КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШДБАХШИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Баъди соҳибистиқлолиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти аз нав таҳия намудани механизми нави таъмини ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии ҷавобгўй ба талаботи давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ, инчунин интихоби воситаҳои ҳуқуқиии баамалбарории онҳо ба миён омад. Вале санади ҳуқуқии ягонае, ки дурнамои инкишофи минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти рушди нави муносибатҳои ҷамъиятии давраи гузариш бояд ба танзим дарорад, мавҷуд набуд. Ба ҳайси чунин санади волои ҳуқуқӣ метавонист танҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намояд.
Ҳамзамон, зарурияти қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар, тағйирёбии сохти давлатӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус иқтисоди бозорӣ, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеа тақозо намуд. Аз ин ҷо 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки бо тағйиру иловаҳои минбаъда, тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: “ инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсозӣ тоҷик гардид”.
Конститутсия дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иљтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муайян кард, роҳи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муқаррар намуд ва миллати тоҷикро барои амалӣ гаштани ормонҳои волои миллӣ ба созандагию бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд. Минбаъд ҳамчун санади волои ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи сиёсати ҳуқуқӣ, Конститутсия на танҳо дурнамои рушди сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки заминаи инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин асос низоми ҳуқуқии онро муайян намуд. Дар он заминаи муайянкунандаи низоми ҳуқуқии ба шакл ва мазмуну моҳият мустақил ва аз дигар низомҳои ҳуқуқии давлатҳо фарқкунанда таҷассуми худро ёфт. Дар Конститутсия орзуву омол, ҳуввияти миллати тоҷик ифода ёфта, ҳамзамон вай таҷассумгарӣ фарҳангу расму оин, одату анъанаҳои таърихӣ ва маънавияти миллати мо буда, дар худ роҳи пуршебу фарози беш аз ҳазорсолаи тайнамудаи халқи тоҷик, инчунин шароити таърихии бавуҷудоӣ, ташаккулёбӣ ва барқароршавии давлат ва ҳуқуқи моро ифода менамояд.
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди қонунгузорӣ дар хусусиятҳои зерини он зоҳир мегардад:
Аввало, он ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, ба ҳайси меҳвари сиёсати танзими ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, заминаи ҳуқуқии қонунгузории амалкунандаро ташкил медиҳад.
Сониян, санади ҳуқуқии низомбавуҷудоваранда буда, дар он сохти амудӣ ва уфуқии қонунгузории Тоҷикистон, яъне асоси қонунгузории хусусӣ ва оммавии Тоҷикистон ифода меёбад.
Солисан, вай на танҳо функсияи танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятиро ифода менамояд, балки ягонагии меъёрҳои дохилии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва самаранокии алоқаҳо ҳуқуқиро ба қонунгузории хориҷӣ таъмин менамояд.
Баъдан, моҳият ва мазмуни қонунгузории амалкунандаро, ки ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад муайян намуда, ба ташаккули механизми танзимнамоӣ, ҳуқуқэъҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқнамоӣ таъсир мерасонад.
Бояд қайд намоем, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он зарурияти танзим ва такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба миён оварда, марҳилаи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо оғоз намуд. Зеро, он давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимӣ будани Тоҷикистонро эътироф намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ваколати Маҷлиси Олӣ (парламент), Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд ва прокуратураро муайян намуд. Дар асоси Конститутсияи нав барои таљзияи рукнҳои давлат ва ташаккули давлати соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамзамон, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян гардида, нақши мақомоти қонунгузор дар қабул ва такмили қонунгузорӣ муайян карда шуд. Бо назардошти дурнамои инкишофи кишвар Конститутсияи Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликиятро ба сифати асоси иқтисодиёти мамлакат эътироф намуда, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дод. Конститутсия арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳатто дар Дебочаи озодӣ ва ҳуқуқӣ шахсро муқаддас шуморида, дахлнопазирии ҳуқуқӣ фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсониро эълон карда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ Конститутсия эълон кард ва ҳуқуқӣ шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияяои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд. Аз ин ҷо, зарурияти такмили қонунгузорӣ дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба миён омад.
Бояд қайд намоем, ки таъмини волоияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи қоидаи амал ва рафтори субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ (давлат, ташкилот, шаҳрванд) таҷассуми худро дар қонунгузории амалкунанда меёбад. Зеро, ба воситаи қонунгузорӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ ва қоидаи рафтори онҳо бо таври мушаххас ба танзим дароварда шуда, амалӣ гардидани онҳо асосан таъмин карда мешавад. Аз ин ҷо баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи барқаррорсозӣ ва ташаккули минбаъдаи воситаҳои нави ҳуқуқии амалӣ намудани он бо дарназардошти талаботи меъёрҳои он ба миён омад. Ин ба он вобаста буд, ки ба даст овардани истиқлолият ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии муосир, инчунин байналмилалӣ озод, бе мавҷудияти қонунгузории мукаммал, такмилёфта, босифат ва самараноки ба асосҳои сохти конститутсионии демократӣ ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ асосёфта ниҳоят мушкил буд.
