Перейти к основному содержанию

СУХАНРОНИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ ҶАББОРОВ Ф.Н. ДАР БАРНОМАИ «СУҲБАТИ РӮЗ»-И РАДИОИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ОИД БА НАҚШИ НБО «РОҒУН» ДАР ТАЪМИНИ МУСТАҚИЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

21 октябри соли 2026 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷабборов Фарҳодҷон дар барномаи сиёсию таҳлилии «Суҳбати рӯз»-и Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» дар мавзуи «Нақши НБО «Роғун» дар таъмини мустақилияти энергетикии Тоҷикистон» иштирок намуда, бо ровии барнома Нилуфари Нуриддин мусоҳиба анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат аҳаммияти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таҳкими амнияти энергетикӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки анҷоми бунёди неругоҳ имкониятҳои Тоҷикистонро барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо неруи барқ боз ҳам васеъ намуда, кишварро ба дастёбӣ ба ҳадафи бузурги истиқлоли энергетикӣ наздиктар месозад.

Дар доираи мусоҳиба ба истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, афзоиши истеҳсоли неруи тоза, рушди «иқтисоди сабз» ва дурнамои саноатикунонии мамлакат низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. НБО «Роғун» ҳамчун иншооти дорои аҳаммияти сарнавиштсоз барои рушди устувори кишвар ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум муаррифӣ шуд.

Ҷиҳати дигари мавзуъ ба арзиши маънавию ватандӯстонаи сохтмони НБО «Роғун» бахшида шуд. Ин иншооти бузург таҷассумгари азму иродаи устувор, ваҳдату ҳамбастагӣ ва руҳияи созандаи миллати тоҷик мебошад. Меҳнати фидокоронаи муҳандисон, сохтмончиён ва ҳамаи бунёдгарони неругоҳ нишонаи масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва наслҳои оянда буда, шоистаи арҷгузории хос аст.

Ҳамзамон, аҳаммияти ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муносибати сарфакорона ба неруи барқ ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар дар пешрафти Тоҷикистони азиз таъкид гардид. Зеро истиқлоли энергетикӣ танҳо дастоварди соҳавӣ набуда, яке аз пояҳои муҳимми истиқлоли иқтисодӣ, амнияти миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи давлат маҳсуб меёбад.

Иштироки Ҷабборов Ф.Н. дар барномаи «Суҳбати рӯз» ба шарҳу тавзеҳи аҳаммияти миллии НБО «Роғун», густариши маърифати ҷомеа доир ба масъалаҳои энергетикӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори ватандорӣ мусоидат менамояд. Роғун рамзи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ормони муштараки мардум барои фардои ободу шукуфон аст.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст