НАШРИ ВОСИТАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Аз ҷониби муҳаққиқону ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тағойназаров Ш. Т., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Бобоҷонзода И. Ҳ. ва унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Қурбонзода Ш. Ш. воситаи нави таълимӣ таҳти унвони «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид.
Нашри ин асари арзишманди илмӣ ба муносибати арҷгузорӣ ва ҷашни фархундаи 35-солагии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субот расидааст.
