Перейти к основному содержанию

ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ. 9 октябр. Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 60-солагии фаъолияти илмӣ ва таълимии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Адинаевич бахшида шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар ҳар марҳалаи рушди давлату ҷомеа шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки бо дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, меҳнати содиқона ва масъулияти баланди касбӣ дар пешрафти илму маърифат нақши муассир мегузоранд. Дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистони соҳибистиқлол доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар Адинаевич Раҷабов аз ҷумлаи чунин олимони соҳибмактаб ва пурмаҳсул ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки фаъолияти илмӣ ва таълимии профессор С.А. Раҷабов бо ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди амиқ дорад. Ӯ ҳамчун аввалин доктори илмҳои ҳуқуқ дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар кишвар тавонист дар ташаккули самтҳои муҳими таҳқиқоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, ҳуқуқи инсон, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад.

Зикр гардид, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти профессор С.А. Раҷабов сермаҳсул будани эҷодиёти илмии ӯ мебошад. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи илмӣ зиёда аз 450 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, фарҳангҳои соҳавӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф ва нашр гардидаанд. Ин мероси илмӣ на танҳо натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайвастаи муҳаққиқ, балки заминаи назариявию методологӣ барои рушди минбаъдаи илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар идома намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор П. З. Мирзозода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М. З. Раҳимзода дар маърузаҳои хеш доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа ва саҳми профессор С. А. Раҷабов дар ташаккули мактаби илмии ҳуқуқи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. Дар ин замина, нақши осори илмӣ ва фаъолияти таълимии олим дар омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, рушди афкори ҳуқуқӣ ва омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамчунин, аҳаммияти идомаи анъанаҳои илмии ӯ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва таҳкими робитаи таҳқиқоти назариявӣ бо амалияи ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Инчунин, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор С. А. Раҷабов дар мавзуи «Ҳолат ва дурнамои рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон» маъруза намуд. Мавзуи мазкур масъалаҳои ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар кишвар, самтҳои асосии таҳқиқоти соҳавӣ ва дурнамои омӯзиши онҳоро фаро мегирад. Дар ин замина, таҳкими заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот, омода намудани мутахассисони ҷавон ва густариши ҳамкориҳои илмӣ барои рушди минбаъдаи соҳа аҳаммияти муҳим доранд.

 

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст