Skip to main content

Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа: Суханронии котиби илмии Институт дар телевизионИ АМИТ

Дар барномаи ҷашнии телевизиони «АМИТ» котиби илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна оид ба мавзӯи мубрами «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ номбурда қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва бунёди ҳуқуқии давлатсозӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии занону мардон заминаи устувор гузоштааст. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати бунёдкорона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, имрӯз бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок доранд.

Инчунин, дар суханронӣ ба масъалаҳои такомули қонунгузории миллӣ, дастгирии соҳибкории занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар соҳаҳои илму маориф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ба муносибати Рӯзи Конститутсия олимони Институт дар телевизиони «Сафина» суханронӣ намуданд

Санаи 28 октябри соли 2026 ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҷабов Саитумбар Адинаевич ва ходими калони илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсиони Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Матробиён Матроб дар барномаи махсуси телевизиони «Сафина» суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни суханронӣ олимон оид ба нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин пешрафти рукнҳои демократии ҷомеа андешаҳои муҳим баён намуданд. Таъкид гардид, ки Конститутсияи мазкур ҳамчун баъди таҳкурсии ҳуқуқии давлат роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян карда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Таҳкими муносибатҳои илмии Тоҷикистону Узбекистон дар партави Конференсияи байналмилалИИ ИНСТИТУТ дар Душанбе

Роҳбарият, ҳайати профессор-омӯзгорон ва кормандони илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ба суроғаи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуданд.

Дар мактуб таъкид шудааст, ки Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Арзишҳои конститутсионӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии байналмилалӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат: масъалаҳои назария ва амалия», ки ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (соли 2027) бахшида шудааст, аҳамияти бузурги илмию амалӣ дорад.

Дар паёми Донишгоҳи давлатии Самарқанд қайд гардидааст, ки ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни муассисаҳои академикии ду кишвар дар таҳкими дӯстӣ, муносибатҳои ҳамсоягӣ ва рушди тадқиқоти муштарак саҳми арзанда мегузоранд. Проректори оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд А. Ахатов ба ташкилкунандагони конфронс барору комёбӣ таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки муттаҳид сохтани иқтидори илмии ду муассиса ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Суханронии докторанти Институт дар телевизиони «Тоҷикистон»

Дар барномаи таҳлилии «Мавзӯи рӯз»-и Шабакаи Телевизиони Тоҷикистон докторанти курси сеюми (PhD)-и Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Рауфзода Комрон Қадриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти барнома Рауфзода К. Қ. дар мавзӯи «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ» баромад карда, нақши рамзҳои давлатиро дар таҳкими истиқлолият, робитаи онҳоро бо ҳувияти миллӣ ва муҳиммияти ахлоқию ҳуқуқии эҳтироми муқаддасоти миллиро шарҳу тавзеҳ дод.

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БАРГУЗОР АФТОД

Имрӯз дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии директори Институт, профессор Мирзозода П.З. ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт баргузор гардид.

Дар маҷлиси Шӯрои олимон масъалаҳои муҳими илмӣ ва ташкилӣ муҳокима ва баррасӣ карда шуданд, аз ҷумла:

  • Пешниҳод ва пешбарии номзад ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти «Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2026.

  • Муҳокима ва тасдиқи мавзӯи рисолаҳои номзадии магистрантон, унвонҷӯён, докторони анъанавӣ, докторантон аз рӯи ихтисоси PhD ва таъйини роҳбарони илмии онҳо.

  • Муҳокима ва ба чоп пешниҳод намудани асарҳои илмии кормандони Институт, ки ба нашр омода шудаанд.

  • Пешниҳоди воҳидҳои кории иловагии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ.

  • Маълумот ва ҳисоботи мудирони шуъбаҳо оид ба ҳамоишҳои илмии баргузоршуда ва давраи ҳисоботӣ.

  • Масъалаҳои ҷорӣ. Баррасии дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Институт.

Дар ниҳоят, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯрои олимон қабул карда шуданд.

БАРОМАДИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода дар Радиои Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – баёнгари арзишҳои олии демократӣ ва кафолати рушди устувори ҷомеа» суханронӣ намуд.

Дар баромади худ профессор Д. Сангинзода оид ба нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд андешаҳои илмию амалии хешро баён дошт. Инчунин дар рафти суҳбат ба масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Иштироки профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дар барномаи «Тафаккури созанда»-и Радиои Тоҷикистон

Имрӯз мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дар Радиои Тоҷикистон дар барномаи «Тафаккури созанда» суханронӣ намуд.

Баромади профессор ба мавзӯи ниҳоят муҳим ва мубрам — «Конститутсия ва давлатдории навини тоҷикон» бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва таърихӣ мавриди баррасиву шарҳи муфассал қарор гирифтанд.

Зимни суханронии хеш профессор Эмомалӣ Буризода ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд:

  • Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдорӣ. Оид ба моҳияти ҳуқуқиву таърихии Қонуни Асосӣ дар раванди эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ андешаҳои илмӣ пайгирӣ гардиданд.

  • Сарчашмаи соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқҳои инсон. Таъкид шуд, ки Конститутсияи кишвар кафили асосии озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд буда, роҳи рушди устувори ҷомеаро муайян месозад.

  • Ташаккули тафаккури созанда ва маърифати ҳуқуқӣ. Профессор оид ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳми он дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва соҳибихтиёрии кишвар сухан ронд.

Сӯҳбати радиоӣ барои шунавандагон аҳамияти калони маърифатӣ ва илмӣ дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.

Иштироки намояндаи Институт дар барномаҳои телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Конститусия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода ҷиҳати таҳкими ғояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва шарҳу тавзеҳи таърихи ташаккули рамзҳои муҳими давлатӣ дар ду шабакаи телевизионӣ суханронӣ намуд.

  • Дар Телевизиони «Синамо» дар мавзӯи «6 ноябр — Рӯзи Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Профессор Д.Ш. Сангинзода дар баромади хеш ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардад:

  • Конститутсияи соли 1994 дар марҳилаи ниҳоят ҳассосу тақдирсози миллат бо роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

  • Дар Конститутсияи кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд ва ин меъёр асоси фаъолияти мақомоти давлатиро ташкил медиҳад.

  • Дар Телевизиони «Душанбе HD» дар мавзӯи «16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Зимни баромад профессор Д.Ш. Сангинзода ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд:

  • Таҷлил аз Рӯзи Президент нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд.

  • Дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ Президенти мамлакат тавонистанд Ваҳдати миллиро барқарор сохта, сохти конститутсионӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро таъмин намоянд ва давлати тоҷиконро аз хатари нестшавӣ наҷот диҳанд.

  • Профессор оид ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва иқлим, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ карда, институти Президентро ҳамчун кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст