Skip to main content

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА САЗОВОР ГАРДИДАН БА ДИПЛОМ

Дар Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомии Ганҷавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои мубрами рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҳалли онҳо» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Сангинзода Дониёр фаъолона иштирок намуда, бо маърузаи илмӣ баромад кард. Мавзӯи маърузаи ӯ «Танзими ҳуқуқии хизматрасонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ дар соҳаи варзиш бахшида шуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.

Бо назардошти саҳми арзанда дар кори конференсия ва пешниҳоди маърузаи пурмуҳтаво, Сангинзода Дониёр санаи 15 октябри соли 2026 бо Дипломи махсуси донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.

Иштироки муовини директори Институт дар конференсияи сатҳи байналмилалӣ ва баёни мавзӯи муҳими танзими ҳуқуқии варзиш бори дигар собит мекунад, ки Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ саҳми худро дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ гузошта истодааст.

Суханронии олимони Институт дар телевизиони «Илм ва табиат»

Имрӯз, 23 октябри соли 2026 олимони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи махсуси телевизиони «Илм ва табиат» оид ба нақш ва аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар барномаи мазкур ҳуқуқшиносони намоёни Институт иштирок ва маъруза карданд:

  • Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода – мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Қодирзода Тоҳир Қамар – сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ;

  • Саидзода Муҳаббат – ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Дар рафти суҳбат олимон аҳамияти Конститутсияро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат, асоси сохтори давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд. Бозтоби масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ

ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ИНСТИТУТ САИДУМАР РАҶАБОВ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК

21 октябри соли 2026 мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Одинаевич Раҷабов дар семинари байналмилалӣ оид ба омӯзиши амиқи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, ки рӯзҳои 20–22 октябр дар шаҳри Минск баргузор мегардад, ба таври ҳузурӣ иштирок намуда, дар мавзуи «Таълим ва паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи илмӣ пешниҳод кард.

Семинари мазкур бо ташаббуси Намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус ташкил гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ ва доираҳои коршиносии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои табодули дониш ва таҷриба дар самти ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ гирди ҳам овардааст.

Профессор Раҷабов дар суханронии худ таҷриба ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таълим ва паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ ба аҳаммияти фарогирии масъалаҳои мазкур дар раванди таълим, омодасозии мутахассисон ва таҳкими фарҳанги эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар маъруза таъкид гардид, ки омӯзиш ва густариши донишҳо дар ин соҳа яке аз самтҳои муҳими иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 бармеоянд. Ин санадҳо паҳн намудани донишҳоро оид ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, аз ҷумла тавассути низоми таҳсилоти ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ, пешбинӣ менамоянд.

Ҳамзамон, профессор Раҷабов зикр намуд, ки тақвияти таълими ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ на танҳо барои иҷрои уҳдадориҳои шартномавии давлат, балки барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти хос дорад. Ба ин маънӣ, чунин фаъолияти илмиву таълимӣ бо ҳадафҳои «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, ҳамоҳанг мебошад.

Иштироки ҳузурии профессор Саидумар Раҷабов дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба муаррифии таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳкими муколамаи касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ мусоидат менамояд.

УЧАСТИЕ ПРОФЕССОРА ИНСТИТУТА САИДУМАРА РАДЖАБОВА В МЕЖДУНАРОДНОМ СЕМИНАРЕ ПО МЕЖДУНАРОДНОМУ ГУМАНИТАРНОМУ ПРАВУ В МИНСКЕ

21 октября 2026 года заведующий отделом международного права Института государства и права Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор Саидумар Одинаевич Раджабов принял очное участие в международном семинаре по углублённому изучению международного гуманитарного права, проходящем 20–22 октября в Минске, и выступил с научным докладом на тему «Обучение и распространение знаний о международном гуманитарном праве в Республике Таджикистан».

Данный семинар организован по инициативе Регионального представительства Международного комитета Красного Креста в Российской Федерации и Республике Беларусь. Он объединил представителей государственных органов, профильных структур, научных учреждений и экспертных кругов стран СНГ для обмена знаниями и опытом в области международного гуманитарного права.

В своём выступлении профессор Раджабов проанализировал опыт и достижения Республики Таджикистан в сфере преподавания и распространения знаний о международном гуманитарном праве в учреждениях общего среднего, а также высшего военного и гражданского образования. Особое внимание он уделил важности включения этих вопросов в учебный процесс, подготовки специалистов и укрепления культуры уважения к нормам международного права.

В докладе было подчеркнуто, что изучение и распространение знаний в этой области является одним из ключевых направлений выполнения международных обязательств Республики Таджикистан, вытекающих из Женевских конвенций от 12 августа 1949 года и Дополнительных протоколов к ним от 8 июня 1977 года. Эти документы предусматривают популяризацию норм международного гуманитарного права, в том числе через систему военного и гражданского образования.

Вместе с тем профессор Раджабов отметил, что усиление преподавания международного гуманитарного права имеет особое значение не только для выполнения договорных обязательств государства, но и для повышения правовой культуры граждан. В этом контексте научно-образовательная деятельность перекликается с целями «Международного года правового просвещения, 2027», провозглашенного Генеральной Ассамблеей ООН по инициативе Республики Таджикистан.

Очное участие профессора Саидумара Раджабова в этом международном форуме способствует презентации опыта Республики Таджикистан, расширению научного сотрудничества и укреплению профессионального диалога в области международного гуманитарного права.

PARTICIPATION OF INSTITUTE PROFESSOR SAIDUMAR RAJABOV IN AN INTERNATIONAL SEMINAR ON INTERNATIONAL HUMANITARIAN LAW IN MINSK

On October 21, 2026, Head of the Department of International Law Sciences at the Institute of State and Law of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor Saidumar Odinaevich Rajabov, attended in person the international seminar on the advanced study of international humanitarian law held on October 20–22 in Minsk. He presented a scientific report titled "Teaching and Dissemination of Knowledge on International Humanitarian Law in the Republic of Tajikistan."

The seminar was organized on the initiative of the Regional Delegation of the International Committee of the Red Cross in the Russian Federation and the Republic of Belarus. It brought together representatives of state bodies, sector-specific structures, scientific institutions, and expert circles from CIS countries to exchange knowledge and experience in the field of international humanitarian law.

In his address, Professor Rajabov analyzed the experience and achievements of the Republic of Tajikistan in teaching and disseminating knowledge of international humanitarian law across general secondary education institutions, as well as higher military and civilian education institutions. He paid special attention to the importance of integrating these topics into the educational process, training specialists, and strengthening a culture of respect for the norms of international law.

The report emphasized that studying and promoting knowledge in this field is one of the key directions in fulfilling the international obligations of the Republic of Tajikistan arising from the Geneva Conventions of August 12, 1949, and their Additional Protocols of June 8, 1977. These documents mandate the dissemination of knowledge regarding international humanitarian law norms, including through the military and civilian education systems.

Furthermore, Professor Rajabov noted that enhancing the teaching of international humanitarian law is particularly important not only for meeting the state's treaty obligations but also for raising the legal literacy and culture of citizens. In this context, such scientific and educational activities align closely with the goals of the "International Year of Legal Literacy, 2027," declared by the United Nations General Assembly at the initiative of the Republic of Tajikistan.

The in-person participation of Professor Saidumar Rajabov in this international forum contributes to presenting the experience of the Republic of Tajikistan, expanding scientific cooperation, and strengthening professional dialogue in the field of international humanitarian law.

Вохӯрии илмӣ-маърифатӣ бо хонандагони Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону насли нарасрасида, дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии илмӣ-маърифатӣ бо муҳассилин баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими илмии шуъбаи мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Олимони шинохта дар маърузаҳои хеш доир ба масъалаҳои муҳими зерин ибрози ақида карданд:

  • Аҳамияти таърихии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;

  • Шарҳ ва тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, суханронӣ дар Рӯзи дониш ва мулоқотҳои пайваста бо аҳолии минтақаҳои кишвар;

  • Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ба насли ҷавон.

Муҳаққиқон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки омӯзиши ҳуқуқ ва риояи қаътии қонунҳо асоси ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, ҷавононро лозим аст, ки бо донишҳои муосир муҷаҳҳаз гашта, дар рушду шукуфоии Ватани аҷдодӣ ҳиссагузор бошанд.

Вохӯрӣ дар фазои озоду самимият ба анҷом расида, хонандагони литсей ба саволҳои худ посухҳои мушаххаси илмию ҳуқуқӣ гирифтанд.

СУХАНРОНИИ олимони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ дар телевизиони «Ҷаҳоннамо»

Имрӯз, 22 октябри соли 2026 олимон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» баромад намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ, нақши ҳуқуқӣ ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтани давлатдории муосири миллӣ суҳбати муфассал анҷом доданд.

Дар барномаи телевизионӣ намояндагони зерини Институт иштирок ва суханронӣ намуданд:

  • Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Буризода Эмомалӣ Бозор — мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна — котиби илмии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Олимони ҳуқуқшинос зимни баромади хеш аҳамияти Конститутсияи кишварро ҳамчун шаҳодатномаи миллат ва заминаи асосии соҳибихтиёрӣ, демократия ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин, дар барнома масъалаҳои рушди қонунгузории миллӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баромади олимон дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа сурат гирифт.

СУХАНРОНИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ ҶАББОРОВ Ф.Н. ДАР БАРНОМАИ «СУҲБАТИ РӮЗ»-И РАДИОИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ОИД БА НАҚШИ НБО «РОҒУН» ДАР ТАЪМИНИ МУСТАҚИЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

21 октябри соли 2026 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷабборов Фарҳодҷон дар барномаи сиёсию таҳлилии «Суҳбати рӯз»-и Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» дар мавзуи «Нақши НБО «Роғун» дар таъмини мустақилияти энергетикии Тоҷикистон» иштирок намуда, бо ровии барнома Нилуфари Нуриддин мусоҳиба анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат аҳаммияти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таҳкими амнияти энергетикӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки анҷоми бунёди неругоҳ имкониятҳои Тоҷикистонро барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо неруи барқ боз ҳам васеъ намуда, кишварро ба дастёбӣ ба ҳадафи бузурги истиқлоли энергетикӣ наздиктар месозад.

Дар доираи мусоҳиба ба истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, афзоиши истеҳсоли неруи тоза, рушди «иқтисоди сабз» ва дурнамои саноатикунонии мамлакат низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. НБО «Роғун» ҳамчун иншооти дорои аҳаммияти сарнавиштсоз барои рушди устувори кишвар ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум муаррифӣ шуд.

Ҷиҳати дигари мавзуъ ба арзиши маънавию ватандӯстонаи сохтмони НБО «Роғун» бахшида шуд. Ин иншооти бузург таҷассумгари азму иродаи устувор, ваҳдату ҳамбастагӣ ва руҳияи созандаи миллати тоҷик мебошад. Меҳнати фидокоронаи муҳандисон, сохтмончиён ва ҳамаи бунёдгарони неругоҳ нишонаи масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва наслҳои оянда буда, шоистаи арҷгузории хос аст.

Ҳамзамон, аҳаммияти ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муносибати сарфакорона ба неруи барқ ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар дар пешрафти Тоҷикистони азиз таъкид гардид. Зеро истиқлоли энергетикӣ танҳо дастоварди соҳавӣ набуда, яке аз пояҳои муҳимми истиқлоли иқтисодӣ, амнияти миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи давлат маҳсуб меёбад.

Иштироки Ҷабборов Ф.Н. дар барномаи «Суҳбати рӯз» ба шарҳу тавзеҳи аҳаммияти миллии НБО «Роғун», густариши маърифати ҷомеа доир ба масъалаҳои энергетикӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори ватандорӣ мусоидат менамояд. Роғун рамзи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ормони муштараки мардум барои фардои ободу шукуфон аст.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш

Бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи гулҳои миллӣ, тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва муаррифии гулҳои миллӣ дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ чораандешӣ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

21 октябри соли 2026

№1231

Гузаронидани аттестатсияи докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Санаи 21 октябри соли 2026 дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайналобудин, маъмурият ва мудирони шуъбаҳо аттестатсияи докторантони PhD (курси 2 ва 3) баргузор гардид.

Дар рафти аттестатсия фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии докторантон дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла раванди таълифи рисолаҳои докторӣ, иҷрои нақшаи корҳои илмӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва иштироки онҳо дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ҳаматарафа баррасӣ карда шуд.

Директори Институт, профессор Мирзозода П.З. ва аъзои комиссия ба сифати таҳқиқоти илмии докторантон эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани рисолаҳо, баланд бардоштани сатҳи илмии мақолаҳо ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амалия ба онҳо тавсияву супоришҳои мушаххас доданд.

Аттестатсия дар руҳияи муҳокимаи созандаи илмӣ гузашта, фаъолияти докторантони курси 2 ва 3 мувофиқи талаботи мавҷуда арзёбӣ гардид.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст