Skip to main content

САРФАРОЗГАРДОНИИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БО ИФТИХОРНОМА ВА СИПОСНОМА

Ба ифтихори ҷашни муқаддаси милливу давлатӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар олимони фаъоли Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) барои саҳми арзанда дар рушди илм, фаъолияти пурмаҳсули ташкиливу ҷамъиятӣ ва корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо мукофотҳои соҳавиву ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба ин муносибат мукофотҳо аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода аз ҷониби директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Парвон Мирзозода супорида шуданд.

  • Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — ба доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институт Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода барои дастовардҳои назарраси илмӣ, фаъолияти пурмаҳсул ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими илмиву ҷамъиятӣ;

  • Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — ба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, котиби илмии Институт Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва хизматҳои содиқона дар самти ташкили чорабиниҳои илмӣ;

  • Сипосномаи КИИ «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ — ба доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, тақвияти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа.

Ҳамаи ҳамкоронро бо ин мукофотҳои шарафёб самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти илмиву эҷодии ояндаашон муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорем!

ИШТИРОКИ ОЛИМИ ИНСТИТУТ ДАР БАРНОМАИ МУСТАҚИМИ «ТАФАККУРИ СОЗАНДА»-И РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 14 сентябри соли 2026 мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дар барномаи мустақими «Тафаккури созанда»-и Радиои Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар рафти барнома, ки аз соати 13:10 то 14:00 пахш гардид, мавзӯъҳои муҳими зерин мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд:

  • Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносӣ. Таърихи ташаккули андешаҳои истиқлолхоҳӣ, нақши зиёиёну мутафаккирони миллат дар расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва таҳкими худшиносиву ахлоқи ҷомеа.

  • Тарбияи ватандӯстии ҷавонон. Аҳамияти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсиву фарҳангӣ ва ба воя расонидани шахсиятҳои соҳибмаърифату барои ҷомеа зарурӣ.

  • Ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ, таъсири онҳо ба насли ҷавон, инчунин роҳҳо ва механизмҳои пешгирии ҷавонон аз рафторҳои ношоям ва таъсири омилҳои халалдоркунанда.

Дар анҷоми суҳбат профессор Буризода Э.Б. як силсила тавсияҳои муфид ва созанда пешниҳод намуданд, аз ҷумла:

  • Ҷалби фаъоли наврасону ҷавонон ба маҳфилҳои омӯзишӣ, варзишӣ ва корҳои кишваршиносӣ;

  • Ба таври мунтазам ба роҳ мондани шиносоии ҷавонон бо таъриху ҷуғрофияи маҳал;

  • Ба барномаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ворид намудани омӯзиши фанни геополитика бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсии насли наврас.

ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 14 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Душанбе қалби Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имрӯз барои мо аҳли илм, зиёиён ва дар маҷмуъ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи муҳимму хотирмон ва фараҳбахш мебошад. Зеро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифат ва худшиносӣ нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги пойтахти азизамон, арҷгузорӣ ба роҳи тайкардаи шаҳри Душанбе ва як қадами муҳим дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад. Шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад ва он маркази сиёсӣ, роҳбарии кишвар, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа рушд намуд. Симои пойтахт куллан дигаргун гардид, инфрасохтори муосир бунёд шуд, хиёбону кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр ба таври назаррас ободу зебо шуданд.

Бояд гуфт, ки саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахти кишвари азизамон хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии муҳтарам раис корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт вусъати тоза гирифта, барои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон, сабзу хуррам гардонидани шаҳр, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Дар идомаи конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, Муҳамммад Абдураҳмон - доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, Қурбонова Ширин - доктори илмҳои таърих оид ба корнамоиҳову ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози ақида намуданд.

Дар охир конфронс бо шеърхонии шоирон Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, Дониёр Сангинзода ва кормандони академияву докторантону аспирантони академия дар васфи шаҳри Душанбе ва бо супоридани ифтихорномаҳо ба анҷом расонида шуд.

Иштирок дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 09.09.2026

9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд.

“Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад.

Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад.

“Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд.

https://president.tj/event/news/57091

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА ИФТИХОРИИ АҲЛИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ: САРФАРОЗИИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

8 сентябри соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуда, ба олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар рушди илми миллӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар изҳори сипос намуд. Зимни чорабинӣ ба 25 нафар олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо ботантана супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, дар арафаи ин ҷашни муқаддас 50 нафар олимони АМИТ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд, ки қисми зиёди онҳо мукофотҳоро бевосита аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии бузурги аҳли заҳмати Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ аст, ки дар миёни сазоворшудагон 3 нафар олимони барҷастаи институт қарор доранд:

  • Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор — бо медали «Хизмати шоиста»;

  • Раҷабов Саидумар Одинаевич — мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор — бо медали «Хизмати шоиста»;

  • Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна — котиби илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ — бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ҳамкоронро барои сарфароз шудан ба мукофотҳои давлатӣ табрик намуда, ба онҳо дар роҳи рушди илми ҳуқуқшиносӣ, таҳкими давлатдорӣ ва дастовардҳои нав ба нави илмиву таълимӣ муваффақиятҳои беназир таманно доранд!

Баромади намояндаи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар барномаи идонаи «Нусрати истиқлол»-и Радиои Тоҷикистон

7 сентябри соли 2026 ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷабборов Ф.Н. дар барномаи идонаи «Нусрати истиқлол»-и Радиои Тоҷикистон, ки дар пахши мустақим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ровиёни барнома Фазилати Иброҳим, Идигули Раҷаб, Каримова Гулистон ва Саидмуроди Хоҷазод буданд. Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими марбут ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагиҳои кишвар, нақш ва имкониятҳои ҷавонон дар рушди ҷомеа, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баромад таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон заминаи устувори рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

 

ХУШХАБАР: Дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Шурои навбатии диссертатсионӣ таъсис дода шуд

Ба таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии кишвар ва тадқиқотчиёну пажӯҳишгарони соҳаи ҳуқуқшиносӣ расонида мешавад, ки мувофиқи Фармоиши Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 сентябри соли 2026, № 338/шд дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд.

Маълумоти асосӣ дар бораи Шуро:

  • Рамзи шуро: 6D.KOA-145

  • Муҳлати фаъолият: 2 (ду) сол

  • Асос: Қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2026, № 9.

Ваколатҳо ва ихтисосҳои илмӣ:

Шурои диссертатсионии навтаъсис ваколати баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба уҳда дорад:

  • Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ:

-6D030101 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат;

-6D030102 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ (давлатӣ);

-6D030103 – Ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.

  • Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 5.5. Ҳуқуқшиносӣ:
    -5.5.1 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат;

-5.5.2 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ (маҳаллӣ);

-5.5.3 – Ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.

Роҳбарият ва ҳайати Шурои диссертатсионӣ:

Ҳайати шуро аз зубдаи олимону донишмандони шинохтаи соҳаи ҳуқуқшиносии кишвар иборат мебошад:

  • Раиси шуро: Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Муовини раиси шуро: Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Котиби илмии шуро: Матробиён Матроб Хуррам – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Аъзои Шуро: Буризода Эмомалӣ Бозор, Қодирзода Тоҳир Қамар, Одиназода Рамазон Сафар, Раҳмон Дилшод Сафарбек, Назарзода Носир Ҷобир, Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович, Яқубзода Сабоҳат Нарзулло, Мирализода Исфандиёр Қарахон, Гадоев Бурҳониддин Саймудинович, Мирзозода Парвон Зайналобиддин, Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, Раҳимзода Маҳмад Забир, Абдуҷалилов Абдуҷаббор ( ҳамагӣ докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорон).

Таъсиси ин Шурои диссертатсионӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ, омода кардани кадрҳои илмию педагогии дорои ихтисоси баланд ва тақвияти пажӯҳишҳои фундаменталии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

ИЛМ, ЗАҲМАТ ВА ЭЪТИБОР: АКАДЕМИК МАҲМУДЗОДА МАҲКАМ АЗАМ БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ «35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» САРФАРОЗ ГАРДИДАНД!

Аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам — академики АМИТ, сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессоро бо мукофоти олии давлатӣ — Медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод мегӯянд!

Ба Шумо, устоди гиромӣ, тансиҳатии бардавом, умри дарози пурбаракат, рӯзгори ором ва дар ҷодаи рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар муваффақиятҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баландтарро таманно дорем!

Ҷоизаи давлатӣ муборак бошад!

Бо эҳтиром ва самимияти бепоён,

аҳли коллективи Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст