ГУЛҲОИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ: ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ГУЛҲОИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН НАМУДАНИ ГУЛҲОИ ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ”
21 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони №1231-ро дар бораи эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ ба имзо расониданд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, мақсади он арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати кишвар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум мебошад.
Банди 1-и Фармон муқаррар мекунад: «Гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шаванд». Моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ҳуқуқи қабули фармонҳо ва қарорҳоро медиҳад. Фармони мазкур дар доираи салоҳияти конститутсионии Президент қабул шуда, аз ҷиҳати шакл ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ аст. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба масъалаҳои фарҳанг, табиат ва ҳувияти миллӣ мебошад ва дар доираи ваколатҳои конститутсионии Президент қабул шудааст.
Гули миллӣ категорияи махсуси фарҳангӣ буда, рамзи ҳувияти миллӣ, ифодаи зебоишиносӣ, табиатдӯстӣ ва эҳтиром ба мероси таърихӣ мебошад. Эълони гулҳои миллӣ тавассути фармон инъикоси иродаи сиёсии давлат дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ буда, ба ташаккули худшиносии миллӣ, хусусан дар байни насли ҷавон, таъсири мусбат мерасонад.
Ин амал ба таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ монанд аст, ки гулҳои миллӣ доранд ва онҳоро бо фахр тарғиб мекунанд. Соли 1986 Конгресси Иёлоти Муттаҳида қарори дахлдорро қабул кард, ки ба Президент ваколат дод гулҳои садбаргро ҳамчун рамзи миллии гулҳо эълон кунад. Президенти вақт Рейган дар ҳамон сол эъломияи расмиро имзо кард. Конститутсияи Непали соли 2015 ба таври возеҳ муқаррар кардааст, ки " Рододендрони шоҳидор " гулҳои миллии Непал мебошад. Генерал-губернатори вақти Австралия 1 сентябри соли 1988 ба таври расмӣ эълон кард, ки акатсияи тиллоӣ рамзи миллии гулҳои Австралия мебошад. Маҷаллаи расмии Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳии Ҷопон дар соли 2017 гулҳои гелос ва хризантемаро ҳамчун "гулҳои миллӣ" зикр кардааст. Дар Канада соли 1996 ба таври расмӣ дарахти шоҳидорак рамзи миллии дарахтон эълон шуд. Аз ин таҷриба дида мешавад, ки вобаста ба анъанаҳои ҳуқуқии ҳар як кишвар фарқ мекунад. Танҳо шумораи ками кишварҳо (монанди Непал) онро ба Конститутсия ворид кардаанд. Иёлоти Муттаҳида ва Австралия тавассути эъломияҳои расмӣ онро эълон кардаанд.
Гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш дар фарҳанги тоҷик мақоми хосса доранд ва ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфтаанд. Онҳо махсусан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди ногусастанӣ доранд. Гули Сиёҳгӯш нахустин муждарасони баҳор, рамзи ҳофизаи таърихиву асотирӣ ва пирӯзии покиву адолат мебошад. Иртиботи он бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст, аҳаммияти таърихию устуравии онро таъкид менамояд. Пайванди мустақими гули Сиёҳгӯш бо номи Сиёвуш — яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин ҳамосаи миллӣ — дирӯзу имрӯзи моро ба ҳам пайванд гардонад, рамзи хотираи таърихӣ ва меросдории тамаддуниро ифода мекунад ва худшиносиву ифтихори милиро таҳким мебахшад. Гули Лола рамзи рӯйсурхии мардуми сарбаланди тоҷик, таҷассуми ҳусну латофат ва шукуфоии табиати кишвар аст. Анъанаи сайри гули Лола, ки онро «сайри гули сурх» низ мегуфтанд, дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад.
Ин анъанаҳои бостонӣ иртиботи ногустастании мардуми ориётаборро бо табиати дилрабову нотакрори хеш, махсусан бо гулҳо баръало нишон медиҳанд. Даҳҳо номҳои духтаронаи тоҷикӣ дар таркиби худ вожаи гул доранд — ба монанди Гуландом, Гулбону, Тоҷигул, Гулпайкар, Гулчеҳра, Гулноз ва амсоли ин, ки аз давраи куҳан то кунун падару модарон бо меҳру муҳаббати беандоза духтарони худро номгузорӣ мекунанд. Эълони гулҳои миллӣ ин анъанаи куҳани номгузориро боз ҳам тақвият мебахшад ва арзиши фарҳангии онро ба сатҳи давлатӣ мебардорад. Табиати биҳиштосои диёри маҳбубамон бо гулҳои рангоранги худ зебову хуррам аст, ки ба сифати намуди биологӣ дар меҳвари он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш қарор дошта, навъҳои гуногуни он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мерӯянд.
Аз нигоҳи илмӣ, намудҳои мушаххаси гурӯҳи гули лола ва гули сиёҳгӯш дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин арзиши баланди экологӣ ва илмии онҳоро тасдиқ мекунад. Фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ҳамоҳангӣ ба тарбияи маданияти экологӣ дар ҷомеа ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Эълони гулҳои миллӣ ба тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба табиат ва фарҳанги худ мусоидат мекунад. Ин иқдом барои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои фарҳангӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, то барномаҳои тарбиявӣ ва фарҳангиро таҳия намоянд.
Гулҳои миллӣ метавонанд ҳамчун воситаи таълими экологӣ ва фарҳангӣ дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ истифода шаванд. Ин ба боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат мекунад. Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сиёсати ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар ҳаёти маънавии ҷомеаи мо умри дубора пайдо намуданд, балки ба сатҳи байналмилалӣ баромада, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, ки дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи мо ҷойгоҳи хосса дошта, ифодагари завқи зебоишиносии миллати сарбаланди тоҷик мебошанд, иқдоми дигари Пешвои миллат дар самти густариши суннатҳои волои куҳан дар замони муосир ба шумор меравад.
Банди 2 вазифадор мекунад: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва муаррифии гулҳои миллӣ дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ чораандешӣ намояд».
Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумат ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти худ қарорҳо қабул кунад ва чораҳои амалӣ андешад. Банди 2-и фармон ба Ҳукумат ваколати васеъ медиҳад, ки барномаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия намояд. Ин имкон медиҳад, ки тарғиби гулҳои миллӣ ба як раванди системавӣ ва доимӣ табдил ёбад.
Дар дохили кишвар тарғиби гулҳои миллӣ метавонад тавассути роҳҳои зерин сурат гирад:
- ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо, фестивалҳо ва озмунҳо бахшида ба гулҳои миллӣ;
- ворид намудани мавод дар бораи гулҳои миллӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо;
- нашри китобҳо, буклетҳо, плакатҳо ва маводҳои иттилоотӣ;
- инъикоси васеи мавзӯъ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
- ташкили боғҳои махсус ва гӯшаҳои гулҳои миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
- таҷлили ҳамасолаи анъанаи сайри гули Лола моҳи апрел дар саросари кишвар.
Ин чорабиниҳо метавонанд ба тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба табиат ва фарҳанги худ мусоидат кунанд ва заминаи мусоид барои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои фарҳангӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ фароҳам оваранд.
Тарғиби гулҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ метавонад тавассути намояндагиҳои дипломатӣ, ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалии гулҳо, нашри мавод дар бораи флораи Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат гирад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиби мероси бойи табиӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳон шинохта шавад. Гулҳои миллӣ метавонанд ҳамчун бренди фарҳангӣ ва туристӣ хизмат намоянд ва ба рушди сайёҳӣ мусоидат кунанд.
Тарғиби гулҳо бояд бо чораҳои ҳифзи он ҳамоҳанг бошад. Банди 2-и фармон ба Ҳукумат имкон медиҳад, ки барномаи тарғибро бо барномаи ҳифзи гулҳои нодир пайванд диҳад. Ин ҳамоҳангӣ ба тарбияи маданияти экологӣ дар ҷомеа ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Барои иҷрои самараноки банди 2-и фармон пешниҳод мегардад, ки Ҳукумат қарор қабул кунад, ки дар он:
- Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳо ҳамчун масъулон муайян карда шаванд;
- Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2027–2030 тасдиқ гардад (намоишгоҳҳо, конференсияҳо, нашрияҳо, барномаҳои мактабӣ);
- Механизми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ муқаррар карда шавад.
Дар қарор бояд зикр шавад, ки тарғиб бояд бо чораҳои ҳифзи гулҳо ҳамчун намуди ба Китоби Сурх дохилшуда ҳамоҳанг бошад. Барои ин:
- маъракаҳои иттилоотӣ дар бораи аҳамияти ҳифзи гулҳо дар табиат гузаронида шаванд;
- парвариши ин гулҳо дар боғҳои ботаникӣ ва питомникҳо рушд бахшида шавад;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои экологӣ таъмин карда шавад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар барномаҳои таълимӣ мавод дар бораи гулҳои миллӣ, маънои фарҳангӣ, пайванди онҳо бо «Шоҳнома» ва аҳамияти экологии онҳоро ворид кунад. Дар ин замина, китобҳои дарсӣ ва маводҳои методие таҳия шаванд, ки ба тарбияи эҳтиром ба табиат ва мероси фарҳангӣ мусоидат намоянд.
Пешниҳод мегардад, ки гулҳои миллӣ ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳӣ истифода шаванд: таҳияи армуғон, кортҳои табрикӣ, маводҳои таблиғотии сайёҳӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ. Ин ба рушди иқтисодиёти маҳаллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат мекунад.
Пешниҳод мегардад, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба ворид намудани гулҳои миллӣ ба рӯйхатҳои мероси фарҳангӣ ва табиӣ баррасӣ шаванд. Ин ба эътирофи байналмилалии гулҳои миллӣ ва болоравии обрӯи кишвар мусоидат мекунад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ иқдоми муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ буда, ба таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиби мероси таърихӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Татбиқи ин тавсияҳо имкон медиҳад, ки гулҳои миллӣ на танҳо рамзи фарҳангӣ, балки омили воқеии ҳифзи табиат, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди устувори кишвар гарданд.
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи
АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор