Skip to main content

ҲАМКОРИ АЗИЗ КАЛОНЗОДА ФАТҲИДДИН МИРЗОШАРИФ ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Коллективи меҳнатии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии ҷашни хуҷастаи зодрӯзатон самимона муборакбод мегӯяд!

Шумо ҳамчун Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Институт, ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Инстиут ва ҳамоҳангсози кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт бо масъулияти баланд, дониши амиқи илмӣ ва малакаи намунавии ташкилотчигӣ дар рушди фаъолияти илмиву ҷамъиятии муассисаи мо саҳми арзанда мегузоред.

Фаъолияти гуногунпаҳлуи Шумо дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои коллектив, раҳнамоии ҷавонони ҷӯёи илм ва густариши таҳқиқоти назариявии ҳуқуқӣ сазовори эҳтирому таҳсинии ҳамагон аст.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо тандурустии комил ва умри дарози пурбаракат, бахту саодати оилавӣ ва рӯзгори обод, дар роҳи мушкил ва аммо шарафманди илму маърифат зафарҳои нав ба нав ва илҳоми эҷодӣ хоҳонем!

Бигзор донишу таҷриба ва неруи маънавии Шумо ҳамеша роҳнамои насли ҷавони пажӯҳишгарон ва муҷиби пешрафти бештари Институти мо бошад!

Зодрӯз муборак!

Бо эҳтиром коллективи меҳнатии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст