Баромади ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқ дар ТВ Суғд!
Рӯзи 29 июли соли 2026 дар барномаи телевизионии "Субҳи нав"-и ТВ Суғд, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Фарҳодҷон дар мавзӯи "Маърифати ҳуқуқӣ – арзиши умумибашарӣ" бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (2027) суханронӣ намуд.
Дар баромади худ Фарҳодҷон Ҷабборов аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ на танҳо як дониш, балки арзишест, ки ҳар як инсонро дар муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои худ ва эҳтиром ба қонун қавӣ мегардонад.