КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ОН: АДЛИЯИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАЪРИХИ РУШДИ КОНСТИТУТСИЯҲО ДАР ТОҶИКИСТОН
Давраҳои пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон. Пайдоиши падидаи Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон бо таърихи соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик дар давраи ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ рост меояд. То давраи аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт гардидани мулкҳои Осиёи Миёна ва паҳн кардани низоми ҳуқуқии ҳокимияти подшоҳӣ, низоми ҳуқуқӣ дар ин мулкҳо Шариат ба ҳисоб мерафт ва рукнҳои он ба тарзи ҳаёти мардуми тагҷой роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, зарурият ба низоми ҳуқуқ ва қоидаҳои дунявӣ ҷой надошт. Бо ғалабаи инқилоби пролетарӣ дар Русия ва ташаккулёбии ҳуқуқи типи нави сотсиалистӣ доираи амали он ба ҳамаи мулкҳои дар ихтиёри Русия қарордошта паҳн карда шуд. Минбаъд бо забт шудани Аморати Бухоро ва хонигарии Хива дар Осиёи Миёна мавқеи шариат бо тадриҷ маҳдуд ва оқибат тамоман бекор карда шуд. Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ (соли 1924) ва табдилёбии он ба ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ (соли 1929) низоми қонунгузории шӯравӣ дар Тоҷикистон пурра пойдор ва то татбиқи расмиёти конститутсионӣ расид. Вазъи ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1929 танзим ёфт. Аммо ин воқеа бо ҳодисаи тағйирёбии сохтори давлатии Тоҷикистон рост омад. Кӯшиши халқи тоҷик ба устувор намудани давлатдории миллии худ тавассути санадҳои давлати иттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар моҳи октябри соли 1929 асоси ташаккулёбии (табдилёбии ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса тавассути санадҳои таъсисдиҳандаи иттифоқии шӯравӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.
Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929. Конститутсияи мазкур давраи нахустини соҳибдавлат гардидани халқи тоҷикро ҷамъбаст намуда, тавассути санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар Анҷуманҳои якум ва дуюми Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабулшуда расмӣ гардид. Мувофиқи супориши Анҷумани якуми таъсискунандаи Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистӣ (декабри соли 1926) ҳукумати ҷумҳурӣ ба Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии Шӯроҳо лоиҳаи Конститутсияи аввалинро тайёр ва пешниҳод намуд. Моҳи апрели соли 1929 Конститутсияи мазкур қабул карда шуд ва дар он дар ҳайати ҶШС Узбекистон бо ҳуқуқи мухторӣ қарор доштани Тоҷикистон ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил будани он инъикос карда шуд. Дар рӯзи хотимавии кори Анҷумани дуюм баробари қабули Конститутсия инчунин қарор дар бораи қонеъ гардонидани муроҷиат оид ба қабул кардани округи маъмурии Хуҷанд ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон тасдиқ ёфт. Қарори мазкур вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷумҳуриро куллан тағйир дод. Дар ҳамин замина бо анҷомёбии кори Анҷумани дуюм дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии тарафдори ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдилёфтани Тоҷикистон идома ёфт ва мардум онро бо рӯҳбаландӣ маъқул шумориданд.
Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқуллодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ тавассути Эъломия, Изҳорот ва Қарор дар бораи табдилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии иттифоқии шӯравии сотсиалистӣ ва бевосита дар ҳайати ИҶШС қарор доштани онро расмӣ гардонид. Ин қарорҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶШС Узбекистон ва ИҶШС дастгирӣ ёфтанд. Бо сабабҳои мазкур расман ба амал даромадани аввалин Конститутсияи Тоҷикистон аз байн бардошта шуд. Конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон солҳои 1931, 1937 ва 1978. Мувофиқи супориши Анҷумани сеюми Шӯроҳо Раёсати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҶШСТ-ро пешниҳод намуд ва он моҳи феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани чоруми умумитоҷикистонии Шӯроҳо баррасӣ ва қабул гардид. Аммо таҳрири хотимавии он хеле кашол ёфт. Барои таҳрир ва такмили меъёрҳои он комиссияи махсус ташкил ёфт ва фақат моҳи декабри соли 1932 бо қарори Раёсати КИМ матни Конститутсия ба чоп расид. Аммо кори мукаммал гардонидани Конститутсияи мазкур идома ёфта, 16-уми ноябри соли 1934 Раёсати КИМ-и ҷумҳурӣ комиссияи навро барои омода кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мазкур ташкил кард. Таклифҳои комиссия дар ин бора аз тарафи Раёсати КИМ омӯхта шуда, ба Анҷумани 5-уми умумитоҷикистонии Шӯроҳо пешниҳод карда шуд. 16 январи соли 1935 таҳрири нави Конститутсияи соли 1931 тасдиқ гардид, ки дар он бисёр меъёр ва ҳолатҳо, таркиби он ба тарзи нав муқаррар гардида буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин давра Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва конститутсияҳои дар асоси он қабулгардидаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шӯравӣ низ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд. Аммо дар ҳамин асос баъзе олимони шӯравӣ Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931-ро дар таҳрири соли 1935 Конститутсияи нави ҷумҳурӣ шуморида, иддао мекарданд, ки гуё дар ҶШС Тоҷикистон чор Конститутсия қабул шуда бошад. Аммо ин ғалат аст, зеро он дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 қабул шуда, то дар амал будани он бекор нашуда буд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар таҳрири соли 1935 ҷойи Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муайян карда, ҳуқуқҳои соҳибихтиёронаи онро дар ҳайати ИҶШС танзим намуд.
Конститутсияи дуюми ҶШС Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1936 дар Анҷумани шашуми Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон 1-уми марти соли 1937 қабул карда шуд. Дар он раванди ба анҷомрасии давраи гузариш аз сохтори кӯҳнаи ҷамъияти сотсиалистӣ ба давраи нави рушди давлатдории миллӣ расмӣ гардид. Мазмун ва таъиноти асосии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 ба ҳамин омилҳо робита дошта, раванди рушди давлатдории миллӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи сотсиализмро инъикос гардонид.
Конститутсияи охирини давраи ҳокимияти шӯравии ҶШС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978 аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мувофиқи Конститутсияи ИҶШС аз 7 октябри соли 1977 қабул карда шуд. Конститутсияҳои мазкур мувофиқи барнома ва хулосаҳои ҳизби коммунист дар бораи давраҳои рушди ҷомеа ва давлати шӯравӣ қабул гардиданд. Дар онҳо чунин ҳолатҳо дар бораи аз давраи сотсиализм ба давраи нави рушди он — сотсиализми мутараққӣ, давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, тағйирёбии асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таркиби иҷтимоии давлат ва ҳоказо инъикос гардонида шуданд.
Конститутсияҳои иттифоқии давраи ҳокимияти шӯравӣ. Бо таъсисёбии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар соли 1922 зарурияти қабули аввалин Конститутсияи умумиитифоқӣ ба вуҷуд омад. То он вақт ҳар як давлатҳои нави шӯравӣ конститутсияҳои худро қабул карда, дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ мемонданд. Дар байни онҳо конститутсияи аввалини шӯравии сотсиалистӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия соли 1918 ҳамчун конститутсияи типи нави намунавӣ аҳамияти хоса дошт. Конститутсияи якуми ИҶШС 6 июли соли 1923 аз тарафи КИМи ИҶШС қабул ва ба амал дароварда шуд. Ва 31 январи соли 1924 онро Анҷумани 2-ми Шӯроҳои ИҶШС тасдиқ кард ва бо ин сабаб он «Конститутсияи (Қонуни Асосии) Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ» соли 1924 ном гирифт. Таркиби Конститутсияи мазкур аз ду ҳуҷҷати таъсиснамоии ИҶШС: Эъломия ва Шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС иборат гардид. Дар онҳо ҳамаи асосҳо ва усулҳои ташкилёбии давлати нави умумииттифоқӣ муқаррар ва танзим ёфта буданд. Аз ҷумла, дар асоси баробарҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтани давлати умумииттифоқӣ, аз намояндагии баробари ҷумҳуриҳо иборат будани ҳайати мақомоти олии намояндагии иттифоқӣ, ҳуқуқи озодона аз ҳайати ИҶШС баромадани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ғайра. Конститутсияи мазкур меъёрҳои ба давраи гузариш аз сохтори кӯҳнаи капиталистӣ ба сохти нави сотсиалистиро танзим кард.
Дар мобайни солҳои 1930 аз тарафи ҳизби болшевикон ва ҳукумати шӯравӣ хулоса бароварда шуд, ки дар ИҶШС давраи гузариш анҷом ёфт ва акнун муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ асосан пойдор гардида, дар заминаи худ ривоҷ меёбанд. Бинобар ин, қабули Конститутсияи нави ИҶШС зарур дониста шуд. Анҷумани 8-уми Шӯроҳои ИҶШС 5 декабри соли 1936 Конститутсияи дуюми ИҶШС-ро қабул кард. Дар он муносибатҳои нави ба ҷамъияти сотсиалистӣ хос танзим гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки асоси иқтисодии давлатро моликияти сотсиалистӣ ба олот ва воситаҳои истеҳсолот дар шакли моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асоси сиёсии ҳокимияти давлатиро Шӯроҳои вакилони меҳнаткашон ва асоси иҷтимоии давлатро иттифоқи байни коргарон ва деҳқонон ташкил менамоянд. Дар асоси Конститутсияи мазкур ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шӯравии сотсиалистӣ соли 1937 конститутсияи худро қабул карданд. Конститутсияҳои мазкур зиёда аз 41 сол амал карданд.
Конститутсияи сеюми охирини ИҶШС соли 1977 ба як навъ Барномаи ҳизбию давлатӣ шабоҳат пайдо карда, дар он бисёр ҳолатҳои назариявию мафкуравии давраи нави рушди ҷомеаи сотсиалистӣ ва давлати шӯравӣ танзим карда шуданд. Дар қисми даромадии он, ки дебоча (преамбула) ном гирифт, муваффақиятҳои ИҶШС дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ қайд ёфта, чандин хулосаҳо дар бораи дурнамои рушди ҷомеа ва давлат қайд ёфтанд. Аз он ҷумла, ягонагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравии ҷамъияти сотсиалистӣ, табдилёбии давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, барпоёбии ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ, баланд гардидани нақши ҳизби коммунистӣ ҳамчун нерӯи тавонои халқ қайд карда шуд. Дар дебоча тавсифи муфассали сифатҳои ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ дода шуда, ҳадафи олии давлати шӯравӣ — барпо кардани ҷамъияти бесинфи коммунистӣ, ки дар он худидоракунии ҷамъиятии коммунистӣ ривоҷ меёбад, муайян карда шуд. Ва вазифаҳои дар назди халқи шӯравӣ дар ин марҳила истода номбар карда шуданд. Дар матни Конститутсияи ИҶШС соли 1977 кӯшиш карда шуда буд, ки меъёр ва ҳолатҳои он ба ҳолатҳои қайдёфта мувофиқат дошта бошанд. Мувофиқи нақшаи ҳизбию давлатии шӯравии сотсиалистӣ конститутсияи мазкур бояд конститутсияи охирин мегардид, зеро ки дар давраи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи коммунистӣ бояд давлат ва мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор шаванд ва ҷойи онҳоро ҷамъияти худидоракунии коммунистӣ ва кодекси бинокори коммунистӣ ишғол кунанд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чордаҳ сол давлати шӯравӣ барҳам ёфт ва конститутсияву қонунҳои он бекор шуданд. Ҳамаи понздаҳ адад ҷумҳуриҳои иттифоқии дар ҳайати ИҶШС қарордошта соҳибистиқлол гардиданд ва Конститутсияву низоми қонунгузории худро таъсис доданд.
Конститутсиягароӣ ва конститутсиявигардонӣ. Конститутсиягароӣ (конституционализм) — тартиботи давлатдорӣ, ки бо Конститутсия асос ёфтааст. Тарзи идоракунии давлатие, ки тибқи конститутсия маҳдуд гардонида шудааст. Низоми сиёсие, ки ба Конститутсия асос ёфта ва бо усулҳои конститутсионӣ идора карда мешавад. Ҳамчун назарияи сиёсӣ ҳуқуқие мебошад, ки зарурияти барпо кардани сохтори конститутсиониро асоснок менамояд.
Конститутсиявигардонӣ (конституционализация) — дар матни конститутсия муқаррар кардани ягон ҳолатҳо ва ба онҳо хос донистани нерӯи конститутсионӣ. Ин амал дар таҷриба худ аз худ эътироф гардида, пайдоиши меъёри нави конститутсионӣ боиси мунозира намегардад. Масалан, қисми хулосавӣ, гузаришӣ, хотимавӣ ва интиқолии Конститутсия ҳамон вақт бечуну чаро қисми таркибии он дониста мешавад, ки агар ҷойи он дар низоми таркиби Конститутсия асоснок муайян карда шавад. Дар ҳолати дар қисми асосии матни конститутсия ҷойи он муайян нагардидан, нерӯи конститутсионии он баҳснок шуда метавонад. Дар асоси қисми дуюми моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудият ва фаъолияти адвокатура ҳамчун ниҳоди ҳимояи инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ расмӣ гардонида шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994. Ҳанӯз дар давраи дар ҳайати ИҶШС қарор доштани Тоҷикистон, тибқи сиёсати бозсозӣ ва кӯшиши нав гардонии асосҳои сохтори конститутсионии давлати умумииттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар миқёси иттифоқ таҳияи лоиҳаи Шартномаи иттифоқӣ ва лоиҳаи Конститутсияи ИҶШС пеш гирифта шуд. Аз оғози соли 1990 дар Тоҷикистон низ кор оид ба тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурӣ суръат гирифт. Рафти таҳия ва анҷоми кор аз болои конститутсияи нави ҷумҳуриҳо бо қабули Шартномаи нав ва Конститутсияи иттифоқӣ вобаста буд, бо сабабҳои гуногун ин кор кашол ёфта, охири охир боиси барҳамёбии давлати иттифоқии ИҶШС гардид. Аз соли 1992 дар давлатҳои собиқ шӯравӣ, ки нав соҳибихтиёр гардида буданд, кори таҳияи лоиҳаи конститутсияҳо ба анҷом расонида шуда, қабули онҳо суръат гирифт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лоиҳаи конститутсияи нави ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва дар рӯзномаҳо чоп шуд. Аммо бо сабабҳои нооромии вазъи ҷумҳурӣ ва авҷи буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ муҳокимаи лоиҳаи конститутсияи нав дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қадри даркорӣ суръат гирифт. Бо оғоз ва тезутундшавии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ масъалаи қабули конститутсияи нав ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Ҳамзамон масъалаҳои таъҷилии танзими сохтмони давлатӣ тибқи қабули қонунҳо дар бораи тағйироту иловаҳо дохил кардан ба Конститутсияи ҷумҳурӣ соли 1978 ҳал карда мешуданд.
Давраи нави кор аз болои лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои иҷлосияи 16 даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ ва интихоби ҳайати нави роҳбарияти ҷумҳурӣ робита дорад. Роҳбарияти нави сиёсии ҶТ бо зуддӣ дарк намуд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба қабули конститутсияи нав вобаста аст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 зарурияти ҳарчи бо зуддӣ қабул кардани Конститутсияи нав асоснок карда шуда, мӯҳлат ва тартиби қабули он муайян карда шуд. Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ дар матбуот барои муҳокима чоп карда шуд. Дар 22 июли соли 1994 Шӯрои Олии ҶТ лоиҳаи Конститутсияи нав ва натиҷаи муҳокимаи умумихалқии онро баррасӣ намуда, онро маъқул шуморид ва барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод кардани онро тавсия кард. Аз ду лоиҳаи пешниҳодшуда лоиҳаи идораи президентии ҶТ ба раъйпурсӣ бароварда шуда, лоиҳаи идораи парлумонии ҷумҳурӣ беэътибор дониста шуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 тибқи расонаҳои ахбор чунин буд: аз 2685724 шаҳрвандони ба рӯйхат гирифташуда 2535437 нафар, яъне 94,4 % дар овоздиҳӣ иштирок карданд, аз ин шумор ба тарафдории қабули Конститутсия 2352554 нафар, яъне 87,59 % ва муқобил 105300 нафар ё 3,92 % овоз доданд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994 давраи муайяни таърихи нави пайдоиши давлатдории миллати тоҷикро аз соли 1924 то соли 1994, яъне 70 соли соҳибдавлатӣ дар давраи ҷамъияти сотсиалистӣ ва рушди онро ҷамъбаст кард. Конститутсияи мазкур давраи нави камолоти давлатдории миллӣ, давраи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард. Акнун дар заминаи он ҷомеа ва давлати Тоҷикистон давра ба давра барои ноил гаштан ба қуллаҳои баланди соҳибихтиёрии миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ ва таъмини устувории ваҳдати миллӣ кӯшиш менамоянд.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода – мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Ашӯрбой Имомов - ходими пешбари илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Ҳамзамон, зарурияти қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар, тағйирёбии сохти давлатӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус иқтисоди бозорӣ, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеа тақозо намуд. Аз ин ҷо 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки бо тағйиру иловаҳои минбаъда, тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: “ инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсозӣ тоҷик гардид”.
Мавзӯи мазкур аз он ҷиҳат муҳим аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ (моддаи 1 Конститутсия) сиёсати давлатиро дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа пайгирона амалӣ менамояд. Дар ин раванд, Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ нақши калидӣ мебозад.
15 октябри соли 2026 Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон – шаҳри Боку баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиш суханронӣ намуданд. Ҳамоиши мазкур «Эъломияи Боку» ва изҳороти ҷудогона оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии касбӣ ва тандурустиро қабул намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро ҳамчун аъзои расмӣ пазируфт ва тибқи маълумоти расмӣ, ваколати раисии Озарбойҷонро то соли 2028 тамдид кард.