Skip to main content

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 12 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнамои таърих, ҳувиятофари миллат» бо тантана баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарият, олимон ва кормандони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Мақсади асосии конференсия таҳлили пурраи илмию назариявии саҳми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи истиқлолият ва эҳёи ҳувияти миллӣ иборат буд.

Иштирокчиёни конференсия дар анҷом изҳор доштанд, ки омухтани таҷрибаи давлатдорӣ ва мактаби сиёсии Пешвои миллат барои тарбияи насли ҷавони пайравони созандаи ватан ва таҳкими пайвастаи пояҳои давлатдории миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР БАРНОМАИ СИЁСӢ-ТАҲЛИЛИИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН»

Санаи 13 августи соли 2026 кормандони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Муҳаббат Саидзода ва ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институт Фатҳиддин Калонзода дар Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» иштирок намуда, дар мавзуи соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ:

- Ҳадафҳои асосии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони соли 2026 ва нақши он дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат.

- Аҳамияти корҳои ободониву созандагӣ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва мустаҳкам намудани заминаҳои соҳибихтиёрии миллӣ.

- Нақши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои афкори бегона.

- Вазифаҳои ослосии муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ намудани ин иқдоми фарогир.

Иштироки фаъоли олимони Институт дар чунин барномаҳои телевизионӣ ба тарғибу ташвиқи муассири масъалаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Санаи 12 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таҳкими Истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир» бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидид.

Дар рафти семинар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҷидзода Зоир Ҷурахон дар мавзуи «Дастовардҳои илмӣ ва рушди он дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи муфассал намуда, нақши ин муассисаро дар омода кардани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди таҳқиқоти ҳуқуқшиносӣ таъкид кард.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 11 августи соли 2026 намояндагон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи Телевизиони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавзӯи асосии баромади олимон ба арзёбии нақши тақдиргарсози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бахшида шуд.

Дар ин барнома суханронӣ намуданд:

  • Сангинзода Дониёр — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Ҷабборов Фарҳодҷон — ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Дар рафти суҳбат олимон аҳамияти таърихии соҳибистиқлолӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории муосир ва дастовардҳои илми ҳуқуқшиносиро дар давраи истиқлол амиқу фарогир шарҳу тавзеҳ доданд.

ГАРОНБАҲОТАРИН ТӮҲФА БАРОИ ХОНАИ ИЛМ: ТАҚДИМИ 300 КИТОБ БА ГАНҶИНАИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚ

1313Дар олами илму маърифат ҳеҷ асар ва ҳеҷ сармояе аз китоб боарзиштар ва мондагортар нест. Иқдомҳои хайрхоҳонаи олимоне, ки умри хешро сарфи таҳқиқу омӯзиш намудаанд, ҳамеша чароғи роҳи насли ҷавони муҳаққиқон мегардад.

Дар доираи чунин як ташаббуси ибратбахш ва маърифатпарварона, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир ба фонди китобхонаи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ 300 адад китоби арзишманди соҳавӣ тақдим намуданд.

✨ Аҳамияти ин иқдоми наҷиб:

  • Боигарии илмӣ. Китобҳои мазкур таҳқиқоти бунёдии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои нодири соҳавӣ ва асарҳои муҳими илмиро дар бар гирифта, хазинаи дониши институтро ба таври назаррас бой мегардонад.

  • Дастгирии насли ҷавон. Ин тӯҳфаи маънавӣ барои докторантон, аспирантон ва таҳқиқотчиёни ҷавон раҳнамои калидӣ ва манбаи боэътимоди таҳқиқоти нав хоҳад шуд.

  • Эҳёи суннати бузургон. Ин амали нек намунаи олии хизмати содиқона ба илми миллӣ ва тарғиби фарҳанги китобхониву китобдорӣ мебошад.

Аҳли илми ҳуқуқшиносии мамлакат, роҳбарият ва кормандони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ба устоди муҳтарам Раҳимзода М.З. барои ин таваҷҷуҳи хосса, саховати маънавӣ ва саҳми арзанда дар рушди илми ватанӣ миннатдории бепоён ва самимии хешро изҳор менамоянд!

Ба устоди арҷманд тансиҳатии бардавом, зафарҳои нав ба нави илмӣ ва барокати умр хоҳонем!

НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Дар барномаи навбатии Телевизиони Тоҷикистон оид ба мавзӯи ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз — «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» суҳбати пурмазмун баргузор гардид.

Дар ин барнома намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, паҳлуҳои муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди кишварро дар давраи 35 соли истиқлолият мавриди баррасӣ ва таҳлили илмӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни барнома:

  • Сангинзода Дониёр — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Қодирзода Тоҳир — сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ;

  • Амирхониён Малика — ходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институт.

Дар рафти суҳбат намояндагони Институт аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории ҳуқуқӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими қонуният ва рушди соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ бо далелҳои амиқи илмӣ баён намуданд.

СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИО

Санаи 3 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳодҷон Ҷабборов дар барномаи Радиои бурунмарзии «Овози Тоҷик» суханронӣ намуд. Зимни мусоҳиба бо рӯзноманигор Зулайхои Раҷаб дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди қонунгузории об, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии об маълумот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва рушди дипломатияи обӣ мавқеи намоён касб намудааст.

НАШРИ КИТОБИ НАВ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ИНСТИТУТ

123

Маҳмудзода МаҳкамШарофзода Рустам. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - омили пойдории давлатдории миллӣ. Нашри 3-юм. бо иловаҳо – Душанбе: «Дониш», 2026. – 293 с.

Нашри сеюми китоби арзишманди илмию ҳуқуқӣ бо унвони «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – омили пойдории давлатдории миллӣ» ба нашр расид. Ин асари пураҳамият, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон бахшида шудааст, ҳамчун дастури муҳим барои кормандони мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ тавсия шудааст. Муаллифони ин китоб – Маҳмудзода Маҳкам, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарофзода Рустам, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Муқарризони китоб - Ализода Зариф, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва Зоир Ҷурахон, мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор мебошанд.

Дар китоб ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳамчун самти сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ва раванди қонунгузорӣ, яъне таҷрибаи ҷамъӣ ва ватании амалӣ нишон дода шудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба аҳамияти ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди такмили қонунгузории Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дода мешавад. Нашри сеюми китоб бо давразанӣ (бознигарӣ) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст