Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули низоми мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмии мамлакат заминаҳои сифатан нав фароҳам овард. Яке аз самтҳои муҳимми ин раванд ташаккули сиёсати мустақили илмӣ ва низоми миллии омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ мебошад.
Дар шароити давлатдории соҳибистиқлол рушди устувори илм бидуни мавҷудияти низоми самараноки тайёр намудани муҳаққиқон, баҳодиҳии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва эътирофи давлатии дараҷа ва унвонҳои илмӣ имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули низоми миллии аттестатсия бояд ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлатии илмӣ ва яке аз зуҳуроти истиқлоли илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шавад.
Дар ин раванд таъсис ва фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия ё КОА) аҳаммияти махсус дорад. Комиссия тадриҷан ба яке аз ниҳодҳои калидии танзим ва таъмини сифати омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ табдил ёфтааст.
Аҳаммияти фаъолияти КОА барои илми ҳуқуқшиносӣ бештар эҳсос мегардад. Илми ҳуқуқшиносӣ бо ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, рушди қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат робитаи бевосита дорад. Аз ин рӯ, сифати омодасозии номзадҳо ва докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ на танҳо масъалаи дохилии ҷомеаи илмӣ, балки масъалаи дорои аҳаммияти давлатӣ мебошад.
Ҳадафи мақолаи мазкур муайян намудани нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, арзёбии самтҳои асосии фаъолияти он ва нишон додани таъсири низоми миллии аттестатсия ба ташаккули мактабҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Ташкили низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули фазои мустақили илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ имконият фароҳам овард, ки давлат сиёсати худро дар соҳаи омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ мустақилона амалӣ намояд.
Заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии низоми мазкур, аз ҷумла, тавассути санадҳои танзимкунандаи фаъолияти Комиссия, шуроҳои диссертатсионӣ, шуроҳои экспертӣ ва тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ ташаккул ёфтанд.
Аз нуқтаи назари назариявӣ ташкили низоми миллии аттестатсияро метавон яке аз унсурҳои истиқлоли илмии давлат арзёбӣ намуд. Мафҳуми истиқлоли илмӣ дар ин маврид қобилияти давлатро барои мустақилона муайян намудани сиёсати кадрии илмӣ, муқаррар кардани меъёрҳои сифат, ташкили экспертизаи илмӣ ва эътирофи давлатии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ифода мекунад.
Барои илми ҳуқуқшиносӣ ин раванд аҳаммияти махсус дошт. Давлати соҳибистиқлол ба олимони ҳуқуқшиносе ниёз дорад, ки масъалаҳои ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкуниро бо назардошти хусусиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон мустақилона таҳқиқ намоянд.
Ба роҳ мондани ҳимояи диссертатсияҳо дар дохили мамлакат барои рушди мактабҳои миллии ҳуқуқшиносӣ, идомаи робитаи устоду шогирд, ташаккули насли нави муҳаққиқон ва тақвияти иқтидори муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Нақши КОА-ро танҳо бо тасдиқи дараҷа ва унвонҳои илмӣ маҳдуд намудан дуруст нест. Комиссия дар низоми муосири илм вазифаи васеътар - таъмини талаботи ягона ба сифати омодасозии кадрҳои илмӣ ва фаъолияти шуроҳои диссертатсиониро иҷро менамояд. Ин вазифа тавассути таъсис ва назорати фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, экспертизаи парвандаҳои аттестатсионӣ, танзими талабот нисбат ба диссертатсия ва автореферат, муайян намудани талабот ба интишори натиҷаҳои таҳқиқот, ташкили фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва дигар механизмҳо амалӣ мегардад.
Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолияти КОА ба ташаккули муҳити ягонаи аттестатсионӣ мусоидат менамояд. Муҳаққиқ новобаста аз муассисае, ки дар он таҳқиқот анҷом медиҳад, бояд ба талаботи умумии муқарраршуда ҷавобгӯ бошад. Ин принсип барои ҳифзи эътибори дараҷаҳои илмӣ аҳаммияти калон дорад. Дараҷаи илмӣ бояд нишонаи воқеии салоҳияти илмӣ, мустақилияти фикрӣ ва қобилияти муҳаққиқ барои ҳалли масъалаҳои илмӣ бошад.
Дар рушди фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ марҳилаи солҳои охир таҳти роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин сазовори таваҷҷуҳи махсус мебошад. Дар ин марҳила фаъолияти Комиссия ҷоннок гардида, корҳои таҳлилӣ, методӣ ва пешгирикунанда тақвият ёфтаанд. Хусусияти муҳими чунин равиш дар он аст, ки фаъолияти КОА танҳо бо ошкор намудани камбудиҳо баъди анҷоми ҳимоя маҳдуд намегардад. Баръакс, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки камбудиҳо дар фаъолияти шуроҳо ва омодасозии диссертатсияҳо пешакӣ муайян ва бартараф карда шаванд.
Баргузории ҷаласаҳои корӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва мулоқотҳо бо роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, раисону котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ, олимон ва муҳаққиқон яке аз шаклҳои чунин фаъолият мебошад. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои риояи талаботи санадҳои меъёрӣ, сифати диссертатсияҳо, дурустии барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Аҳаммияти махсусро таҳлилҳои солонаи фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва самтҳои алоҳидаи илм касб мекунанд. Чунин таҳлилҳо имконият медиҳанд, ки мушкилоти низомӣ муайян гардида, роҳҳои ислоҳи онҳо пешниҳод карда шаванд.
Аз нуқтаи назари идоракунии илм чунин муносибатро метавон гузариш аз назорати пасини аттестатсионӣ ба пешгирии хавфҳои илмӣ ва аттестатсионӣ арзёбӣ намуд. Махсусан, таҳлили фаъолияти олимони соҳа, шуроҳои диссертатсионӣ ва сифати таҳқиқоти пешниҳодшаванда метавонад ба ташаккули фарҳанги нави масъулияти илмӣ мусоидат намояд. Танқиди асосноки камбудиҳои илмӣ бояд на ҳамчун муносибати манфӣ нисбат ба олим, балки ҳамчун шарти зарурии рушди дониш қабул карда шавад.
Аз ин ҷиҳат, фаъолияти таҳлилии роҳбарияти КОА метавонад барои ташаккули фарҳанги худтанқидкунии илмӣ ва масъулияти академӣ аҳаммияти назаррас дошта бошад.
Яке аз натиҷаҳои муҳимми фаъолияти КОА ташаккул ва рушди шабакаи шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Шурои диссертатсионӣ танҳо мақоми гузаронидани ҳимоя нест. Он бояд маркази экспертизаи илмӣ, мубоҳисаи академӣ ва ташаккули мактабҳои илмӣ бошад.
Дар низоми миллии аттестатсия шуроҳои диссертатсионии соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар як қатор муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии мамлакат фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи самтҳои гуногуни ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошта, таҳқиқоти назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва дигар соҳаҳои илми ҳуқуқро фаро мегиранд. Мавҷудияти чунин шуроҳо дар Донишгоҳи миллӣ боиси тақвияти мавқеи он ҳамчун яке аз марказҳои асосии омодасозии кадрҳои илмии ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шурои диссертатсионӣ дар самти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ амал менамояд. Фаъолияти он барои рушди таҳқиқоти криминалистӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шурои диссертатсионии ҳуқуқшиносӣ фаъолият намуда, дар он таҳқиқоти соҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳои дахлдор баррасӣ мегарданд.
Ҳамин тавр, ташаккули шабакаи шуроҳо имконият фароҳам овардааст, ки соҳаҳои гуногуни илми ҳуқуқ дар дохили кишвар бо кадрҳои илмӣ таъмин карда шаванд.
Дар низоми омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмии ҳуқуқшиносӣ мавқеи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон махсус мебошад. Институт ҳамчун муассисаи академии соҳавӣ яке аз марказҳои асосии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва омодасозии кадрҳои тахассуси олӣ саҳми назаррас дорад.
Дар назди Институт зиёда аз ду сол шурои диссертатсионӣ аз рӯйи самтҳои 5.5.5 - ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 5.5.10 - ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи Аврупо фаъолият намуда, барои омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ дар ин соҳаҳо заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар соли 2026 фаъолияти ин самтҳо дар шакли нав идома пайдо намуда, шурои диссертатсионӣ аз нав таъсис дода шуд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки таъсиси шуро дар Институт иқдоми якдафъаина набуда, ба мактабҳои илмӣ, таҷрибаи мавҷуда ва иқтидори кадрии муассиса такя менамояд.
Аҳаммияти фаъолияти ин шуро аз он иборат аст, ки ҳар ду самти мазкур барои рушди давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти рӯзафзун доранд. Тағйирёбии шаклҳои шуғл, рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ таҳқиқоти нави илмиро талаб мекунанд. Ҳамзамон, густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ зарурати таҳқиқоти амиқро дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти охирин, дар Институти давлат ва ҳуқуқ шурои диссертатсионии дигар низ аз рӯйи ихтисосҳои 5.5.1 - назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 5.5.2 - ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ ва 5.5.3 - ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси чунин шуро имконият медиҳад, ки дар як муассисаи академӣ самтҳои бунёдии илми ҳуқуқшиносӣ - аз назарияи умумии ҳуқуқ то ҳуқуқи хусусӣ, ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи байналмилалӣ - ба ҳам пайваст карда шаванд.
Дар ин замина мавҷудияти «Маҷаллаи академии ҳуқуқ», ки натиҷаҳои таҳқиқоти ҳуқуқшиносиро аз рӯйи самтҳои дахлдор нашр менамояд, низ аҳаммияти махсус дорад. Илова бар ин, дар Институти давлат ва ҳуқуқ маҷаллаи нав бо унвонии «Давлат ва ҳуқуқ» таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, дар Институти давлат ва ҳуқуқ робитаи се унсури асосии рушди илм - мактаби илмӣ, шурои диссертатсионӣ ва нашрияи илмии тақризшаванда - ташаккул меёбад. Ҳамоҳангии ин се унсур метавонад ба баланд шудани сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ ва омодасозии насли нави олимони ҳуқуқшинос мусоидат намояд.
Яке аз равандҳои нави мусбат васеъ гардидани ҷуғрофияи фаъолияти шуроҳои диссертатсионии ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дар ин самт таъсиси шурои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аҳаммияти махсус дорад. Ташкили чунин шуро имконият медиҳад, ки муҳаққиқони минтақаҳо барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва ҳимояи диссертатсия имконияти бештар пайдо намоянд. Ҳамзамон, ин иқдом метавонад ба ташаккули мактабҳои илмии ҳуқуқшиносӣ дар минтақаҳо мусоидат кунад. Бо вуҷуди ин, ғайримарказикунонии низоми аттестатсия набояд бо афзоиши механикии шумораи шуроҳо омехта карда шавад.
Шурои диссертатсионӣ бояд дар муассисае таъсис дода шавад, ки дар он мактаби воқеии илмӣ, шумораи кофии олимони соҳибихтисос, анъанаи таҳқиқотӣ, пойгоҳи илмӣ ва муҳити зарурии академӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат таъсиси шуро на воситаи сунъии ташкили мактаби илмӣ, балки натиҷаи табиии рушди он мегардад.
Самти дигари муҳимми фаъолияти КОА таҳлили мунтазам ва ҳисоботдиҳии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Ҳисоботи ҳарсолаи солона имкон медиҳад, ки фаъолияти шуро на танҳо аз рӯйи шумораи диссертатсияҳои ҳимояшуда, балки аз ҷиҳати риояи талаботи муқарраршуда ва сифати кори илмӣ арзёбӣ карда шавад. Аммо дар марҳилаи минбаъда ба мақсад мувофиқ аст, ки чунин таҳлил боз ҳам бештар хусусияти сифатӣ касб намояд.
Ба андешаи мо, ҳангоми арзёбии фаъолияти шуроҳои диссертатсионии ҳуқуқшиносӣ бояд нишондиҳандаҳои зерин ба назар гирифта шаванд:
- навгонии воқеии илмии диссертатсияҳои ҳимояшуда;
- сатҳи назариявӣ ва методологии таҳқиқот;
- сифати тақриз ва экспертизаи диссертатсия;
- сатҳи мубоҳисаи илмӣ дар ҷараёни ҳимоя;
- фаъолияти илмии аъзои шуро;
- риояи меъёрҳои одоби илмӣ ва асолати матн;
- татбиқи натиҷаҳои диссертатсия дар қонунгузорӣ;
- истифодаи натиҷаҳо дар амалияи судӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ;
- ташаккули мактабҳои илмӣ ва тарбияи шогирдон;
- фаъолияти минбаъдаи илмии шахсоне, ки соҳиби дараҷаи илмӣ гардидаанд.
Маҳз чунин меъёрҳо метавонанд нишон диҳанд, ки фаъолияти шурои диссертатсионӣ то кадом андоза ба рушди воқеии илм мусоидат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти КОА такмили мунтазами заминаи меъёрии ҳуқуқии аттестатсияи кадрҳои илмӣ мебошад. Дар ин соҳа Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Низомномаи шурои экспертӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва дигар санадҳои дахлдор амал менамоянд.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки санадҳои мазкур мунтазам мавриди омӯзиш ва бозбинӣ қарор мегиранд. Чунин муносибат қобили дастгирӣ мебошад, зеро муносибатҳои илмӣ низ таҳти таъсири равандҳои нави технологӣ ва иҷтимоӣ тағйир меёбанд.
Рақамикунонии фаъолияти илмӣ, рушди пойгоҳҳои электронии маълумот, низомҳои муайян намудани монандии матн, нашрияҳои электронӣ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ масъалаҳои наверо ба миён овардаанд, ки танзими дахлдори меъёриро талаб мекунанд. Махсусан, зарур аст меъёрҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳангоми таҳияи диссертатсия ва мақолаҳои илмӣ муайян карда шаванд. Зеҳни сунъӣ метавонад воситаи техникии мусоидаткунанда бошад, аммо набояд ҷойгузини фаъолияти мустақили зеҳнӣ ва эҷодии муҳаққиқ гардад.
Такмили санадҳои меъёрӣ бояд на танҳо ба талаботи техникии барасмиятдарории диссертатсия, балки ба таъмини сифати мазмунии таҳқиқот низ равона карда шавад.
Яке аз масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ баланд бардоштани талабот нисбат ба навгонии илмии диссертатсияҳо мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо навгонии илмӣ ба пешниҳод намудани тағйиру иловаҳои ҷудогона ба қонунгузорӣ маҳдуд карда мешавад. Аммо ҳар як пешниҳоди таҳрири меъёри ҳуқуқӣ наметавонад худ аз худ навгонии илмӣ ҳисобида шавад.
Навгонии воқеии илмӣ бояд бо кашфи қонуниятҳои нав, таҳияи консепсияи муаллифӣ, асоснок намудани категория ё мафҳуми нав, пешниҳоди муносибати нави методологӣ ё ҳалли илмии масъалаи дорои аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ алоқаманд бошад.
Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳимми шуроҳои диссертатсионӣ ва шуроҳои экспертии КОА бояд фарқ гузоштан байни навгонии шаклӣ ва навгонии воқеии илмӣ бошад. Ин талабот метавонад сифати таҳқиқоти ҳуқуқшиносиро ба таври назаррас баланд бардорад.
Нақши КОА дар рушди илм танҳо тавассути санадҳои маъмурӣ ва механизмҳои назоратӣ амалӣ намегардад. Фаъолияти он метавонад ба ташаккули фарҳанги нави академӣ низ таъсир расонад. Ин фарҳанг пеш аз ҳама мустақилияти фикрии муҳаққиқ, масъулияти роҳбари илмӣ ва мушовири илмӣ, риояи одоби илмӣ, дурустии иқтибосоварӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи муаллиф, мубоҳисаи озоди илмӣ ва муносибати оштинопазир ба сохтакорӣ ва асардуздиро дар бар мегирад.
Дар ин самт таҳлилҳои ошкорои фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва олимони соҳа, ки солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти КОА бештар анҷом дода мешаванд, аҳаммияти тарбиявӣ ва пешгирикунанда доранд.
Олим бояд дарк намояд, ки дараҷаи илмӣ на танҳо мақоми иҷтимоӣ, балки пеш аз ҳама масъулияти илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти олимони дорои дараҷаи илмӣ бояд на танҳо аз рӯйи шумораи мақолаҳо, балки аз рӯйи саҳми воқеии онҳо дар рушди илм, ташаккули мактабҳои илмӣ, омодасозии шогирдон ва ҳалли масъалаҳои муҳимми давлату ҷомеа арзёбӣ карда шавад.
Бо дарназардошти таҷрибаи ташаккулёфта, барои баланд бардоштани минбаъдаи нақши КОА дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ татбиқи як қатор тадбирҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Якум, экспертизаи мазмунии диссертатсияҳо бояд тақвият дода шавад. Риояи талаботи расмӣ муҳим аст, аммо он набояд ҷойгузини арзёбии аслии илмии таҳқиқот гардад.
Дуюм, масъулияти роҳбарон ва мушовирони илмӣ барои сифати диссертатсияҳои таҳти роҳбарии онҳо таҳким дода шавад.
Сеюм, таъсиси махзани ягонаи электронии диссертатсияҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда зарур мебошад. Чунин махзан на танҳо шаффофиятро таъмин мекунад, балки барои пешгирии такрори мавзуъҳо ва истифодаи ғайриқонунии натиҷаҳои таҳқиқоти қаблӣ низ мусоидат менамояд.
Чорум, мониторинги татбиқи натиҷаҳои диссертатсияҳои ҳуқуқшиносӣ дар амалия ба роҳ монда шавад. Зарур аст муайян карда шавад, ки пешниҳодҳои дар диссертатсияҳо асоснокшуда то кадом андоза дар қонунгузорӣ, фаъолияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ ва раванди таълим истифода мешаванд.
Панҷум, рушди ҳамкории байналмилалии шуроҳои диссертатсионӣ ва ҷалби олимони хориҷӣ ба экспертиза ва мубоҳисаҳои илмӣ метавонад ба баланд гардидани рақобатпазирии илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Шашум, ҳангоми таъсиси шуроҳои нави диссертатсионӣ мавҷудияти мактаби воқеии илмӣ бояд яке аз меъёрҳои асосӣ бошад.
Ҳафтум, таҳлилҳои соҳавии КОА оид ба вазъи илми ҳуқуқшиносӣ бояд идома дода шуда, натиҷаҳои онҳо бо иштироки олимони пешбари мамлакат мавриди муҳокима қарор гиранд.
Таҳлили фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ташаккули низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ яке аз дастовардҳои муҳимми даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Ба вуҷуд омадани чунин низом ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки сиёсати мустақили худро дар соҳаи омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ амалӣ намуда, талаботи ягонаи миллиро нисбат ба сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ муқаррар намояд.
Дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши КОА пеш аз ҳама дар таъсис ва танзими фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, ташкили экспертизаи илмӣ, баланд бардоштани талабот нисбат ба диссертатсияҳо, рушди низоми нашрияҳои тақризшаванда, такмили санадҳои меъёрӣ ва ташаккули фарҳанги масъулияти академӣ зоҳир мегардад.
Марҳилаи муосири фаъолияти Комиссия таҳти роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо ҷоннок гардидани фаъолияти таҳлилӣ, методӣ ва ташкилӣ фарқ мекунад. Баргузории мулоқоту семинарҳо, таҳлили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва олимони соҳа, муайян намудани камбудиҳо ва пешниҳоди роҳҳои ислоҳи онҳо, бозбинии санадҳои меъёрӣ ва таъсису азнавтаъсисдиҳии шуроҳои диссертатсионӣ нишон медиҳанд, ки фаъолияти Комиссия тадриҷан хусусияти фарогири таъмини сифати илмро касб менамояд.
Рушди шабакаи шуроҳои ҳуқуқшиносӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имкониятҳои нави омодасозии кадрҳои илмиро фароҳам овардааст.
Дар ин миён рушди шуроҳои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқ аҳаммияти махсус дорад. Фаъолияти шуро аз рӯйи ихтисосҳои 5.5.5 ва 5.5.10 ва таъсиси шурои нав аз рӯйи ихтисосҳои 5.5.1, 5.5.2 ва 5.5.3 метавонад иқтидори Институтро ҳамчун яке аз марказҳои асосии академии илми ҳуқуқшиносии мамлакат боз ҳам тақвият диҳад.
Дар баробари ин, афзоиши шумораи шуроҳои диссертатсионӣ набояд ҳамчун ҳадафи мустақил қабул карда шавад. Вазифаи стратегӣ бояд баланд бардоштани сифати фаъолияти шуроҳо ва диссертатсияҳои ҳимояшаванда бошад.
Дар марҳилаи нави рушди илми Тоҷикистон самаранокии низоми аттестатсияро на танҳо аз рӯйи шумораи диссертатсияҳои ҳимояшуда ва дараҷаҳои илмии додашуда, балки аз рӯйи таъсири натиҷаҳои илмӣ ба рушди назарияи ҳуқуқ, қонунгузорӣ, фаъолияти судӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ арзёбӣ намудан зарур аст.
Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити Истиқлоли давлатӣ аз доираи механизми одии додани дараҷаҳои илмӣ берун рафта, тадриҷан ба яке аз механизмҳои институтсионалии ташаккул ва рушди илми миллӣ табдил ёфтааст.
Барои илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии фаъолияти КОА бояд на танҳо афзоиши шумораи кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ, балки ташаккули олими соҳибмактаб, муҳаққиқи мустақил, таҳқиқоти асил ва натиҷаи илмие бошад, ки барои рушди давлат, ҷомеа, қонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши воқеӣ дорад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.