ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: ТАШАККУЛ ВА ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ
21 августи соли 2026 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ: ташаккул ва танзими ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия олимони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, докторон ва номзадони илм, намояндагони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонони муҳаққиқ ва докторантони PhD аз гӯшаву канори кишвар иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Парвон Мирзозода, ноиби президенти академия, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмадовуд Саломиён, намояндагони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад намуданд.
Дар рафти мавзуҳои пленарӣ ва бахшҳо масъалаҳои муҳимтарини имли ҳуқуқшиносӣ баррасӣ шуданд, аз ҷумла: ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ; нақши тарбияи ҳуқуқӣ дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд; нақши зеҳни сунъӣ дар ҳуқуқ, рақамикунонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон; ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқии Истиқлол; масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ, соҳибкорӣ, ҷиноятӣ ва байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам.
Мавзӯи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ (профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич), масоили мубрами ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марњилаи Истиқлолияти давлатӣ (профессор Шарипов Тақдиршоҳ) ва мероси илмӣ-фалсафии Абунасри Форобӣ ва Абуалӣ Ибни Сино: нақши Тоҷикистон дар эҳё, таҳқиқ ва муаррифии он (Дотсент Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич) аз ҷумлаи мавзуҳои ҷолибе буд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба худ ҷалб намуд.
Дар умум дар конференсия масоили муҳими давлат ва ҳуқуқ дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардида, қатънома бо тавсия ва пешниҳодҳо қабул карда шуд.