Skip to main content

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОН АЗ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрӯз (11.11.2024) таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону академикон, кормандони Раёсати АМИТ ва роҳбарони ниҳодҳои илмӣ аз бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бинои мазкур санаи (29.10.2024) бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин марказ аз соли 2021 оғоз гардида соли 2024 ба анҷом расид.

Марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илм – таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммуннологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.

Зимни боздид роҳбарият ва ҳайати олимону академикон аз шароити кории Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

11 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки чанд ҳафта қабл бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, мизи мудаввар бахшида ба 16- ноябр Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушбахт ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои бузурги дар пешистодаи моҳи ноябр, ки дар ин моҳ чандин ҷашнҳои бузурги давлатӣ Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд таҳният хонд.

Зимни суханронии хеш роҳбарияти академия таъкид дошт, ки дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ неруҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.

Новобаста аз чунин шароити мураккаб шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Воқеан ҳам бузургии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар баробари пешравиҳои дигар соҳаҳо махсусан ба илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таваҷҷуҳи ин марди хирадро ҳар яки мову шумо олимон бараъло мушоҳида менамоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ҳар дастуру супорише, ки аз ҷониби ин абармарди сиёсат мешавад, онро сармашқи кори худ намуда, дар пешрафти сиёсати илмии кишвар саҳмгузор бошем.

БОЗДИДИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Имрӯз, дар доираи баргузории ҳамоиши илмӣ назариявӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.

Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 29.10.2024

29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид.

Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.

Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.

Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.

Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.

Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Марказ ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Институти физикаи ядроии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба имзо расонидааст.

Иншооти замонавӣ ҳамчунин хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои худро барои кишварҳои минтақа пешбинӣ намуда, дастрасии таҳлилҳои босифат ва таҳқиқотро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амният таъмин менамояд. Маркази муосир ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад.

Дар ин ҷода, ифтитоҳи маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин садоқати кишварамонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа тасдиқ мекунад.

Барои дастгирии олимони ҷавон 12 ҷойи хоб муқаррар шудааст, ки шароити мусоиди гузаронидани таҳқиқот ва табодули дониш байни олимон аз кишварҳои гуногунро фароҳам меорад.

Марказ дорои 4 синфхонаи махсус мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ омӯзиш гирифта, дар соҳаи муқовимат ба таҳдидҳо, ки ба силоҳи қатли ом ва терроризми химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандӣ дорад, дониш ва малакаи худро баланд мебардоранд.

Барномаҳои таълимӣ барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ру ин Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ барои омодасозии кадрҳо басо муҳим дониста мешавад.

Баъди шиносоӣ бо шароити иншоот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти озмоишгоҳҳои марказ баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок баҳри рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.

Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст.

Лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.

Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.

Бино дорои ҳуҷраҳои омӯзишии замонавӣ ва интеллектуалии бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад.

Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.

Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳаи Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки он бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, бо истифода аз силоҳи қатли ом, маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва истифодабарии дигар усулҳои ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст.

Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.

Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.

Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои муосири муҷҷаҳаз пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ амалӣ мешавад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои назорати иҷрои босифати корҳо ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 

Як қадам дар роҳи татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот

Дар таърихи 14 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Рўзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, ки бо иқдоми Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон доир шуд, ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов дар қатори институту марказҳои дигари академӣ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои илмии худро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, меҳмонон бо 15 ҷилди осори Ибни Сино бо забони тоҷикӣ, 7 ҷилд бо забони русӣ, китобҳои таърихи фалсафаи тоҷик (5 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 3 ҷилд бо забони русӣ), таҳқиқоту монографияҳои олимони варзидаи Институт, шумораҳои охирини маҷаллаи илмии он ва дигар маводи нашршуда шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар доираи баргузории Рўзи дарҳои кушод инчунин конференсияи илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон» гузашта, дар он вазифаҳо барои татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ вазифаҳо мушаххас карда шуданд. Аз ҷумла, роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов тасмим гирифт, ки минбаъд дар таҳияи дастуру роҳнамоҳо барои кори амалӣ бо ҷавонону наврасон дар самти мубориза бо ҳодисаҳои номатлуби ифротгароӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, тарғиби худшиносиву арзишҳои миллӣ, китобҳои дарсӣ аз соҳаҳои мухталифи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ва амсоли он бештар саҳм гузорад.

Дар анҷоми конференсия ба магистрантону докторантони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, ки дар озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия ва қонунгузории конститутсионии ҷумҳурӣ» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ғолиб омаданд, диплому туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО РӮНАМОИИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР ТАРҶУМАИ АРАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.

Дар сухани ифттитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.

Таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20 исбот мекунад. Албатта, аз замони нашри «Тоҷикон» то имрўз таърихнигорон дар бораи таърихи тољикон асрањои зиёди бунёдї офариданд. Дар даҳсолаҳои охир чунин асарҳои бунёдӣ ба мисли «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд, љилди якуми китоби «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» ба табъ расида, айни замон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. Аҳмади Дониш таҳия ва нашри китоби 12-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ ба нақша гирифтааст.

Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.

Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.

Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳадафи мо ҳифз намудани таърихи пуршараф ва мероси пурифтихори илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии халқи тоҷик, то ҳадди имкон ва оқилонатар истифода бурдани ин таърихи пуршараф ва ин мероси гаронбаҳо ба хотири ваҳдату иттиҳод, ифтихори халқамон, ободии Ватани ниёгон ва мустањкам намудани асосњои давлатдории нави миллии мо мебошад».

Албатта, китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд.

Чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи арабии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад. Муаллифи тарҷумаи мазкур адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ устод доктор Иброҳим Истанбулӣ мебошад. Тарҷумаи мазкур таҳти назорат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Назруллоҳи Назар ба анҷом расидааст, ки дар ин толор ҳузур доранд.

Чӣ тавре ҳамагон огаҳем, нашри дуюми тарҷумаи китоби "Тоҷикон" ба забони арабӣ 4 ноябри соли 2024 дар Кувайт дар доираи сафари Пешвои миллат ба ин давлат хеле арзанда муаррифӣ карда шуд. 

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст