зиёиро дар атрофи ҳадафҳои ягонаи миллӣ муттаҳид созад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ин табдил ба маркази ҳамоҳангсозӣ, Анҷуманро ба як созмони бисёрфунксионалӣ табдил медиҳад, ки дорои ваколатҳои мушаххас ва масъулиятҳои васеъ мебошад. Ин мақом, Анҷуманро на танҳо ҳамчун ниҳоди фарҳангӣ, балки ҳамчун яке аз ниҳодҳои стратегии таъмини манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар ин раванд, Анҷуман бояд ба ташаккули шабакаи муосири ҳамкориҳо дар байни тоҷикони бурунмарзӣ ва дохили кишвар, табодули дониш ва технология, ҳамкории иқтисодӣ ва ташвиқи ҷавонон ба фаъолиятҳои созанда мусоидат намояд. Ин ҳама, дар ниҳоят, ба таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва таъмини рушди устувор дар даҳсолаҳои оянда мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат бо таъкид бар он, ки «вақти он расидааст, ки анҷуман фаъолияти худро ба сифати як минбари амал, як шабакаи созандаи ҷаҳонӣ ва як мактаби ташаккулдиҳандаи ғояву андешаҳои нави маънавию фарҳангӣ роҳандозӣ намояд», роҳи навини рушди Анҷуманро муайян намуданд. Ин марҳалаи нав, Анҷуманро ба яке аз ниҳодҳои пешбарандаи эҳёи миллӣ, ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир табдил медиҳад, ки дар он на танҳо гузашта, балки ояндаи дурахшони миллат сохта мешавад.

Хулоса, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар соли 2026 на танҳо натиҷагирӣ аз сиёсати фарҳангии давлат, балки як ҳуҷҷати барномаест, ки роҳи навини рушди ин ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандиро муайян мекунад. Барномаи «марҳалаи нав» бо даҳ самти асосӣ, аз эҳёи тамаддуни ориёӣ ва бунёди марказҳои фарҳангӣ дар Душанбе то табдили «Пайванд» ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ ва иқтисодии тоҷикон дар саросари ҷаҳон, ҷойгоҳи ин созмонро дар низоми сиёсати фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ мустаҳкам менамояд. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар асоси ин роҳнамоӣ Анҷуман метавонад ба яке аз воситаҳои муассири таъмини манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир табдил ёбад, ки рисолати он ҳифзи ҳувият, сулҳофаринӣ ва таъмини рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Мирзозода Парвон - директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст