ДАР ИНСТИТУТ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 23 сентябри соли 2026 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон таҳти раёсати раиси Шуро, директори Институт, профессор Мирзозода П.З. баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон ва ходимони илмии Институт иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилии Институт мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
-
Шунидани ҳисобот ва рафти иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт дар давоми нуҳ моҳи соли 2026.
-
Муҳокима ва тавсияи монографияҳо, маҷмӯаи мақолаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ барои ба чоп.
-
Рафти иҷрои корҳои диссертатсионии докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт ва омодагии онҳо ба ҳимоя.
-
Баррасии дигар масъалаҳои муҳими ташкилӣ ва банақшагирии фаъолияти Институт барои давраи оянда.
Дар охир, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои аъзои Шуро қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 Институти давлат ва ҳуқуқ ба чунин натиҷаҳо ноил шудааст:
Маводҳои илмию таълимии Институт - 404 - корҳои илмӣ аз ҷумла, 18 – монография, 3 китоби дарсӣ, 5– воситаи таълимӣ, 373- мақолаҳои илмӣ аз онҳо 48 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 149- мақолаи илмӣ дар конференсияҳо ва манбаъҳои дигари илмӣ, инчунин 173 мақолаҳои илмию оммавӣ, 8- мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар
Омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ – 13 нафар рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд:
1 нафар рисолаи докторӣ
12 нафар рисолаи номзадӣ
Фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди муассиса
1 Шурои дисертатсионӣ аз руи 2 ихтисос 9 ҷаласа баргузор намуд, дар он 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.
Ҳоло дар назди Институт 2 Шурои диссертатсионӣ аз руи 5 ихтисос кушода шуда, фаъолиятро оғоз намуданд.
Баргузории чорабиниҳои илмӣ – 25 ҳамоиши илмӣ:
9 семинари илмӣ
1 миззи мудаввар
5 конфресияи ҷумҳуривӣ
Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ - 150 маротиба дар корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботи кормандони Институт иштирок карданд