Тавре зикр кардем қонунгузории Тоҷикистон баъди қабули Конститутсия бо дарназардошти ворид намудани тағйиру илова ба он марҳила ба марҳила ташаккул ва рушд ёфт. Агар бо баробари қабули Конститутсия асоси низоми нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шуда бошад, минбаъд таҳия ва қабули қонунҳо аз тарафи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ (м. 58 Конститутсия) дар ҳар даъвати навбатии Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) фаъол гардида, дар солҳои оянда устуворвии таҳия ва қабули онҳо таъмин карда шуданд. Нақши муҳимро дар ин ҷода таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ - Маҷлиси намояндагони касбӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи тағйироту иловаҳои аз тариқи райпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкарда ташкил карда шуданд, иҷро намуд. Дар натиҷа ташаккул ва рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан мазмуни навро гирифт. Тағйиру иловаҳои воридкардашуда заминаи ҳуқуқиро барои такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунанда муҳайё намуд. Вай заминаи барпо намудани Парламенти ду маҷлиса гардида, салоҳияти якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ваколати ҳар як маҷлисро дар алоҳидаги муайян намуд. Инчунин, қоидаҳои нави баррасии лоиҳаи қонунҳоро муқаррар намуд, ки аз тартиб ва принсипҳои фаъолияти Маҷлиси Олии пешина фарқ менамуд. Дар асоси тағйиру иловаҳои 22 июни соли 2003 ба Конститутсия воридкардашуда инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуд (м. 5). Ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконияти мустақиман амал намудан дода шуда, оноо акнун мақсад, мазмун ва татбиқи қонуноо, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба ҳимояи судӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, дар асоси тағйиру иловаҳои воридкардашуда, доираи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маҳдуд гардида, ташаббуси ҳуқуқи қонунгузории Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бардошта шуд. Бо баробари қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид карда шудан тағйиру иловаҳо ба он ҷараёни таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар фаъолияти панҷсолаи (солҳои 2000-2005) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм, даъвати сеюм (солҳои 2005-2010) -549(9) даъвати чорум ( солҳои 2010-2015) -603(10), даъвати панҷум (солҳои 2015-2020) - 795 ва даъвати шашум (солҳои 2020-2025) -723 санади ҳуқуқӣ қабул намуд. Ба воситаи санадҳои ҳуқуқии қабулкардашуда фаъолияти субъектҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуд. Парламенти Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, қонунҳоеро таҳия ва баррасӣ намуд, ки фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлат, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судиро ба танзим даровард. Бо мақсади танзими фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судӣ 17 Қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Аз ҷумла, қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олӣ, вазъӣ ҳуқуқии аъзоёни Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат ва ғ.
Хусусияти хоси қонунҳои қабулкардашуда аз он иборат буд, ки ба воситаи онҳо барои устувории асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими низоми давлатдорӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳияти Президент, ҳукумат, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ, низоми ҳифзи ҳуқуқӣ ва ғ. шароити мусоиди ҳуқуқӣ барпо карда шуд.
Кодефикатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ба анҷом расида, 21 Кодекси мукаммал, аз ҷумла, Кодекси маданӣ, замин, меҳнат, ҷиноятӣ, андоз, гумрук, расмиёти маъмурӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаӣ маданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва ғ. қабул карда шуданд. Бо ҳамин восита на танҳо танзими ҳуққуқии муносибатҳои хусусию амудӣ ба роҳ монда шуд, балки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни онҳо таъмин карда шуд. Ҳамзамон, қонунҳое қабул карда шуданд, ки ба воситаи онҳо алоқаоои амудию уфуқии гузаштан ба иқтисоди бозорӣ батартиб дароварда шуданд. Бахусус дар бораи ширкату ҷамъиятҳои хоҷагӣ, кооперативҳо, корхонаҳои давлатӣ, бонки миллӣ, бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ғ. Ба воситаи онҳо яз як тараф шароити зарурӣ барои рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ ва танзими ҳуқуқии он, хариди давлатии молҳо (кор, хизмат), муносибатҳои байни бонкҳо ва мизоҷон, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқии истеъмолкунандагон, соҳибкорон бо роҳи баррасии масъалаҳои бавуҷудомада дар судҳои иқтисодӣ муҳайё карда шуд. Аз тарафи дигар танзими давлатии муносибатҳои бозорӣ ба воситаи татбиқи чунин методҳо ба монанди, бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагӣ, иҷозатдиҳӣ, батанзимдарории техникӣ, стандартикунонӣ, маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ, инчунин танзим ба воситаи дигар воситаҳои ҳуқуқӣ пурзўр карда шуд. Қонунҳои қабулкардашуда асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёти миллӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбии онро муайян намуда, муносибатҳои мадании байни субъектҳои гуногунро батартиб дароварданд, шаклҳои ташкили ҳуқуқии шахсони ҳуқуқииро муайян намуда, дараҷаи иштироки давлатро дар ин муносибатҳо муайян намуданд.
Ҳамин тавр, ба воситаи зиёда аз 400 қонуни мукаммале, ки ҷавобгӯӣ талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ карда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд соҳаҳои афзалиятноки давлатдории муосир, аз ҷумла барпо намудани заминаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию дунявӣ, ҷамеъаи маданӣ, рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, заминаҳои ҳуқуқии ислоҳотҳои гузаронидашаванда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин, мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ, терроризм, коррупсия пурзӯр карда шуд. Барои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ фазои ҳуқуқии зарури муҳайё гардида, дар ин замина нақши қонунгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ баланд гардид.
Маҳмад Раҳимзода - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор