Skip to main content

БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ КУШОД АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ АМИТ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №63-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, 10 октябр тибқи супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, як гурӯҳ олимону муҳаққиқони варзидаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои хонандагон аз фанҳои ҳуқуқ ва математика дарсҳои кушод баргузор намуданд.

Дар доираи ин иқдоми илмӣ-маърифатӣ Мирзозода Парвон Зайналобудин, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти мазкур оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, аз фанни «Ҳуқуқ», инчунин Раҳимзода Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, аз фанни «Математика» барои хонандагони муассисаи таълимӣ дарсҳои кушод гузарониданд.

Мақсад аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши илмҳои муосир, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи насли навраси соҳибмаърифат ва таҳкими робитаи муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Зимни дарсҳои кушод олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзуъҳои таълимӣ, аҳамияти омӯзиши фанҳои ҳуқуқ ва математика, нақши донишҳои ҳуқуқӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва зарурати аз худ намудани илмҳои дақиқ дар шароити рушди босуръати илму техника ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни дарсҳои фанни «Ҳуқуқ» ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон, эҳтиром ба қонун, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва нақши донишҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, дар дарси фанни «Математика» аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқ, рушди тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлилӣ ва истифодаи донишҳои математикӣ дар ҳаёти рӯзмарра ва фаъолияти илмӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷалби олимону муҳаққиқони варзида ба раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот, ошкор намудани истеъдодҳои наврасон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои кушод бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму маориф, баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва тарбияи насли ҷавони донишманду соҳибкасб аҳамияти махсус дошта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

 

ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ. 9 октябр. Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 60-солагии фаъолияти илмӣ ва таълимии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саидумар Адинаевич бахшида шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар ҳар марҳалаи рушди давлату ҷомеа шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки бо дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, меҳнати содиқона ва масъулияти баланди касбӣ дар пешрафти илму маърифат нақши муассир мегузоранд. Дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистони соҳибистиқлол доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар Адинаевич Раҷабов аз ҷумлаи чунин олимони соҳибмактаб ва пурмаҳсул ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки фаъолияти илмӣ ва таълимии профессор С.А. Раҷабов бо ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди амиқ дорад. Ӯ ҳамчун аввалин доктори илмҳои ҳуқуқ дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар кишвар тавонист дар ташаккули самтҳои муҳими таҳқиқоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, ҳуқуқи инсон, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад.

Зикр гардид, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти профессор С.А. Раҷабов сермаҳсул будани эҷодиёти илмии ӯ мебошад. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи илмӣ зиёда аз 450 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, фарҳангҳои соҳавӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф ва нашр гардидаанд. Ин мероси илмӣ на танҳо натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайвастаи муҳаққиқ, балки заминаи назариявию методологӣ барои рушди минбаъдаи илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар идома намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор П. З. Мирзозода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М. З. Раҳимзода дар маърузаҳои хеш доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа ва саҳми профессор С. А. Раҷабов дар ташаккули мактаби илмии ҳуқуқи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. Дар ин замина, нақши осори илмӣ ва фаъолияти таълимии олим дар омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, рушди афкори ҳуқуқӣ ва омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамчунин, аҳаммияти идомаи анъанаҳои илмии ӯ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва таҳкими робитаи таҳқиқоти назариявӣ бо амалияи ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Инчунин, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор С. А. Раҷабов дар мавзуи «Ҳолат ва дурнамои рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон» маъруза намуд. Мавзуи мазкур масъалаҳои ташаккул ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар кишвар, самтҳои асосии таҳқиқоти соҳавӣ ва дурнамои омӯзиши онҳоро фаро мегирад. Дар ин замина, таҳкими заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот, омода намудани мутахассисони ҷавон ва густариши ҳамкориҳои илмӣ барои рушди минбаъдаи соҳа аҳаммияти муҳим доранд.

 

Иштирок ва суханронии НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ дар чорабинии тантанавӣ

Санаи 6 октябри соли 2026 дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ дар мавзуи "Истиқлолият ва забони давлатӣ - ду рукни ҳастии миллат" баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, докториилмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ширкат варзида, дар мавзӯи "Пешвои миллат ва ҳифзу эҳтироми забони давлатӣ" суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Дониёр Сангинзода нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифз, рушд ва эҳтироми забони давлатӣ таъкид кард. Оид ба мақому ҷойгоҳи забони модарӣ дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва зарур будани эҳтирому пок нигоҳ доштани он аз ҷониби ҳар як шаҳрванд андешаҳои муҳим баён гардиданд.

ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 5 октябри соли 2026, дар толори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва дар мавзӯи «Ҳифз ва рушди забони давлатӣ дар соҳаи илму таълим дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллӣ» маърӯзаи муфассали илмиву таҳлилӣ намуд.

Дар маърӯзаи хеш профессор Сангинзода Д.Ш. нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё, ҳифз ва рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии давлатдории миллӣ ва заминаи ҳуқуқии истифодаи он дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму таълим ва қонунгузорӣ, махсус таъкид намуд.

Қайд карда шуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ба забони илму касб, муоширати давлатӣ ва дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфта, мақоми ҳуқуқии он рӯз ба рӯз мустаҳкам мегардад.

ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ

Мувофиқи фармоиши Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 октябри соли 2026, №372/гu (дар асоси қарори Раёсати КОА аз 24 сентябри соли 2026, №10), дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба унвонҷӯи шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» — Асозода Тахмина Авғон тасдиқ гардида, дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмӣ дода шуд.

Асозода Тахмина Авғон санаи 30 июни соли 2026 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии ҳифзи сирри бонкӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳуқуқи хусусӣ» аз рӯйи ихтисоси 5.5.3. — «Ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» бо муваффақият ҳимоя намуда буд.

Роҳбари илмии таҳқиқот — мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн мебошанд.

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омилони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Асозода Тахмина Авғонро бо ин дастоварди муҳими илмиву касбӣ ва гирифтани дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ самимона муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таҳқиқотӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносии миллӣ зафарҳои нав ба нав орзу менамоянд!

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Имрӯз, 5 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ ва масъалаҳои истилоҳшиносии муосир” баргузор гардид. Дар он Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи "ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН АРЗИШИ ҲУҚУҚӢ, ЗАБОНИ ИЛМ ВА ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ" маърӯза намуданд

 

НАШРИ КИТОБИ НАВ ДАР ИНСТИТУТ: «ТАФСИРИ КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав таҳти унвони «Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нашриёти «ЭР-граф» (Душанбе, 2026, 648 саҳ.) бо роҳбарии Маҳмудзода Маҳкам – Академики АМИТ, сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институт, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумораи 1000 нусха чоп гардид.

Image removed. Ҳайати муаллифон:

• Маҳмудзода Маҳкам – Академики АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; • Худоёрзода Бахтиёр – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Ҳошимзода Даврон – Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ;

• Муқимӣ Сабоҳат – Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2.

Дар тафсири мазкур бо назардошти муқаррароти қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи он, амалияи судӣ вобаста ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ва санадҳои байналмилалӣ, моҳияти ҳуқуқӣ ва амалии меъёрҳои Кодекси меҳнат шарҳ дода шуда, фаҳмиши дурусту ягонаи пешниҳод гардидааст.

Тафсир барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, олимон, устодон, аспирантон, донишҷӯён ва ҳамаи шахсоне, ки ба соҳаи ҳуқуқи меҳнат рағбат доранд, тавсия карда мешавад.

МУЛОҚОТИ МАҶОЗИИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ УБЕРЛАНДИЯИ БРАЗИЛИЯ

Дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Уберландияи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот иштирок намуданд:

Аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ:

- Мирзозода Парвон Зайналобудин — директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

- Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

- Зоир Ҷӯрахон Маҷид — мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

- Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна — котиби илмии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ;

- Матробиён Матроб — ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Аз ҷониби Донишгоҳи Уберландияи Бразилия:

- Тиаго Палума — проректори Донишгоҳи федералии Уберландия оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ, профессор;

- Майра Суэко Мэгава Кордула — ҳамоҳангсози Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Уберландия, профессор;

- Ванесса Вилела Бербел — профессори Донишгоҳи федералии Уберландия;

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими байни ду муассисаи илмиву таълимиро баланд арзёбӣ карданд.

Дар рафти музокирот масъалаи бастани Меморандуми ҳамкорӣ байни Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ва Донишгоҳи Уберландия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ба имзо расидани чунин санад заминаи устувори ҳуқуқиву сохториро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меорад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои зерин иброз доштанд:

1. Табодули академӣ. Табодули кормандон, муҳаққиқон ва магистрону докторони PHd барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо низомҳои ҳуқуқии якдигар;

2. Фаъолияти муштараки илмӣ. Анҷом додани таҳқиқоти муштарак, таҳияи мақолаҳо ва дигар асарҳои илмиву таълимӣ;

3. Чорабиниҳои илмӣ. Баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари муштарак оид ба масъалаҳои мубрами назарияи давлат ва ҳуқуқ, рушди қонунгузорӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва мониторинги ҳуқуқӣ.

Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки музокиротро ҷиҳати таҳияи матни ниҳоии Меморандуми ҳамкорӣ ва муайян кардани самтҳои мушаххаси фаъолият идома диҳанд.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст