Skip to main content

УСТОДИ ГРОМИҚАДР, МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА ТОҲИР ҚАМАР!

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии рӯзи зодрӯзатон самимона ва аз таҳти дил муборакбод мегӯем!

Шумо ҳамчун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқ дар рушду намуи илми ҳуқуқшиносии миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавони муҳаққиқон саҳми арзандаву шоиста доред. Дониши амиқ, таҷрибаи бойи илмӣ ва масъулияти баланди касбиатон ҳамеша сазовори эҳтиром ва таҳсини ҳамкорону шогирдон мебошад.

Дар ин рӯзи фарахбахш ба Шумо:

  • Тансиҳатии бардавом ва умри дарозу бобаракат;

  • Дар фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ зафарҳои нав ба нав;

  • Дар хонадонатон файзу баракат, оромӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ таманно дорем.

Бигзор донишу таҷриба ва заҳматҳои илмии Шумо ҳамеша ба нафъи рушди илм ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории миллиамон хизмат намоянд!

Зодрӯз муборак, устоди муҳтарам!

Бо эҳтироми амиқ,

аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст